Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев бо ҳавопаймои вижа тариқи пойгоҳи низомии Русия ба Маскав рафт


Рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми июл собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо як тасмими зоҳиран намоишкоронааш ба Русия парвоз кард.

Парвоз дар ҳавопаймои махсусе ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки Отамбоев се даъвати тафтишотро барои посух додан ба саволҳои додситонҳо нодида гирифтааст.

Дар пасманзари баррасиҳои гарми ин мавзӯъ дар шабакаҳои интернетӣ, вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки президенти собиқ баъди бозгашташ аз Маскав "вазифадор аст", ки ба бозпурсӣ ҳозир шавад. Отамбоев гуфтааст, ки сафараш якрӯза буда, рӯзи 25-уми июл ба Бишкек бармегардад.

Хабари ба Маскав парвоз кардани Алмосбек Отамбоевро мушовири ӯ Кундуз Ҷолдубаева дар "Фейсбук" ҳамроҳ бо акси ҳайат дар дохили ҳавопаймо нашр кард. Дар изҳороти расмии Ҷолдубаева гуфта мешавад, ки Отамбоев дар як ҳайати сиёсатмадорони узви тимаш ба Русия парвоз кард.

Ӯ навишт, ки ҷониби даъваткунандаи Отамбоев аз Маскав ҳавопаймои ширкати "РусДжет", навъи ВС: RRJ-95B фиристод. Ба ҳайат худи Отамбаев, иҷрокунандаи раиси ҳизби сотсиал-демократ Асел Кодуранова, муовинони раиси ин ҳизб Муродил Мадеминов, Ирина Карамушкина, Кундуз Ҷолдубаева ва намояндаи расмии ҳизб дар Русия Темирлан Султонбеков, дохил мешаванд.

Ҷолдубоева нагуфт, ки "ҷониби даъваткунанда" ваё фиристандаи ҳавопаймо кист, вале навишт, ки "дар Маскав мулоқоти сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд". Парвози собиқ президент ба Маскав аз фурудгоҳи Кант сурат гирифт. Худи Отамбоев ҳам дар шарҳи парвозаш ба Русия аз касе ном набурд, танҳо гуфт, ки "ба Маскав бо даъвати дӯстон парвоз мекунад". Ӯ инчунин гуфт, ки рӯзи 25-уми июл бармегардад.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки давоми шаш сол - аз охири соли 2011 то ноябри соли 2017 президенти Қирғизистон буд, баъди хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекунад. Баъди он, ки парлумон қонуни ҳазфкунандаи масунияти президенти собиқро қабул кард ва нисбати ӯ санҷиш шурӯъ шуд, ҳеҷ гоҳ ба тафтишот ҳозир нашуд ва гуфт, ки дар манзилаш дар минтақаи Кой-Таш омода аст аз худ дифоъ кунад. Ӯ гуфт, ки силоҳ ҳам дорад.

Баъди се дафъа нодида гирифтани даъват ба тафтишот, рӯзи 22-юми июл муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Мирлан Каниметов ба хонаи собиқ президент рафт ва сабаби худдорӣ кардани ӯро аз ширкат дар бозпурсиҳо суол кард.

Вакили дифои ӯ Сергей Слесарев гуфт, ки Отамбоев ба унвони собиқ президент аз масуният бархӯрдор аст ва аз болои қонуни нави қабулкардаи маҳрумсозии президенти собиқ аз масунияти ҷиноӣ ба Палатаи Конститутсионӣ шикоят ворид шуда, ин санад ҷанбаи қонунӣ касб накардааст.

Рӯзи 24-уми июл баъди паҳн шудани хабари ба Русия парвоз кардани Отамбоев, вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки ӯ "вазифадор аст" баъди бозгашт аз Русия ба бозпурсӣ ҳозир шавад. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба намояндаи дафтари матуботи Вазорати умури дохилии Қирғизистон Карима Амонқулова дар шарҳи хабари тарки Қирғизистон кардани Отамбоев навишт:

"Бар асоси меъёрҳои Кодекси ҷиноиву мурофиавӣ, Алмосбек Отамбоев ба ҳайси шоҳид бояд барои бозпурсӣ ба хадамоти тафтишотӣ ҳозир шавад. Аз рӯи қонун, вазорати умури дохилӣ ҳақ надорад, ки ба ӯ хориҷ шудан аз кишварро манъ кунад. Вале ӯ эълон кард, ки бармегардад. Фикр мекунем, ки баъди бозгашт аз сафар ӯ ба чаҳорчӯби қонун бармегардад ва ба бозпурсӣ ҳозир мешавад".

Моҳи июни соли ҷорӣ Додситонии кулли Қирғизистон аз рӯи айбномаи порлумон нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев хулосабарорӣ кард. Додситонӣ аз шаш айби эъломкардаи порлумон 5-тои онро асоснок унвон кард. Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек гумонбар мешавад.

Вале худи Отамбоев гуфтааст, ки ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад ва парвандаи ҷиноии алайҳи ӯ "хаёлпардозӣ" аст ва ба ҳақиқат рост намеояд.

Отамбоев барои сари қудрат омадани президенти амалкунанда Сооронбой Ҷеенбеков кӯмакҳо кардааст, вале баъди интихобот равобити онҳо бад шуд ва мунтақидони Отамбоев дар ҳукумат ва парлумон ба маҳрум кардани президенти собиқ аз масунияти ҷиноӣ ташаббус нишон доданд. Отамбоев гуфтааст, ки то охир аз ҳаққи худ дифоъ мекунад.

XS
SM
MD
LG