Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ


Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи футболи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзҳои 26-ум ва 29-уми июл дар шаҳри Тоиф баргузор мешаванд.

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) Зайниддин Раҳимов ба ҳайати даста 23 бозигарро дохил намудааст: 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар. Асоси дастаро бозигарони мунтахаби наврасони зери 17-солаи Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки тирамоҳи имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия ширкат меварзанд.

Бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 2-юм то 6-уми октябр дар Душанбе доир мегардад. Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив мебошанд.

Аз рӯи натиҷагирии даври интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои дувум дар гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар бозиҳо муқобили мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА «Помир»), Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров (ССКА «Помир»), Салам Ашурмамадов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов, Умедҷон Холиқов, Нидоёр Забиров, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Ҳамадонӣ Камолов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Памир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).

XS
SM
MD
LG