Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимов: "Вазифаи мо дар чемпионати CAFA натиҷаи хуб нишон додан аст"


Мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола имрӯз, 9-уми август, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо бозии даври аввал миёни тимҳои Афғонистон ва Туркманистон шуруъ мешавад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи панҷ кишвар - Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – ширкат меварзанд.

Дар доираи ин мусобиқот ҳамагӣ даҳ бозӣ доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқот аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Тими ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба рақобатҳо аз даври дувум шуруъ мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик аввалин бозиро 10-уми август муқобили дастаи Туркманистон доир менамоянд. Баъдан 12-уми август бо дастаи Афғонистон, 13-уми август бо мунтахаби Узбекистон ва 15-уми август бо тими Эрон бозӣ хоҳанд кард.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ, ки 8-уми август дар Душанбе доир гардид, гуфт, «чемпионати CAFA пеш аз бозиҳои интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мусобиқоти хеле муҳим маҳсуб мешавад, ки омодагии дастаро маълум хоҳад кард. Асоси дастаро бозигарони мунтахаби наврасони зери 17-сола ташкил медиҳанд. Бинобар ин, ба ҷуз аз мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, мо инчунин ҳамзамон ба чемпионати ҷаҳон-2019, ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, омодагӣ мегирем. Вазифаи мо дар чемпионати CAFA натиҷаи хуб нишон додан аст ва мо ба мусобиқот омодаем.”

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад, дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-19)

Даври 1-ум

9 август (ҷумъа)

17:00 – Афғонистон – Туркманистон

20:00 – Узбекистон – Эрон

Даври 2-юм

10 август (шанбе)

17:00 – Афғонистон – Узбекистон

20:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

12 август (душанбе)

17:00 – Эрон – Туркманистон

20:00 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 4-ум

13 август (сешанбе)

17:00 – Эрон – Афғонистон

20:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

15 август (панҷшанбе)

17:00 – Туркманистон – Узбекистон

20:00 – Тоҷикистон – Эрон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG