Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Барои мубориза бо гармии замин бояд истеъмоли гӯштро коҳиш дод"


Гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди паёмадҳои тағйироти иқлимӣ мегӯяд, барои коҳиши гармоиши замин, беҳбуди манбаъҳои об ва амнияти маводи ғизоӣ, бояд истеъмоли гӯшт коҳиш ёбад.

Ин гузориш ҳарчанд канор гузоштани комили истеъмоли гӯштро тавсия намекунад, вале барои маҳдуд кардани таъсири рушди аҳолӣ ва тағйири низом ё режими ғизоӣ бар манбаъҳои хокӣ ва обии курраи замин, тағйироти асосӣ дар арсаи кишоварзиро зарурӣ медонад.

Ҳайати байнидавлатии тағйроти иқлимии Созмони Милали Муттаҳид дар бахше аз гузориши худ мегӯяд, таъмини маводи ғизоӣ аз гиёҳҳо ва манбаъҳои ҳайвонии пойдор то соли 2050 метавонад чандин миллион километри мураббаъ аз заминҳои зери киштро наҷот диҳад ва байни 70 то 80 гигатонна аз тавлиди оксиди карбон ва газҳои ба ин монандро коҳиш диҳад.

Нишасти ин ҳайат дар рӯзҳои ахир дар Женева баргузор шуд ва гузориши ниҳоии он қарор аст дар Конфронси байналмилалии Чилӣ баррасӣ шавад.

Дар бахше аз гузориши ҳайати байнидавлатии тағйироти иқлимӣ ҳушдор дода мешавад, ки "фурсат барои эҷоди ин тағйирот бисёр кам аст ва агар дар кам кардан аз газҳои гулхонаӣ боз ҳам таъхир шавад, мо фурсати даркорӣ барои тағйири муваффақомез дар шеваи баҳрабардорӣ аз манбаъҳои хокиро аз даст хоҳем дод".

Гармии кураи замин нисбат ба давраи қабл аз саноатӣ шудан ҳудуди якуним дараҷа афзоиш ёфта ва таҳти таъсири мавҷҳои ҳавои гарм, хушксолӣ ва боронҳои шадид ва ҳамин тавр тахриби заминҳо ва васеъ шудани саҳро, афзоиш ёфтааст. Ин ҳайат дар гузориши худ хотирнишон мекунад, ки фаъолиятҳои инсонӣ ба пеш аз 70 дарсад аз сатҳи хушкии замин таъсир мегузорад ва кишоварзӣ ҳудуди 70 дарсад аз манбаъҳои оби тозаи заминро масраф мекунад.

Кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва дигар мавридҳои истифода аз сатҳи хокии кураи замин тавассути инсон байни солҳои 2007 то 2016, сабаби тавлиди 23 дарсад аз газҳои гулхонаӣ будааст. Ҳайати байнидавлатии тағйироти иқлимӣ соли гузашта ҳушдор дода буд, ки барои ҳифзи мизони гармоиши замин дар ҳадди якуним дараҷа, бояд тағйироти густурдае дар ҳама арсаҳои фаъолияти башарӣ сурат бигирад.

Ин ниҳод пешбинӣ мекунад, ки то соли 2050 қимати ғалладона ҳудуди 7,6 дарсад афзоиш хоҳад ёфт ва ин метавонад хатари гуруснагиро афзоиш диҳад. Дар ҳоле, ки тахмин зада мешавад беш аз 800 миллион нафар аз мардуми ҷаҳон аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд, тағйироти чанд даҳаи ахир дар режими ғизоӣ боис шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 миллиард нафар дучори фарбеҳии шадид ё вазни изофа бошанд.

Тибқи оморҳои мавҷуд, масрафи гӯшт сари ҳар нафар ва равғанҳои гиёҳӣ аз соли 1961 то кунун беш аз ду баробар зиёд шудааст.

Беш аз 100 донишманд дар таҳияи ин гузориш иштирок кардаанд, аммо ин гузориш дар ниҳоят бояд аз сӯи кишварҳои узви паймони иқлмиии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шавад.

Шарҳҳоро бинед (14)

XS
SM
MD
LG