Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ


Бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, ки рӯзи 7-уми август дар шаҳри Тоиф баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид.

Ду голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Муҳаммадворис Саидалиев ва як голи дигарро Суннатулло Азизов ба самар расониданд.

Бозии такрории футболбозони навраси Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 9-уми август дар шаҳри Тоиф доир мегардад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (СAFA), ки аз 26-уми июл то 1-уми август дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуд, барои аввалин бор соҳиби Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло гардид.

Дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ (U-16) бошад, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ (WAFF) гардидааст, ки аз 1-ум то 11-уми июл дар Урдун доир шуд.

Бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун барпо мегардад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" тимҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт мебошанд.

XS
SM
MD
LG