Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Исфара то Чолпон-Ота. Натиҷаҳои дидори ду президент


Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон (аз чап) Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар Чолпон-Ота
Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон (аз чап) Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар Чолпон-Ота

Дар ҳоле ки дидори президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков пас аз низои навбатӣ дар марзи ду кишвар, ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз 20 нафар аз ду ҷониб, моҳияти таърихӣ касб кард, то ҳоло ҷомеаҳои ду кишвар аз натиҷаи он огаҳӣ надоранд.

Мардум ба ин мулоқот бо умедвории зиёд нигарист, аммо асосан эъломияҳои умумиро шунид, ҳарчанд ҳамон бовар дорад, ки тарафҳо шояд тавонистаанд, барои ҳалли мушкил ва пешгирӣ аз бархӯрдҳои нав барномаи мушаххасеро ҳамоҳанг кардаанд.

Созандагони таърих

«Дидори таърихӣ», ки президентҳои ду кишвар онро ҳамингуна номгузорӣ карданд, бегоҳи 27-уми июл дар Чолпон-Ота баргузор шуд. Ин дидор воқеан аҳамияти таърихӣ дошт, чунки раҳбарони ду кишвар бори нахуст бо нишон додани иродаи сиёсӣ аз минтақаҳои баҳсбарангез, Ворух ва Оқсой дидан карданд. Ҷое, ки сол аз сол бар асари баҳсҳои марзӣ қурбониҳо бештар мешаванд. Бар асари муноқишаи ахир, ки 23 июл миёни сокинон ҳангоми омодагӣ ба сафари президентҳо ба амал омад, тибқи иттилои Тоҷикистон як нафар ҷон дод ва 5 тани дигар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 17 нафар хабар додааст. Дар шароити шиддат гирифтани рӯҳия дар ду тарафи марз интизориҳо аз дидори президентҳо хеле боло буд ва равшанӣ андохтан ба қазияи марзи ин ду кишварро ба ин дидор рабт медоданд. Аммо ин чиз иттифоқ науфтод. Бо гузашти 3 рӯз шахсони расмӣ аз тафсилоти ин дидор чизе нагуфтанд ва ба суханҳои умумӣ иктифо карданд.

Суханони умумӣ дар мавриди масъалаи муҳим

«Мо аз муколамаи дирӯза, ки дар дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва эътимод доир гардид қаноатмандем... Мо як назари муштарак дар мавриди тезонидани раванди аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон баён карда, дар мавриди марз ба ифоқа расидем, ки корҳоро аз “сода то душвор” роҳандозӣ намуда, аз усули эҳтироми мутақобил ва дар назар гирифтани манофеи ҳамдигар пуштибонӣ кардем”, - изҳор намуд Ҷээнбеков дар мулоқот бо Раҳмон дар Чолпон-Ата 27 июл.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди босубот ва танготанги мутақобил бо Қирғизистон манфиатдор аст ва ба тақвияти пайвастаи равобити ҳамсоягии хуб байни кишварҳо аҳамияти зиёде медиҳад.

Иттилоъ расид, ки тамаркузи аслӣ рӯйи аҳаммияти тақвияти бовар миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, хусусан дар манотиқи марзӣ карда шуд. “Зарурати роҳандозии таҷрибаи доимии баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, иштироки якҷоя дар консерту ҷашнвораҳо дар нуқтаҳои марзӣ, аз ҷумла роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, варзиш ва гардишгарӣ таъкид шуд”, гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Ҷузъиёти мушаххасе дар мавриди гуфтугӯи ҷониби Тоҷикистон мисли пештара оварда нашудааст.

Аҷиб ин аст, ки ҳатто ҷониби Қирғизистон, ки нисбат ба ҳамсояҳои худ дар минтақа барои ҷомеа бозтар ҳисобида мешавад, бартарӣ ба он додааст, ки ҷузъиёти дидорро расонаӣ накунад.

Як нуктаи ҳангомаангез

Натоиҷи гуфтушунидро ҷамъбаст намуда, раиси ниҳоди сиёсати берунии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков гуфт, ки “раисони ҷумҳур дар мавриди руйкардҳои тарафайн перомуни ҷанбаъи ҳуқуқӣ, ки як унсури аслӣ дар таъйини марзҳои давлатӣ аст, баҳс карданд”. Чунин изҳори назари вазир баъзе аз интригаҳоро дар тафсири раванди гуфтушунид ворид кард, зеро ҳанӯз то ба охир маълум нест, ки ин мансабдор чиро дар назар дошт.

Коршиноси тоҷик Абдумалик Қодиров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тахмин зад, ки ВКХ Қирғизистон шояд таҳти ин баҳси тарафҳо дар мавриди мақоми ҳуқуқии ҳудудҳоро дар назар дошт, ки ҳангоми баррасии он тарафҳо харитаҳои солҳои гуногунро далел меоранд.

“Ончӣ марбути мавзуъст, ки чаро ҷонибҳо хомуширо ихтиер кардаанд, ман фикр мекунам ин ба он алоқаманд аст, ки сарфи назар вориди амал шудани раисони ҷумҳури ду кишвар дастоварди қобили таваҷҷуҳе ҳосил нагаштааст. Ҳукуматҳои ду кишвар наметавонанд дар пеши интихобкунандгони худ аз дастовардҳо гузориш бидиҳанд, аз ин рӯ ба сукут кардан бартарӣ медиҳанд”, - мегӯяд коршинос.

Зоҳиран, аксари коршиносон ба “ҷанбаъи ҳуқуқӣ” таваҷҷуҳ мекунанд, ки метавонад омодагии ҳар ду тарафро барои гузаштҳои мушаххас ва шояд дардовар ифода кунад, вале пинҳон кардани ҷузъиёт ба он маъност, ки ҷонибҳо ба пуштибонии ҷомеа аз ин гузаштҳо дар кишварҳои худ бовар надоранд.

Иқдомҳои мушаххас -- баъд аз даҳ рӯз

Зимнан, намояндаи вижаи ҳукумати Қирғизистон дар масоили марзӣ Канибек Ботобоев дар суҳбат бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, тарафҳо ба баҳси мушаххаси масоили марзӣ баъди 10 рӯз дар Тоҷикистон хоҳанд пардрохт. Он ҷо гуруҳҳои кории марбута сари миз хоҳанд нишаст. Ба гуфтаи ӯ, дар рафти гуфтушуниди ду раисҷумҳур масъалаи табодули ҳудудҳо матраҳ нашуд, вале бо вуҷуди ин Ботобоев аз эҳтимол дур намедонад, ки ин мавзуъ низ мавриди баррасӣ қарор бигирад. “Дар марҳилаи ҳозир роҳҳалҳои гуногуни масъала баррасӣ мешавад ва табодул ҳам мустасно нест”, - гуфт Ботобоев.

Сабабҳои муноқиша

Мушкил сари такяи тарафҳо ба харитаҳои гуногун мебошад, ки дар солҳои 20-уму 50-уми асри гузашта таҳия шудаанд. Ҳангоми тақсимоти милливу ҳудудии Осиоеи Миоена болшавикҳо ба омори Имеротурии Русия, ки нисбати таркиби қавмии аҳолӣ маълумоти дигар ва солҳои 50-ум маълумоти комилан дигар пешниҳод шудаанд, такя намудаанд. Дар натиҷа дар харитаҳои солҳои 30-юм Ворух аз Тоҷикистон ҷудо нест, вале дар харитаҳои соли 1956 Ворух ҳамчун ҷазирақаламрав дар дохили Қирғизистон ҷудо карда шудааст.

“Тасмими ниҳоӣ он давра дар баробари ҳеч кадом аз харитаҳо пазируфта нашудааст. Соли 1989 харитаҳо дар сатҳи раҳбарони ду давлат мувофиқа карда шуданд, вале онҳо аз сӯйи Шӯрои Олӣ таъйид ва бо мардум дар маҳал мувофиқа карда нашуданд. Дар натиҷа ин ҳосил шуд, ки худи мардум аз ду тараф нисбат ба қаламравҳо мавқеҳои гуногун доранд”, - гуфт дар яке аз суҳбатҳи худ ба Радио Озодӣ сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов.

Чанде пештар Радиои Озодӣ матлабе бо назари коршиносони ду ҷониб нашр кард, ки онҳо гузинаҳои гуногуни ҳалли масъала аз табодули ҳудудҳо то ҳарчӣ зудтар муайян кардани мақоми онҳоро пешниҳод намуданд. Дар баҳодиҳии худ ҳамаи онҳо бар ин буданд, ки мавзуъ бояд бо ҳадди аксари шаффофият ва бо ҷалби аҳли ҷомеаи маҳаллӣ баррасӣ шавад. Вале чеҳраҳое, ки тасмим мегиранд, зоҳиран, бо чунин дидгоҳҳо мушкил доранд.

Ба ҷуз ин, дар солҳои гуногун бо мақсади ҳалли баҳсҳои марзӣ пешниҳод шуд дар ин ҳудудҳо Минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил ва низоми душаҳрвандӣ ҷорӣ карда шавад. Бо вуҷуди ин то кунун ҳеч кадоме аз тарафҳо наметавонад роҳҳалли барои ҳар ду ҷониб мувофиқро пешниҳод намояд. Дар ҳар сурат ҷомеаро аз ин хабардор накардаанд. Ин пазириши тасмимеро, ки якрӯз бояд эълон шавад, ба маротиб душвор хоҳад сохт.

Тӯли умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 км-ро дар бар мегирад, ки дар ҳоли ҳозир каме бештар 500 км он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Мақоми ҳудудҳои баҳсӣ, ки аз даврони Шуравӣ мондаанд ва 400 км мебошанд, марбути Ворух –Оқсой аст. Қитъаҳои замин ва манбаъҳои обии дар замони ИҶШС барои чупонон ва сокинони ҳар ду кишвар дастрас, ҳоло моликияти яке аз тарафҳо гаштаанд ва ҳар кадоме бар ин боваранд, ки ҳақ доранд ҳамсояҳоро ба ин минтақаҳо роҳ бидиҳанд ё надиҳанд.

XS
SM
MD
LG