Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста дар чорякфинал барои Ҷоми Тоҷикистон мубориза мебарад


Баъди натиҷагирии бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол ҳамаи ҳашт дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ маълум шуданд.

Панҷ дастаи лигаи олӣ - «Хатлон»-и Бохтар, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, инчунин се дастаи лигаи аввал - «Эсхата»-и Хуҷанд, «Ҳулбук»-и Восеъ ва «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун – ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Вале се дастаи лигаи олӣ – «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар даври ниманиҳоӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд, аз идомаи мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон маҳрум шуданд.

Ба ин тартиб, дар чорякфинал дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

«Хатлон» – «Хуҷанд»

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

«Эсхата» – «Истиқлол»

«Ҳулбук» – «Дӯстӣ»

Бозиҳои аввали чорякниҳоӣ 21-уми август ва бозиҳои ҷавобӣ 28-уми август баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019

1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Хатлон» (Бохтар) – «Саройкамар» (Панҷ) – 5:1

Голҳо: Парвиз Охунов, 35 (1:0). Умарҷон Шарипов, 45+1 (2:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 63 (3:0). Шарифҷони Қиёмиддин, 80 (3:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 90 (4:1). Абдухалил Боронов, 90+3 (5:1).

3 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 500 тамошобин.

Бозии аввал – 1:0.

ССКА «Помир» (Душанбе) – «Душанбе-83» (Душанбе) – 0:0

3 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 300 тамошобин.

Бозии аввал – 1:1.

«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 3:3

Голҳо: Абдураҳим Раҳимов, 18 (1:0). Рустам Домлоҷонов, 29 (1:1). Ҳадис Қодиров, 37 (2:1). Диловар Неъматов, 56 (3:1). Рустам Сабуров, 79 (3:2). Анвар Раҳимов, 88 (3:3).

3 август. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

Бозии аввал – 2:4.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 34 (1:0). Шерзод Маҳамадиев, 52 (1:1). Муҳиддин Одилов, 73 (2:1). Акбари Шелдорӣ Ораш, 90+1 (2:2).

4 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 4000 тамошобин.

Бозии аввал – 0:0.

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Истаравшан» (Истаравшан) – 3:1

Голҳо: Диловар Таваралиев, 27 (1:0). Илҳомҷон Баротов, 53 (1:1). Аваз Қамчинов, 69 (2:1). Зоир Холматов, 75 (3:1).

4 август. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

Бозии аввал – 0:1.

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – 0:1

Гол: Элонназар Ҷанатов, 7.

4 август. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 450 тамошобин.

Бозии аввал – 1:1.

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Истиқлол» (Душанбе) – 1:7

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 1 (0:1). Шаҳром Самиев, 14 (0:2).Тоҳир Малодӯстов, 17 (1:2).Шаҳром Самиев, 26 (1:3). Эҳсони Панҷшанбе, 42 (1:4). Алексей Ларин, 51 (1:5). Шериддин Бобоев, 71 (1:6). Салам Ашӯрмамадов, 85 (1:7).
5 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Бозии аввал – 2:7.

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:5

Голҳо: Дилшод Васиев, 22 – аз пеналтӣ (0:1). Дилшод Восиев, 34 (0:2). Юрий Захаркив, 47 (0:3). Юрий Захаркив, 64 – аз пеналтӣ (0:4). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 70 (0:5).

6 август. Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

Бозии аввал – 0:7.

Ҷоми Тоҷикистон-2019. 1/4 финал

Бозиҳои аввал

21 август (чоршанбе)

«Хатлон» – «Хуҷанд»

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

«Эсхата» – «Истиқлол»

«Ҳулбук» – «Дӯстӣ»

Бозиҳои ҷавобӣ

28 август (чоршанбе)

«Хуҷанд» - «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир»

«Истиқлол» - «Эсхата»

«Дӯстӣ» - «Ҳулбук»

XS
SM
MD
LG