Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни даври ҳаштуми музокироти Амрико ва Толибон. Ибрози умедвории Халилзод


Ҳаштумин даври гуфтугӯҳо миёни Амрико ва Толибон дар Қатар поён ёфтааст. Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзод дар сафҳаи "Твиттер"-и худ умедворӣ кардааст, ки ин ид охирин иде бошад, ки Афғонистон дар ҷанг ба сар мебарад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон рӯзи 12-уми август дар "Твиттер" бо нашри паёме ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ин даври гуфтугӯҳо тӯлонӣ ва босамар будааст. Ба гуфтаи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, аъзои ҳар ду тим то субҳи имрӯз машғули гуфтугӯ буданд ва ба ин натиҷа расиданд, ки барои иқдомҳои баъдӣ бо раҳбаронашон машварат кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, бо он, ки то ҳанӯз маълум нест созиш ба зудӣ сурат бигирад, аммо шуморе аз манбаъҳо гуфтаанд, ки ихтилофҳои дуҷониба хеле кам ва ночиз аст.

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон ва дигар мақомҳои ИМА то ҳанӯз дар мавриди поён ёфтани гуфтугӯҳо дар Қатар чизе нагуфтаанд, аммо оқои Халилзод рӯзи гузашта ба муносибати Иди Қурбон дар "Твиттер" навишт, ки умедвор аст охирин иде бошад, ки Афғонистон дар ҷанг ба сар мебарад. Оқои Халилзод ҳамчунин гуфт, ки барои расидан ба як мувофиқатномаи доимӣ ва як Афғонистони пурқудрат, ки дигар ба ҳеҷ як кишвар аз онҷо таҳдид набошад, сахт талош мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи амрикоӣ бо раҳбарии Халилзод рӯзи севуми август даври ҳаштуми гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибонро оғоз карда буд. Оқои Халилзод дар ин муддат ба Ҳинд, Норвегия ва Олмон сафар кард. Ӯ дар ин кишварҳо бо вазирони умури хориҷӣ ва бархе мақомҳои дигар дар робита ба гуфтугӯҳои сулҳ ва суботи Афғонистон баҳс кард ва аксарияти ин кишварҳо ваъдаи ҳамкорӣ доданд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 11 август дар суханронии худ ба муносибати Иди Қурбон гуфт, ки хостори сулҳ бо Толибон аст, аммо афзуд, ки сарнавишти Афғонистон дар хориҷ муайян намешавад.

Вай гуфт, "сарнавишти мо дар хориҷ аз кишвар таъйин намешавад, агар дар пойтахтҳои кишварҳои дуст, бадбин ё ҳамсояи мо бошад. Сарнавишти Афғонистон дар инҷо, дар Афғонистон таъйин мешавад. Дар ҳар гӯшаи Афғонистон ва дар рӯ ба рӯи ҳар афғон".

Ҳарчанд раёсати ҷумҳури Афғонистон гузоришҳоро, ки гӯё онҳо мусаввада ё сиёҳнависи мувофиқатномаи сулҳро ба даст овардаанд, рад кард, аммо бархе манобеи давлатӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мумкин аст дар рӯзи севум ё чаҳоруми Иди Қурбон созишномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон имзо шавад.

Тибқи гузоришҳо, пас аз имзои созишномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон, музокироти байни афғонҳо баргузор мешавад. Эҳтимол меравад, ки даври аввали гуфтугӯ миёни афғонҳо дар Норвегия ё Олмон баргузор шавад.

Аз замони суқути режими Толибон дар Афғонистон дар тирамоҳи соли 2001, дар ин кишвар ҷангҳои хунин идома дорад. Дар ин муддат даҳҳо ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва садҳо ҳазор нафари дигар овора шуданд.

XS
SM
MD
LG