Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 18 бозигар дохил шуд


Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, ҳайати дастаро барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 9-ум то 15-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, эълон кард.

Ба рӯйхати ниҳоии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) 18 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - дохил шудааст.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Шаҳром Назаров, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА «Помир»);

Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров («Регар-ТадАЗ»), Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров (ҳарду аз «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи панҷ кишвар - Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – ширкат меварзанд.

Дар доираи мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқот за рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Тими ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик аввалин бозиро 10-уми август муқобили дастаи Туркманистон доир менамоянд. Баъдан 12-уми август бо дастаи Афғонистон, 13-уми август бо мунтахаби Узбекистон ва 15-уми август бо тими Эрон бозӣ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мебошад, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-19)

Даври 1-ум

9 август (ҷумъа)

17:00 – Афғонистон – Туркманистон

20:00 – Узбекистон – Эрон

Даври 2-юм

10 август (шанбе)

17:00 – Афғонистон – Узбекистон

20:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

12 август (душанбе)

17:00 – Эрон – Туркманистон

20:00 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 4-ум

13 август (сешанбе)

17:00 – Эрон – Афғонистон

20:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

15 август (панҷшанбе)

17:00 – Туркманистон – Узбекистон

20:00 – Тоҷикистон – Эрон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG