Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Файзканд" дар давраи аввали мусобиқаи лигаи якум


Бо бозиҳои даври сездаҳуми лигаи якуми футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 21-22-юми июл баргузор шуданд, давраи аввали мусобиқа ба поён расид.

Бозии марказии даври сездаҳум миёни муддаиёни медалҳо - «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ - бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Боз ду бозии дигар мусовӣ шуд: «Шоҳмансур»-и Душанбе - «Саройкамар»-и Панҷ – 1:1, «Барқчӣ»-и Ҳисор - «Парвоз»-и Фурудгоҳи Хуҷанд – 2:2.

Инчунин «Ваҳдат»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ бар «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун бо ҳисоби 4:1 ва «Ҳулбук»-и Восеъ дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа «Файзканд», ки дар 12 бозӣ 28 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. Зимнан, “Файзканд” ягона дастест, ки бохт надорад. «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо 26 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. «Душанбе-83» бо 23 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 15-16-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Даври 13-ум

«Дӯстӣ» – «Ваҳдат» – 1:4

Голҳо: Фаридун Нарзуллоев, 13 (0:1). Фаридун Нарзуллоев, 16 (0:2). Сиёвуш Бачамардов, 87 (0:3). Маҳмаднабӣ Назаров, 89 (1:3). Муҳаммад Лутфуллозода, 90+2 (1:4).

21 июл. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

«Ҳулбук» – «Равшан» – 2:1

Голҳо: Тоҳири Баҳром, 42 (0:1). Насим Маҳмадқулов, 79 (1:1). Аваз Қамчинов, 89 (2:1).

21 июл. Восеъ. Варзишгоҳи ба номи Исмоил Тешаев. 5000 тамошобин.

«Шоҳмансур» – «Саройкамар» – 1:1

Голҳо: Анушервони Қобилҷон, 12 (1:0). Маҳмадрасул Одинаев, 32 (1:1).

21 июл. Душанбе. Варзишгоҳи «Локомотив». 100 тамошобин.

«Душанбе-83» – «Файзканд» – 0:0

21 июл. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 500 тамошобин.

«Барқчӣ» – «Парвоз» – 2:2

Голҳо: Нодир Мамиров, 11 (0:1). Вайсиддин Сафаров, 14 (0:2). Тоҳир Маладӯстов, 45 (1:2). Тоҳир Маладӯстов, 90+2 (2:2).

22 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Файзканд» (Восеъ)

12

8

4

0

22-9

28

2

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

12

8

2

2

33-10

26

3

«Душанбе-83» (Душанбе)

12

6

5

1

22-9

23

4

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)

13

6

4

3

27-15

22

5

«Равшан» (Кӯлоб)

13

6

3

4

28-17

21

6

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

13

6

3

4

18-13

21

7

«Ҳулбук» (Восеъ)

13

6

2

5

27-22

20

8

«Эсхата» (Хуҷанд)

12

6

2

4

24-24

20

9

«Саройкамар» (Панҷ)

13

5

4

4

17-14

19

10

«Барқчӣ» (Ҳисор)

11

4

3

4

22-20

15

11

«Зарафшон» (Панҷакент)

12

3

2

7

14-32

11

12

«Исфара» (Исфара)

12

2

1

9

9-21

7

13

«Шоҳмансур» (Душанбе)

13

1

3

9

18-52

6

14

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

13

1

0

12

15-38

3

Нишонзанҳо: Тоҳир Маладӯстов («Барқчӣ») – 15 тӯб, Ҷӯрабой Исоев («Эсхата»), Насим Маҳмадқулов («Ҳулбук»), Далер Чолов («Равшан») 9-тӯбӣ, Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»), Муҳсин Мадуллоев («Файзканд»), Азизбек Ҳасанов («Локомотив-Помир») 8-тӯбӣ.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 11-ум

25 июл (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Барқчӣ» – «Душанбе-83»

Бозии мавқуфгузоштаи даври 12-ум

28 июл (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Файзканд» – «Барқчӣ»

Даври 14-ум

15 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Ваҳдат» – «Дӯстӣ»

Зарафшон» – «Эсхата»

«Равшан» – «Ҳулбук»

16 август (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Локомотив-Помир» – «Исфара»

«Саройкамар» – «Шоҳмансур»

«Парвоз» – «Барқчӣ»

«Файзканд» – «Душанбе-83»

XS
SM
MD
LG