Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бозии дӯстонаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзҳои 7-ум ва 9-уми август дар шаҳри Тоиф баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (СAFA), ки аз 26-уми июл то 1-уми август дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуд, барои аввалин бор соҳиби Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло гардид.

Дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ (U-16) бошад, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ (WAFF) гардидааст, ки аз 1-ум то 11-уми июл дар Урдун доир шуд.

Бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун барпо мегардад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" тимҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт мебошанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи футболи Тоҷикистон рӯзҳои 26-ум ва 29-уми июл бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона баргузор кард. Ҳарду бозӣ, ки дар шаҳри Тоифи Арабистони Саудӣ доир шуд, бо ҳисоби якхелаи 1:1 поён ёфт.

Бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешуд, ки аз 2-юм то 6-уми октябри соли равон дар Душанбе доир мегардад. Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив мебошанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG