Ба иттилои манбаъ, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзҳои 7-ум ва 9-уми август дар шаҳри Тоиф баргузор шуданд. Бозии аввал бо натиҷаи мусовии 3:3 ба поён расид. Дар бозии дувум наврасони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (СAFA), ки аз 26-уми июл то 1-уми август дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуд, бори аввал соҳиби Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило гардид.
Дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ (U-16) бошад, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ (WAFF) гардидааст, ки аз 1-ум то 11-уми июл дар Урдун доир шуд.
Бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун барпо мегардад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт мебошанд.
Бозиҳои дӯстона
Арабистони Саудӣ (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 3:3
Голҳои Тоҷикистон: Муҳаммадворис Саидалиев (2), Суннатулло Азизов.
7 август. Тоиф, Арабистони Саудӣ.
Арабистони Саудӣ (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 2:0
Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Муҳаммадворис Саидалиев.
9 август. Тоиф, Арабистони Саудӣ.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов рӯзҳои 26-ум ва 29-уми июли соли равон бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона баргузор карда буд. Ҳарду бозӣ, ки дар шаҳри Тоифи Арабистони Саудӣ доир шуд, бо ҳисоби якхелаи 1:1 хотима ёфт.