Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави Тоҷикистон барои маҳви "модари ҷиноятҳо"


Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ният дорад, бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ як барномаи вижаи муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистонро таҳия кунад.

Дар ин бора Абдукарим Маҷидӣ, масъули оҷонсӣ рӯзи 25-уми июл дар нишасте, ки дар Душанбе доир шуд, хабар дод. Нишаст бо мусоидати созмони ғайриҳукуматии "Хома" баргузор шуд. Ӯ гуфт, мӯҳлати иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020, соли оянда ба охир мерасад ва тасмим доранд, барномаи нави дигаре барои решакан кардани ин зуҳуроти хатарнок таҳия намоянд.

Абдукарим Маҷидӣ афзуд: “Пеш аз он ки барнома тасвиб шавад, барои таклифу пешниҳод ва муҳокима ба тамоми вазорату идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешкаш мегардад. То тамоми қишрҳои ҷомеа фикру андешаи худро пешниҳод накунанд, мо наметавонем, чунин барномаеро таҳия намоем".

Абдукарим Маҷидӣ коррупсияро модари ҳамагуна ҷиноятҳо номид ва аз ҷомеаи шаҳрвандӣ хост, бетараф набошанд ва барои мубориза бо он саҳм гузоранд. "Дар натиҷаи фаъолияти дастаҷамъона метавонем, шиддати коррупсияро дар кишвар коҳиш диҳем. Ошкор ва бартараф кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ бениҳоят душвор аст",-афзуд вай.

Давлати Тоҷикистон солҳост мубориза бо коррупсияро яке аз афзалиятҳои кори худ номидааст, вале эътироф ҳам мекунад, ки фасоду ришвахорӣ дар тамоми сатҳҳо реша давонда ва обрӯву эътибори ҳукуматро костааст. Таҳқиқоти афкори умум дар Тоҷикистон нишон додааст, ки барои иҷрои кор ба мақоми расмӣ додани пул "мушкиле надорад".

Дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ҳам ба ришва номҳои хос додаанд, ба мисли "чойпулӣ", "ширинӣ" ва амсоли он. Дар Шохис (индекс)-и пазириши фасод, ки ҳамсола созмони Transparency International таҳия мекунад, дар соли 2019 Тоҷикистон дар миёни 180 кишвар дар мақоми 152-юм аст ва дар як қатор бо кишварҳои Никарагуа, Мадагаскар, Камерун.

Посухе, ки ба ҳозирон маъқул нашуд

Як посухи намояндаи Оҷонсии мубориза бо фасод дар мавриди чунин гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ аз афзоиши фасод ва тадбирҳои ин ниҳод барои решакан кардани он вокунишҳои гуногунеро дар нишаст ба миён овард. Иршод Сулаймонӣ, коршиноси тоҷик аз намояндаи оҷонсӣ пурсид, ки бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, дар Тоҷикистон на танҳо коррупсия кам нашуд, балки афзоиш ёфт, аз ҷумла баъди ташкили Оҷонсии мубориза бо фасод. Ӯ пурсид, чӣ тадбирҳое вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон мисли кишварҳои дигар дар мубориза бо коррупсия муваффақ шавад?

Абдукарим Маҷидӣ посух дод, ки тадбирҳо зиёданд, вале на ҳамеша ҷиддӣ амалӣ мешаванд: "Дар ҳақиқат тадбирҳои андешидашуда зиёданд, лекин на ҳар кас онро ба таври ҷиддӣ қабул ва роҳандозӣ мекунад. Шояд аксарияташ рӯи коғаз бошад барои муаррифӣ кардан. Дар Қазоқистон дар муассисаҳои таҳсилоти то мактабӣ муқовимат бо коррупсия дарс гуфта мешавад. Кӯдаке, ки ҳанӯз мафкурааш ташаккул наёфтааст, нафаре, ки пора мегирад, дар назари ӯ як душмани миллат эътироф шудааст, яъне кӯдак дар ҳамин рӯҳия ба воя мерасад. Пӯшида нест, имрӯз ҳамаи мову Шумо кӯдаконамонро аз ҳамон батни модар коррупсионер таваллуд мекунем, тарбияро аз батни модар бояд оғоз кунем".

Алиакбар Абдуллоев, роҳбари созмони ҷамъияти "Ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ" дар ин нишаст посухи намояндаи оҷонсиро нодуруст унвон карда, таъкид намуд, ки сабаби афзоиши фасод, хешутаборбозӣ мебошад. "Баъди таъсиси агентӣ то ду сол кор хуб буд, баъдан хешутабору ҷиянҳо пайдо шуд дар он ҷо, сатҳи коррупсия низ зиёд шуд",-афзуд вай.

Дар бораи ин дард дар Тоҷикистон чанде пеш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон худаш бо асабоният сӯҳбат кард. Абдукарим Маҷидӣ, масъули Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, бартараф кардани фасод танҳо бо фаъолияти як сохтор муяссар намешавад ва ҷомеа бояд дар решакан кардани ин зуҳурот фаъол бошад.

Фасод дар идораҳои давлатӣ моҳи майи имсол аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони бахши молия, андоз ва гумрук мавриди интиқод қарор гирифт. Раисиҷумҳур аз фаълияти ниҳодҳои молӣ ва даст доштани баъзе кормандон дар ришвахорӣ интиқод кард.

Тоҷикистон 6 сол пеш Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2013 то 2020-ро қабул кард, ки ҳадаф аз он решакан кардани ин зуҳурот буд, аммо ба назари таҳлилгарон ин дарахти 7-сола "меваи зиёде надодааст".

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG