Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳами аслии ҳамлаҳои 11 сентябр ҳозир аст алайҳи Саудӣ гувоҳӣ бидиҳад


Муттаҳами аслии ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико гуфтааст, ки агар ҳукумати ИМА ӯро эъдом накунад, ҳозир аст дар парвандаи додхоҳии хонаводаҳои қурбониён, алайҳи ҳукумати Арабистони Саудӣ,гувоҳӣ бидиҳад.

Дар ҷараёни ҳамлаҳо ба бинои Вазорати дифои Амрико дар Вашингтон ва бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк, ҳудуди 3 ҳазор нафар кушта ва тақрибан ду баробар ин теъдод, захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", вакилони хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ рӯзи ҷумъаи гузашта бо пешниҳоди нома ба як додгоҳи федералӣ дар Манҳатан, шарти Холид Шайх Муҳаммад, узви гурӯҳи Ал-Қоида ва аз тарроҳони ин ҳамларо эълом карданд.

Шайх Муҳаммад дар ҳоли ҳозир дар зиндони Гуантанамо нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ соли 2004 дар шаҳри Карочии Покистон боздошт шуд.

Бархе аз қурбониёни ҳамлаҳои 11-и сентябр ҳукумати Арабистони Саудиро дар ин ҳодиса гунаҳкор медонанд ва хостори дарёфти миллиардҳо доллар ҷуброн ҳастанд. Арабистони Саудӣ даст доштан дар ин ҳамлаҳоро рад кардааст.

Аммо 15 тан аз 19 тарроҳ ва омили ҳамлаи 11-и сентябр шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд ва иддао шудааст, ки гурӯҳи Ал-Қоида тавассути бахшҳое аз ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳимояти молӣ шудааст. Усома бин Лодин, бунёдгузори Ал-Қоида низ зодаи Арабистони Саудӣ аст.

Рӯзномаи Wall Street Journal низ қаблан дар бораи ин шарти Холид Шайх Муҳаммад гузориш дода буд. Холид Шайх Муҳаммад гуфтааст, ки феълан қасди ҳамкорӣ дар ин парвандаро надорад, аммо агар ваъда дода шавад, ки алайҳи вай ҳукми қатл содир нахоҳад шуд, ҳозир аст дар ин бора ҳамкории густурдатаре дошта бошад.

Пайгирии ҳукумати Арабистони Саудӣ ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаҳои 11-уми сентябр аз сӯи қурбониён то соли 2016 мумкин набуд, то ин ки дар ин сол тарҳи "Адолат алайҳи ҳомиёни терроризм" ба Конгресс пешниҳод ва қабул шуд.

Бо вуҷуди ветои ин қонун аз сӯи раиси ҷумҳури Амрико, вакилон бо раъйи қотеи худ ин веторо беасар ва ин имконро фароҳам карданд то хонаводаҳо ва бозмондагон битавонанд барои ёфтани ҳақиқат ва ба муҷозот кашонидани ҳомиёни ҳамлаҳо, ба додгоҳҳои Амрико шикоят кунанд.

Дар соли 2018 баррасии шикояти қурбониёни ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар додгоҳе дар Манҳатан роҳандозӣ шуд, аммо раиси додгоҳ санадҳо ва изҳороти пешниҳодшуда дар додгоҳ алайҳи Арабистони Саудӣ нокофӣ хонд.

Шарҳҳоро бинед (3)

XS
SM
MD
LG