Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Хорватия бе медал монданд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Zagreb Grand Prix 2019”), ки рӯзҳои 26-28-уми июл дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалу ҷоизаҳои молӣ маҳрум шуданд.

Ба иттилои вебсайти Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии ҷудо дар Загреб 552 варзишгар (326 мард ва 226 зан) аз 86 кишвар дар ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ шаш варзишгар –Хайёмиддин Ҷабборов (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён(90 кг) ва Темур Раҳимов (вазни беш аз 100 кг) – дар сабқати мардон намояндагӣ карданд.

Хайёмиддин Ҷабборов дар даври аввал бар Диого Сезар аз Гвинея-Биссау пирӯз шуд, вале баъдан аз Андраз Ҷереб аз Словения шикаст хӯрд.

Беҳрӯзи Хоҷазода баъди ду пирӯзӣ бар Лукас Рейта аз Австрия ва Оскар Петерлсон аз Эстония, дар даври баъдӣ аз Денис Лартсеви русиягӣ мағлуб гашт.

Сомон Маҳмадбеков нахустин қувваозмоиро ба Арата Татсукаваи ҷопонӣ бохт. Акмал Муродов дар даври аввал Алфонсо Урқуиза Соланаро аз Испания шикаст дод, вале баъдан аз Таканори Нагасеи ҷопонӣ мағлуб гардид.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Санширо Мурао аз Ҷопон ноком шуд. Темур Раҳимов низ ба сабқат аз даври дувум шуруъ намуда, бар Ҷур Спиҷкерс аз Нидерланд ғолиб омад. Вале баъдан қувваозмоиро ба паҳлавони гурҷӣ Левани Матиашвили бой дод.

Ғолибон ва онҳое, ки дар ҳар як вазн мақомҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, ба ҷуз аз медалу имтиёзҳои олимпӣ бо ҷоизаҳои молӣ мукофотонида шуданд. Барои ҷойи аввал 3000 доллари ИМА , барои ҷойи дувум 2000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1000-долларӣ супурда шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 8 медал (4 тилло ва 4 нуқра) ҷойи аввалро ишғол кард. Мунтахаби Канада бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 нуқра) дувум шуд. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 5 медал (2 тилло ва 3 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб гашт.

Ёдовар мешавем, дар Гран-прии ҷудо дар Загреб, ки моҳи июли соли гузашта баргузор шуд, се варзишгари тоҷик - Акмал Муродов, Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни зери 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (вазни зери 90 кг) - ширкат карда, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда буданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Загреби Хорватия-2019:

Мардон
60 кг
1. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбекистон)
2. МАККЕНЗИ Эшли (Британияи Кабир)
3. ЭНХТАИВАН Ариунболд (Муғулистон)
3. ГОЛОМБ Томер (Лаҳистон)

66 кг
1. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
2. ВИЕРУ Денис (Молдова)
3. ДАВААДОРҶ Тумурхулег (Муғулистон)
3. ЛЕ БЛОУШ Килиан (Фаронса)

73 кг
1. БУТБУЛ Тохар (Исроил)
2. МАРГЕЛИДОН Артур (Канада)
3. ЯРТСЕВ Денис (Русия)
3. МОГУШКОВ Мусо (Русия)

81 кг
1. НАГАСЕ Таканори (Ҷопон)
2. ВАЛУА-ФОРТЕ Энтони (Канада)
3. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
3. МОЛЛАӢ Сайид (Эрон)

90 кг
1. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
2. МУРАО Санширо (Ҷопон)
3. ТОТ Кристиан (Маҷористон)
3. ВАН Т ЭНД Ноел (Нидерланд)

100 кг
1. ЕЛНАХАС Шади (Канада)
2. ИДДИР Александр (Фаронса)
3. ФОНСЕКА Ҷорҷ (Португалия)
3. ПАЛТЧИК Петер (Исроил)

+100 кг
1. ЗААЛИШВИЛИ Гела (Гурҷистон)
2. ХАРАШАВА Хисаеши (Ҷопон)
3. МАТИАШВИЛИ Левани (Гурҷистон)
3. ЮСУПОВ Алишер (Узбекистон)

Занон
48 кг
1. ГАЛБАДРАХ Отгонсесег (Қазоқистон)
2. КЛЕМЕНТ Мелани (Фаронса)
3. ЛИ Янан (Чин)
3. СЕНТУРК Гулқодир (Туркия)

52 кг
1. ТСУНОДА Натсуми (Ҷопон)
2. ПАРК Да Сои (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ГИЛ Чнлси (Британияи Кабир)
3. ВАН СНИК Чарли (Белгия)

57 кг
1. КЛИМКАТ Ҷессика (Канада)
2. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)
3. ЛИПАРТАЛИАНИ Этери (Гурҷистон)
3. СМИТ-ДЭВИС Некода (Британияи Кабир)

63 кг
1. ТРСТЕТЯК Тина (Словения)
2. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)
3. ЧО Мокхии (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ВЕРМЕЕР Санни (Нидерланд)

70 кг
1. ХОУВЕЛ Гемма (Британияи Кабир)
2. ПОЛЛИНГ Ким (Нидерланд)
3. ПОЛЛЕРС Мхаэла (Австрия)
3. ВАН ДАЙК Санни (Нидерланд)

78 кг
1. УМЕКИ Мами (Ҷопон)
2. ПОСВИТ Фанни Эстел (Фаронса)
3. ПРОДАН Карта (Хорватия)
3. ВЕРКЕРК Маринде (Нидерланд)

+78 кг
1. СОНЕ Акира (Ҷопон)
2. СЕРИЧ Лариса (Босния ва Ҳерсеговин)
3. КИНДЗЕРСКА Ирина (Озарбойҷон)
3. ВЕЛЕНСЕК Анамари (Словения)

XS
SM
MD
LG