Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи паҳлавони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Шодмон Ризоев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо миёни навҷавонон, ки рӯзи 29-уми июл, дар Тайпейи Чин шуруъ шуд, медали нуқра ба даст овард.

Шодмон дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Непал, Ҳонконг ва Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Ӯ дар нимфинал бар Ҳаким Оғомамедови туркман ғолиб омада, ба финал баромад. Вале Шодмон қувваозмоии ниҳоиро ба Томойа Вакасаи ҷопонӣ бохт ва мақоми дувумро касб намуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев дар вазни зери 60 кило ҷойи панҷумро гирифт. Се варзишгари дигари тоҷик – Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни зери 66 кило, Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни зери 73 кило миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни зери 57 кило миёни духтарон дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки имрӯз, 30-юми июл доир мегардад, боз чор гуштигири ҷавони тоҷик - Оламафрӯз Абдураҳмонов (81 кг), Эмомризо Анварзода (90 кг), Иброҳимҷон Элмуродов ва Шарифҷон Назриев (ҳарду дар вазни зери 100 кг) – вориди рақобатҳо мешаванд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни навҷавонон 170 варзишгар (100 писар ва 70 духтар) аз 21 кишвар ширкат дорад.

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медал (4 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кардааст. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) дар мақоми дувум аст. Мунтахаби Тайпейи Чин бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб гаштааст. Дастаи Тоҷикистон бо касби як медали нуқра дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG