Дар чанд ҷумла
177 ҳазор сомонӣ қарзи Толиб Айёмбеков боқӣ мондааст
Толиб Айёмбеков, ки қаблан мақомот ӯро "аз саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Хоруғ" ном бурда буданд, аз "Амонатбонк" 177 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.
Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" 23-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, Ёдгор Мамадасламов, яке аз афроди таъсиргузор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҳанӯз соли 2008-ум аз ин бонк 350 ҳазор сомонӣ гирифта буд, қарзҳояшро пурра дар назди бонк пардохт карда, аммо қарзи дигар Толиб Айёмбеков боқӣ мондааст.
Раиси "Амонатбонк" афзуд, худи Толиб Айёмбеков ва падари ӯ аз ин қарз огоҳ ҳастанд ва барои пардохти он саркашӣ низ намекунанд. "Агар онҳо имконият пайдо кунанд, қарзро пардохт мекунанд. Айёмбеков як тарабхонае дорад, ки 800 ҳазор сомонӣ арзиш дорад ва дар гарави бонк аст",-гуфт раиси "Амонатбонк".
Ин дар ҳолест, ки Руҳулло Ҳакимзода, раиси собиқи "Амонатбонк" ду соли пеш гуфта буд, ҳарчанд амволи Толиб Айёмбеков ба фурӯш гузошта шуд, аммо то ба ҳол харидоре пайдо накардааст. Дар соли 2015 Толиб Айёмбеков муваззаф шуда буд, ки то охири ҳамон сол боқимондаи қарзҳояшро ба "Амонатбонк" баргардонад, вагарна бонк амволи багаравмондаи ӯро ба фурӯш мегузорад. Толиб Айёмбеков ҳамроҳи писараш соли 2010 аз "Амонатбонк" 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буданд.
Дар соли 2013 мақомоти "Амонтабонк" гуфта буданд, ки қарзи собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшонро тариқи додситонӣ меситонад.
Номи Айёмбеков дар пайи куштори генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати амнияти Бадахшон дар тобистони соли 2012 расонаӣ шуд ва мақомот дар аввал ӯро дар ин қазия муттаҳам карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2012 дар ҷараёни сафараш ба Бадахшон гуфта буд, ки Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов қарзашонро ба "Амонатбонк" баргардонанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Порлумони Тоҷикистон қонуни афвро баррасӣ кард
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 16-уми июн қонуни афвро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон бе овардани ҷузъиёт гуфт, лоиҳаи қонун “Дар бораи авф” баррасӣ ва "қарори дахлдор қабул карда шуд".
Қонуни афвро барои вакилон Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Тафсилот маълум нест.
Дар гузашта қонуни афв баъд аз тасдиқи Маҷлиси намояндагон нашр шудааст.
Пештар манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қонуни афви маҳбусон бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул мешавад.
Сафорат: боздошти навраси 16-соларо дар Русия пайгирӣ дорем
Сафорати Тоҷикистон боздошти шаҳрванди 16-солаи кишварро дар Русия бо иттиҳоми куштор пайгирӣ дорад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ навишт, "Хадамоти консулии сафорат бо мақомоти Русия тамоси мустақим дошта, ҷараёни тафтишотро пайгирӣ менамояд".
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтанд, тафтиши ҳодиса идома дорад ва баъд аз гирифтани маълумоти иловагӣ расонаҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт.
Рӯзи 11-уми июн Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми куштаву захмӣ кардани як падару писар хабар дод. Расонаҳо навиштанд, ҳамлавар 16-сола ва зодаи Тоҷикистон аст.
Назари наздикони наврас ба қазия ва ҳамин тавр ангезаи ӯ барои ин кор маълум нест.
Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят дар Русия дастгир шудаанд. Пайвандони баъзе аз муҳоҷирон ба бегуноҳии наздиконашон пойфишорӣ кардаанд.
Шикояти як намояндаи "Гурӯҳи 24" аз фишори мақомот ба падараш
Як узви "Гурӯҳи 24", созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, мақомот дар ноҳияи Вахш фишорро ба падару модараш зиёд кардаанд, то ӯ ва амакҳояш – Ҳасан ва Ҳусейн Ашӯровҳо – танқиди ҳукуматро бас карда, аз хориҷа баргарданд. Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнуъст.
Исломиддин Ашӯров аз соли 2016 дар Аврупо қарор дорад. Амакаш, Ҳусейн Ашӯров, муовини раиси Кумитаи иҷроия ва ҳамзамон масъули бахши равобити хориҷии “Гурӯҳи-24” аст.
“Барои бозгаштани мо ба Тоҷикистон ба падарам фишор овардаанд. Панҷ сол пеш низ маҷбур карда буданд. Падарам он вақт дар як видео ба амакҳоям гуфта буд, ки ба Исломиддин роҳи нодуруст нишон надиҳед ва монед, ба Тоҷикистон баргардад. Вале мо хуб медонем, ки агар баргардем, моро ҷазои сангин медиҳанд,” – гуфт Исломиддин Ашӯров рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Вай афзуд, нисбат ба ӯ ва ду амакаш дар Тоҷикистон бо гумони “тундгароӣ бо истифода аз расонаҳо ва интернет” парванда боз шуда, аксҳояшон дар қатори шахсони мавриди ҷустуҷӯ дар ноҳияи Вахш қарор дода шудааст.
Ҳусейн Ашӯров дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба худкомагӣ ва фишор ба фаъолону маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ, динӣ ва баён танқид мекунад.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи мақомот то ин дам имконпазир набуд.
"Гурӯҳи 24" соли 2012 дар Русия таъсис ёфта, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд.
То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.
Баъди имзои Путин муҳлати ташхиси муҳоҷирон кам шуд
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷирон кам карда мешавад. Санад дар махзани қонунгузории Русия нашр шудааст.
Бар асоси ин қонун, муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷирон аз 90 ба 30 рӯз кам карда мешавад.
Муҳоҷирон то ин вақт баъди ворид шудан ба Русия вазифадор буданд то 90 рӯз аз муоинаи ҳатмии пизишкон гузаранд, то маълум шавад, ки гирифтори бемориҳои хатарнок нестанд.
Аммо тибқи қонуни нав, муҳлати гузаштан аз ташхиси тиббӣ то 30 рӯз муқаррар шуд. Натиҷаи ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур аст.
Ин қоида аз 1-уми сентябри имсол иҷроӣ мешавад.
Қонуни нав ҳамчунин барои саркашӣ аз супоридани ташхиси ҳатмӣ аз 25 то 50 ҳазор рубл ҷарима ва ихроҷ аз Русияро пешбинӣ кардааст.
Ғайр аз ин, барои сохтакорӣ ва фурӯши маълумотномаҳои қалбакӣ то 1 миллион рубл ҷарима ва ё то чор сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, минбаъд ҳангоми ворид шудан ба Русия талаботи нав дар бораи гузаштан аз ташхиси ҳатмиро риоя кунанд.
Сафари Трамп ба Фаронса барои ширкат дар нишасти Гурӯҳи 7
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нимаи дувуми рӯзи 15 июн барои ширкат дар нишасти раҳбарони ҳафт кишвари саноатии дунё маъруф ба G 7, вориди шаҳри Женева шуд ва сипас ба шаҳри Эвиан-ле-Бен дар Фаронса рафт, ки ҷаласа онҷо баргузор мешавад.
Нишасти раҳбарони Гурӯҳи 7 имсол билофосила пас аз эълони созиши сулҳ байни Эрон ва Амрико барои поёни ҷанг, доир мешавад. Интизор меравад, ки ин мавзуъ меҳвари аслии гуфтугӯи раҳбарони кишварҳои узв бошад.
Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Канада, Италия ва Ҷопон кишварҳои узви Гурӯҳи 7 ҳастанд.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ки мизбони ин давра аз нишасти раҳбарон аст, рӯзи 15 июн дар пайи эълони созиши сулҳи Амрико ва Эрон гуфт, ки дар нишасти Гурӯҳи 7, "паёмадҳо"-и созиш бо Эрон аз назари таъсири он ба Лубнон, бозкушоии пойдори тангаи Ҳурмуз ва барномаи мушакии Эрон, баррасӣ хоҳад шуд.
Илова бар масъалаи Эрон ва ҷанг дар Ховари Миёна, интизор меравад ҷанг дар Украина ҳам аз мавзӯъҳои дигари мавриди баҳси нишасти имсоли Гурӯҳи 7 бошад. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина қарор аст рӯзи сешанбе дар нишаст иштирок кунад.
Бритониё дастрасии кӯдаконро ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё рӯзи 15 июн эълон кард, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои афроди то 16-сола дар ин кишвар манъ хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, ки ин шабакаҳо кӯдакон ва навҷавононро дар рӯбарӯи мӯҳтавои "хатарнок" қарор медиҳанд, ки "хатарнок" аст ва "барои мӯътод кардан тарроҳӣ шудаанд".
Тибқи эълони ҳукумати Бритониё, ин мамнуият шомили платформаҳое чун Снапчат, Тикток, Ютуб, Инстаграм, Фейсбук ва Х мешавад, аммо шомили хадамоти паёмрасон монанди Вотсапп намешавад.
Ин тасмим аз сӯи бархе ниҳодҳои хайрияи ҳомии кӯдакон истиқбол шуд, аммо бархе фаъолони дигар ҳушдор доданд, ки чунин тасмим метавонад наврасонро дар фазои онлайнӣ камтар эмин нигаҳ дорад.
Нахуствазири Бритониё гуфт, ин мамуният зери таъсири таҷрибаи Австралия анҷом мешавад, ки дар моҳи декабри соли гузашта аввалин кишваре буд, ки дастрасии афроди зери 16-сола ба шабакаҳои иҷтимоиро манъ кард.
Кейр Стармер ибрози умедворӣ кардааст, ки оинномаи манъи истифодаи кӯдакон ва навҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ то охири декабри соли ҷорӣ қабул шавад ва дар моҳҳои аввали соли оянда ба иҷро дарояд.
Канада ҳам ахиран истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои шахсони то 16-соларо манъ кард.
Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина 9 кас кушта шудааст
Шаби 15-уми июн дар ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Калисои зери ҳимояи ЮНЕСКО дар Киев низ ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Игор Клименко, вазири корҳои дохилии Украина, гуфт, панҷ маъмури наҷот дар вақти хомӯш кардани сӯхтор дар Харков ҳадафи ҳамлаи артиши Русия қарор гирифта, кушта шуданд. Дар инҷо ҳамчунин панҷ тани дигар захм бардоштанд.
Мақомоти Украина гуфтанд, дар пайи зарбаи нерӯҳои Русия ба осорхонаи рассомии вилояти Харков шаш нафар, аз ҷумла як хурдсол захмӣ шудаанд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев низ гуфт, ҳамлаҳои густурдаи Русия боис ба сӯхтор дар тақрибан ҳама гӯшаҳои пойтахти Украина шуд. Аз кушта шудани чор нафар ва захмӣ гардидани 23 тани дигар дар шаҳри Киев гузориш шудааст.
Дар айни ҳол Украина низ ҳамла ба иншооти энергетикӣ, аз ҷумла корхонаҳои нафти Русияро давом медиҳад. Киев мегӯяд, ин корхонаҳо сарчашмаи маблағгузории ҷанг алайҳи Украина ҳастанд.
Гуфтугӯи Трамп бо роҳбарони Русия ва Украина
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рӯзи зодрӯзаш бо роҳбарони Украина ва Русия телефонӣ гап задааст. Трамп рӯзи 14-уми июн 80-сола шуд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина суҳбат бо Трампро "ҷолиб" номид ва афзуд, "бисёр масъалаҳои калидиро" баррасӣ кардаанд.
Дар бораи суҳбати Доналд Трамп бо Владимир Путин ёвари раиси ҷумҳури Русия Юрий Ушаков хабар дод. Ин суҳбат қариб як соат идома кардааст.
Ба қавли Ушаков, ду тараф дар бораи сафари қарибулвуқуи фиристодаи вижаи президенти Амрико ба Маскав тавофуқ кардаанд.
Ба гуфтаи ёвараш, Владимир Путин гуфтааст, ҳамлаҳои Украина ба зерсохтҳои Русия ба раванди ҷанг таъсир намерасонанд.
Худи Трамп дар бораи суҳбаташ бо роҳбарони Русия ва Украина чизе нагуфтааст.
Афсари собиқи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст
Ҷасад ё пайкари як сарҳанг (полковник)-и собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуда буд, дар ноҳияи Восеъ дафн кардаанд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, маросими дафни Маҳмадҷон Бозоров, машҳур бо лақаби "Маҳмади Вандам", рӯзи 15-уми июн дар деҳаи Восеъободи калон баргузор шуд.
Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд номашон навишта шавад, тобути Маҳмадҷон Бозоровро як рӯз пеш аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Маҳмадҷон Бозоров аз ҷониби Русия дар Украина меҷангид ва дар аввали соли 2025 нопадид шуда буд.
Ӯ то соли 2005 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард.
Ба қавли пайвандонаш, Маҳмадҷон Бозоров ҳафт сол пеш бо ҳафт фарзанд ба Русия кӯчида, шаҳрвандии ин кишварро гирифт ва дар онҷо ба фаъолиятҳои низомӣ идома дод.
То кунун хабари нопадид, асир афтодан ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ гардидааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буданд, ки дар ҷанги Украина ширкат накунанд, вале то кунун касеро ҷазо надодаанд ё ҳадди ақал расонаӣ накардаанд.
Навор дар Инстаграм:
Ғарқ шудани ду ҷавон дар Зафаробод
Дар се рӯзи ахир ду наврас дар Тоҷикистон ғарқ шуда, се каси дигарро наҷот додаанд.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзҳои 12 ва 13-уми июн, ду навраси 16-сола дар канал ё наҳри "Мирҷӯи-1"-и ноҳияи Зафаробод ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҷасади онҳоро аз об бароварда, ба наздикошон додаанд.
Манбаъ мегӯяд, рӯзи 13-уми июн се нафарро, ки дар миёни об дармонда буданд, аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.
Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, ин се нафар, ки 36 ва 37-сола будаанд, ҳангоми истироҳат дар соҳили дарёи Вахш "дар муҳосираи об" мондаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри ин ду хабар аз сокинон даъват кардааст, ки қоидаҳои оббозиро риоя карда, дар ҷойҳои манъшуда шиноварӣ накунанд.
Ҳамасола дар рӯзҳои гарм ва ҳангоми оббозӣ дар соҳили кӯл ё дарёҳо сокинон ҷони худро аз даст медиҳанд.
Илон Маск аввалин триллионери ҷаҳон шуд
Бозори саҳҳоми Wall Street рӯзи ҷумъа шоҳиди ҳодисаи таърихӣ шуд. Илон Маск рӯзи 12 июн пас аз онки саҳмияҳои ширкаташ SpaceX дар нахустин рӯзи пешниҳоди умумии аввалия дар бозор 30 дарсад афзоиш ёфт, нахустин триллионери ҷаҳон шуд.
SpaceX 6,555 миллион саҳми худро ба қимати 135 доллар барои ҳар саҳм пешниҳод кардааст. Арзиши ин ширкат дар замони вуруд ба бозор ҳудуди 1,77 триллион доллар бароварда мешавад.
Маск пеш аз пешниҳоди умумии саҳмияҳои SpaceX, бо сарвати ҳудуди 696 миллиард доллар, сарватмандтарин фарди ҷаҳон буд. Ӯ 62 дарсад саҳми SpaceX-ро дар ихтиёр дорад. Коршиносон арзиши ин саҳмро байни 743 то 866,5 миллиард доллар бароварда мекунанд.
SpaceX ки фаъолияти худро соли 2002 ҳамчун як ширкати фазоӣ оғоз карда буд, акнун ба яке аз бозигарони аслӣ дар арсаи фановариҳои моҳвораӣ ва ҳушӣ маснуӣ табдил шудааст.
Коршиносон ба ин боваранд, ки ин пешниҳоди аввалия метавонад заминасози вуруди дигар ширкатҳои калони ҳуши маснуӣ ба бозори саҳҳом дар моҳҳои оянда бошад.
Илон Маск (зодаи соли 1971 дар Африқои Ҷанубӣ) соҳибкор ва аз сарватмандтарин афроди ҷаҳон аст, ки бештар ҳамчунин мудири ширкатҳои калон, монанди "Тесла", SpaceX ва шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери пешин), шинохта мешавад.
Ҳушдори Исроил ба сокинони 20 шаҳру деҳа дар ҷануби Лубнон
Артиши Исроил рӯзи 13 июн бо вуҷуди оташбас дар ҷанг бо "Ҳизбуллоҳ", аз ҳамлаҳои қарибулвуқӯъ ба ҷануби Лубнон ҳушдор дод ва ба сокинони 20 шаҳр ва деҳа дар наздикии шаҳри Набтия гуфт, ки ин минтақаҳоро холӣ кунанд.
Артиши Исроил эълон кард, ин ҳушдор дар пайи нақзи оташбас аз сӯи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон содир шудааст.
Сухангӯи арабзабони артиши Исроил дар матне дар шабакаи Х навишт, "барои амнияти худ, бояд фавран хонаҳои худро холӣ карда, ба шимоли дарёи Заҳронӣ раванд".
Ӯ афзуд, "ҳар касе, ки дар наздикии иншоот ё таҷҳизоти ҷангии "Ҳизбуллоҳ" бошад, ҷони худро ба хатар меандозад". Ин сухангӯи артиши Исроил гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро ба нақзи оташбас муттаҳам кард.
Исроил ва Эрон рӯзи 8 июн пас аз дархости Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои қатъи даргирӣ, ҳамлаҳои мустақим ба якдигарро мутаваққиф карданд.
Аммо Теҳрон эълон кард, агар Исроил ба ҳамла ба муттаҳидонаш, ниманизомиёни "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон идома диҳад, дигарбора ҳамлаҳоро оғоз мекунад.
Манъи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар идораҳои Толибон
Мулло Ҳайбатулло, раҳбари ҳукумати Толибон дастури манъи истифода аз телефонҳои ҳушманд дар ҳама идораҳои низомӣ ва ғайринизомии давлатии Афғонистонро додааст.
Ин мавзӯъро масъулини ҳукумати Толибон дар чандин вилояти Афғонистон дар гуфтугӯ бо бахши афғонистонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, ин дастур ба таври шифоҳӣ ба онҳо расонида шудааст.
Як мақоми Толибон дар вилояти Бадахшон, ки бинобар ҳассосияти мавзӯъ нахост номаш дар гузориш зикр шавад, рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "як дастури шифоҳӣ вуҷуд дорад, ки давоми соатҳои корӣ аз телефонҳои ҳушманд истифода нашавад".
Дар вилоятҳои Ғазнӣ, Ҳилманд ва Нангарҳор низ мақомҳои маҳаллии ҳукумати Толибон ба шарти ифшо нашудани ном ва садояшон ин мавзӯъро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дастури Мулло Ҳайбатуллоҳ дар бархе минтақаҳо се рӯз пеш ва дар бархе вилоятҳо ҳудуди як ҳафта пеш ба онҳо расидааст.
Чанд рӯз пеш наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он бархе афроди Толибон телефонҳои ҳушмандро мешикананд.
Ҳамчунин бархе расонаҳои дохилии Афғонистон паёми садоиеро нашр карданд, ки ба яке аз мақомҳои Толибон нисбат дода мешавад. Ӯ дар ин навор аз нишасти Мулло Ҳайбатулло бо масъулони низомии ин кишвар суҳбат мекунад.
Дар ин паём иддао шудааст, ки раҳбари Толибон ба ҳамаи идораҳои низомӣ ва давлатӣ дастур додааст, ки телефонҳои ҳамроҳ ҷамъоварӣ ва шикаста шаванд.
Радиои Озодӣ натавонистааст ин иддаоро ба таври мустақилона тасдиқ кунад.
Дар муқобил, шуморе аз масъулини ҳукумати Толибон дар Кобул дар паёмҳои хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки то кунун чунин дастуре ба онҳо нарасидааст ва дар бораи видеоҳои нашршуда хабаре надоранд.
"ИМА ва Эрон матни ниҳоии созиши сулҳро пазируфтанд"
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон рӯзи 12 июн эълон кард, ки матни ниҳоии созиши сулҳ миёни Эрон ва Амрико мавриди қабули ҳар ду тараф қарор гирифтааст.
Ӯ дар паёме дар шабакаи Х навишт, "метавонем тасдиқ кунем, ки матни ниҳоӣ ва мавриди тавофуқ барои сулҳ, ҳосил шудааст ва Покистон акнун аз наздик бо ҳар ду тараф ҳамкорӣ мекунад, то марҳилаи баъдӣ ниҳоӣ шавад".
Покистон дар моҳҳои гузашта нақши миёнҷӣ байни Теҳрон ва Вашингтонро бар ӯҳда дошт ва як даври музокироти ҳузурӣ байни ҷонибҳо низ дар Исломобод баргузор шуд. Ӯ афзуд, "сулҳ ҳаргиз то ин надоза наздик набудааст".
Шаҳбоз Шариф ҳамчунин гуфт, "дар авҷи талошҳои давомдори Покистон барои миёнҷигарӣ, мо комилан аз маъракаи беисти нашри маълумоти нодуруст, ки аз сӯи касоне роҳандозӣ шуда буд, ки мехоҳанд созиши сулҳро халалдор кунанд, огоҳ ҳастем".
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 12 июн таъкид кард, ки созиш бо Амрико барои поён додан ба ҷанг дар Ховари Миёна ҳаргиз то ин андоза наздик набудааст.
Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико Теҳронро ба музокира бо ниятҳои бад муттаҳам кард ва гуфт, нуқтаҳои матраҳшуда дар расонаҳо дар бораи мӯҳтавои созиш нодуруст аст.
Трамп: Он чизе, ки Эрон дар бораи созиш фош кард, воқеият надорад
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, он чизе, ки аз сӯйи Эрон дар бораи тавофуқи эҳтимолӣ байни Ҷумҳурии Исломӣ ва Иёлоти Муттаҳида ба расонаҳо роҳ ёфтааст, дуруст нест.
Баъзе аз расонаҳои эронӣ ва амрикоӣ тайи соатҳои гузашта бахшҳое аз муҳтавои тавофуқи эҳтимолӣ байни Эрону Амрикоро нашр карданд.
ИРНА, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ, иддао кард, ки тафоҳум миёни ҷонибҳо шомили парвандаи ҳастаии Эрон намешавад ва қарор аст дар марҳилаҳои баъдӣ дар бораи он музокира шавад.
Ҳамчунин, рӯзномаи “Эътимод” ба нақл аз манобеи эронӣ навишт, ки барои оғози оташбаси 60-рӯзаи зикршуда дар тафоҳумнома бояд 12 миллиард доллар аз дороиҳои бандмондаи Эрон озод карда шавад.
Доналд Трамп рӯзи 12-уми июн дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт: “Чизе, ки онҳо (Эрон) гуфтаанд, аз ҷумла баёнияи суст ва риққатангез дар бораи дастёбӣ ба тавофуқ, ҳеч нисбате бо воқеият надорад.”
Вай мақомоти Эронро “бешараф” хонд ва афзуд: “Барои онҳо чизе бо номи музокира ва таомул бо ҳусни ният вуҷуд надорад.”
Трамп ба Теҳрон ҳушдор дод, ки рафтори худро ба тартиб дарорад ва он ҳам ҳарчи зудтар.