Дар чанд ҷумла
Тоҷикистон, Чин ва Узбекистон масири нави интиқоли молро созмон медиҳанд
Узбекистон, Тоҷикистон ва Чин мехоҳанд, интиқоли молро ба воситаи масири нави "Тирмиз -Душанбе-Кошғар" ба роҳ монанд.
Чанд рӯз пеш барои санҷиш дар ин масир корвони мошинҳо - ду мошинӣ аз ҳар кишвар ба ҳаракат даромад. Расонаҳо бо истинод ба Вазорати нақлиёти Узбекистон хабар доданд, ки масири мазкур 1422 километр тӯл дорад.
"Ҳадафи асосии ташкили масир тақвияти интиқоли мол ба воситаи мошинҳо аз Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баръакс аст. Ҳамчунин он яке аз роҳҳои алтернативии дигари интиқоли молҳои Узбекистон тавассути бандарҳои Чин ба кишварҳои севум аст",-мегӯянд масъулони Вазорати нақлиёти Узбекистон.
Ширкати муштараки Чину Узбекистон -- Silk Road International моҳи сентябри соли гузашта интиқоли молро ба воситаи масири "Тошканд - Андиҷон - Ӯш - Эркештам - Кошғар" ва баръакс бар роҳ монда буданд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли равон барои афзоиши тавонмандии бахши ҳамлу нақли кишвараш "харитаи роҳ"-еро тасдиқ кард. Харита, аз ҷумла ташкили ҳаракати санҷишии мошинҳо дар масири Узбеистон-Тоҷикистон-Чинро пешбинӣ мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Путин қонунҳои сахтгиронаро дар бораи муҳоҷирон имзо кард
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо имзои чанд қонуни нав иҷозат додааст, ки назорат ба кор ва зиндагии хориҷиён дар ин кишвар сахттар шавад. Ҷое, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон низ бо умеди ёфтани маоши муносиб ва зиндагии беҳтар қарор доранд.
Тарҳи нави Кодекси маъмурии Русия яке аз қонунҳоест, ки Путин 4-уми август имзо кард. Танҳо ин кодекс 45 моддае дорад, ки дасти мақомоти Русияро барои ихроҷи муҳоҷирон бозтар мекунад.
Аз ҷумла, бо гуноҳи сарпечӣ аз талаботи пулис, ба ҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ, бадном кардани нерӯҳои мусаллаҳ ва даъват ба таҳримҳои зидди Русия.
Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022, мансабдорони рус муҳоҷирати кориро дар он кишвар сахттар карданд. Аз он замон то кунун мавридҳои зиёди боздошту ҳабс ва ихроҷи муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон, сабт шудааст.
Чанде аз муҳоҷирон қаблан бо шарти фош нашудани ном гуфта буданд, ки аз аксари онҳо хоста шудааст, бо артиши Русия қарордод баставу ба майдони даргирӣ раванд ва дар иваз аз ҷавобгарӣ озод ва ҳам соҳиби шаҳрвандии он кишвар шаванд.
Раиси Думаи давлатии Русия мегӯяд, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 аз ин кишвар ҳудуди 44 ҳазор муҳоҷирро берун карданд.
"Амалиёт"-и зидди либоси “бегона” дар Панҷакент
Намояндагони ҳукумат ва маъмурони милиса дар шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ба зидди, ба гуфтаашон, либоси “бегона” маърака баргузор кардаанд.
Бино ба чанд аксе, ки дафтари Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар Панҷакент рӯзи 4-уми август нашр кард, асосан занон ва духтарони ҳиҷобдор ҳадаф қарор гирифтаанд.
Дар ин тасвирҳо дидан мумкин аст, ки мақомот бо занону духтарони ҳиҷобдор “суҳбат” мекунанд ва як маъмури милиса низ дар канорашон аст.
Мақомот ҳадафро “пешгирӣ аз фарҳанги бегона, ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ” номида, аммо нагуфтаанд, ки амалиёт чанд нафарро фаро гирифт.
Ҳамчунин дақиқ нест, ки ба занон чӣ гуфта ва аз онҳо чӣ хоста шудааст.
Баъзе аз занони ҳиҷобдор, ки то кунун аз суҳбати мақомот гузаштаанд, аз тарси пеш наомадани мушкил дар кор ва зиндагияшон аз додани тафсилот ба мо худдорӣ карданд.
Аз ин пеш, дар моҳи май, Идораи кор бо занон дар ноҳияи Рӯдакӣ маъракаеро бо номи “Деҳа ба деҳа” баргузор карда, баҳси пӯшидани либоси “худӣ” ва “бегона”-ро барои занону духтарон доғ карда буд.
Намояндагони мухолифон чунин рафторро танқид карданд ва баъди баҳсҳои тунд аксҳои як рӯзи ин “корҳои фаҳмондадиҳӣ”, ки асосан ҳиҷобдорон мавриди суҳбат буданд, аз саҳифаи Идораи занони ноҳияи Рӯдакӣ пок карда шуд.
Аз моҳи июни соли 2024 “овардан, фурӯхтан ва пӯшидану таблиғи либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” дар Тоҷикистон манъ аст. Барои риоя накардани он ҷазо таъйин шудааст.
Либоси “бегона” дар Тоҷикистон шарҳи ягона надорад, аммо мақомот бештар пӯшиши исломиро ба мисли ҳиҷобу чодари сиёҳи занон ҳадаф гирифтаанд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қаблан аз занону духтарон хоста буд, ки либоси “тангу сиёҳ ва ҳарир” низ напӯшанд.
Боздошти хориҷиён ба гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе
Пулиси Душанбе аз боздошти шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.
Ин ниҳод бо нашри наворе гуфт, як гурӯҳ шаҳрвандон аз кишварҳои ҳамсоя, ошёнаи дуюми меҳмонхонаеро дар пойтахт ҳамчун маркази дилхушӣ ё караоке ба иҷора гирифта, онро ба фоҳишахона табдил додаанд.
Маълум нест ин гумонбарон аз кадом кишваранд ва мақомот ҳам дар ин бора чизе нагуфтааст. Аммо дар наворҳои мақомот аз макони ҳодиса, навиштаҷот бо хатти чинӣ дида мешавад
Ба иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, гумонбарон гурӯҳе аз ҷавондухтарони хориҷиро ба анҷоми амалҳои шаҳвонӣ ҷалб намудаанд.
Нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парванда оғоз гардидааст. Ин банди қонун барои "ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона", ҷарима ва ё маҳрум намудан аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Маълум нест, ки оё афроди дастгиршуда ва занони гумонзад ба сабукпойӣ, бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ва ба ин иттиҳом чӣ назар доранд. Ба иттилои пулис, занҳо аз қаламрави кишвар ихроҷ мешаванд.
Ин барои бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон хориҷиҳо ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт мешаванд.
Дар моҳи октябри соли 2025 Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе як шаҳрванди дигари хориҷиро, бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона бо ҷалби хориҷиён, боздошт карда буд.
Пизишкиён овозаҳо дар бораи истеъфояшро рад кард
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, қасди ба истеъфо рафтан надорад ва овозаҳоеро, ки дар рӯзҳои ахир дар бораи барканории ӯ нашр шуд, рад кард.
Пизишкиён дар навори видеоие, ки шуморе аз хабаргузориҳои Эрон нашр карданд, гуфтааст, ҳар замоне, ки тасмим ба истеъфо бигирад, онро ба таври расмӣ эълон хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин овозаҳоеро, ки гӯё миёни вай ва Оятуллоҳ Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Эрон, ихтилоф ба вуҷуд омадааст, рад кард.
Пизишкиён гуфт, "онҳо мехоҳанд чунин вонамуд кунанд, ки гӯё ихтилофе вуҷуд дорад. Раҳбарӣ чизе мегӯяд ва онҳо иддао мекунанд, ман чизи дигаре мегӯям".
Қарор аст ин видео, ки "Гузориш ба мардум" ном дорад, дар рӯзҳои оянда ба таври пурра нашр шавад.
Муҷтабо Хоманаӣ пас аз онки ба унвони ҷойнишини падараш Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эрон эълон шуд, то кунун дар маҳзари умум дида нашудааст.
Баҳси парчам. Узбекистон як зани муҳоҷирро аз Русия меорад
Як шаҳрванди Узбекистонро, ки дар амалиёти нерӯҳои Русия дар вилояти Нижегород дастгир шудааст, ба зодгоҳаш меоранд.
Севара Мӯсоева ба он муттаҳам аст, ки қолини хурдеро бо тасвири парчами Русия зери пой андохтааст.
Саҳифаи “Многонатсионал” дар Телеграм, ки зидди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ аст, навори мақомоти қудратии Русияро дар бораи боздошти Севара Мӯсоева нашр кард.
Ин зан дар яке аз наворҳо гуфтааст, қолинро рӯзе пеш аз амалиёт “аз партовгоҳ ёфт” ва мехост “онро покиза кунад”.
Мақомот дар Русия масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноиро нисбат ба шаҳрванди Узбекистон баррасӣ доранд. Эҳтимол ӯро ба “беҳурматӣ нисбат ба парчами давлатии Русия” айбдор кунанд.
Дар Оҷонси муҳоҷирати Узбекистон гуфтаанд, ба ин зан ёрии ҳуқуқӣ расонда мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, аз ҳисоби Бунёди Муҳоҷират барои Севара Мӯсоева билети ҳавопаймо харидаанд ва ӯ бояд рӯзи 6-уми август баргардад.
Дар шаш моҳи аввали имсол аз вилояти Нижегороди Русия зиёда аз 1000 коргари хориҷӣ ронда шудаанд.
Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ ёрии башардӯстона гирифтааст
Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон аз 19 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла аз Кореяи Шимолӣ ёриҳои башардӯстона гирифтааст.
Ба гузориши Оҷонси омор, пули кумакҳо зиёда аз 12 миллион долларро ташкил медиҳад.
Чин, Амрико, Русия ва Кореяи Ҷанубӣ бузургтарин кумакрасонҳои Тоҷикистон дар соли равон ҳастанд ва зиёда аз нисфи ёриҳо аз ин чор кишвар будааст.
Дар гузориши Оҷонси омор бе овардани ҷузъиёт гуфта шудааст, ки 1,5 дарсади кумакҳои башардӯстона ба Кореяи Шимолӣ рост меояд. Мақомот нагуфтаанд, ки ёриҳои Кореяи Шимолӣ аз чӣ иборат буд.
Кореяи Шимолӣ як кишвари баста ва коммунистӣ аст, ки бо сабаби таҳримҳои байнулмилалӣ шароити иқтисодиаш вазнин аст.
Дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистон ҳамчунин аз Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Белгия, Ҳолланд, Эрон, Ҷопон, Олмон, Дания, Туркия, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Италия, Британия, Узбекистон ва Қазоқистон ёриҳои башардӯстона дарёфт кардааст.
Рӯшан нест, ки ёриҳои башардӯстона кай, чӣ гуна ва дар куҷо сарф шудаанд.
Навор дар Инстаграм:
Манъи сӯзондани ҷасадҳо дар Қирғизистон
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, қонунеро имзо кард, ки бар асоси он сӯзондани ҷасади фавтидагонро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ то соли 2040 манъ мекунад.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Қирғизистон, ташаббускори ҷорӣ намудани ин маҳдудият Девони вазирон аст.
Мақомот набудани зербунёди зарурӣ ва сарчашмаи маблағгузориро аз сабабҳои манъи сӯзондани ҷасадҳо гуфтанд.
Соли 2024 дар Қирғизистон қонуне қабул шуда буд, ки сӯзондани ҷасадҳоро дар ин кишвар иҷозат медод.
Баъзе аз вакилони порлумон он вақт гуфтанд, чунин иншоот бо маблағи давлат сохта шуда, аз он танҳо касоне истифода мебаранд, ки эътиқоди диниашон сӯзондани ҷасадро иҷозат медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир дар Осиёи Марказӣ танҳо як нуқтаи сӯзондани ҷасадҳо аст, ки моҳи апрели имсол дар шаҳри Алмато ифтитоҳ шуд.
Идомаи ҳамлаҳои Украина ва Русия ба якдигар
Украина ва Русия дигарбора бо паҳподҳо ба ҳадафҳои гуногун, аз ҷумла иншооти энергетикӣ ва ғайринизомии якдигар ҳамла карданд.
Дар ин миён Украина ҳамларо ба анборҳои бузургтарин фурӯшгоҳи онлайнии Русия, ширкати “Wildberries”, идома дод. Ин дафъа як анбор дар вилояти Владимир ҳадаф қарор гирифт.
Ширкати "Wildberries" рӯзи 3-юми август дар баёнияи расмӣ гуфт: "Бар асари ин ҳамла дар иншооти икмолотии ширкат дар вилояти Владимир оташсӯзӣ ба вуқуъ пайваст. Мардумро ба ҷойи амн бурданд. Касе осеб надидааст."
Ин ҳамла як рӯз пас аз зарбаи паҳподии Украина ба анбори дигари "Wildberries" дар вилояти Самара, 800 километр дуртар аз марзи Украина, сурат гирифт.
Нерӯҳои украинӣ дар ҳафтаҳои охир ба даҳҳо анбори "Wildberries" дар гӯшаҳои гуногуни Русия зарба заданд. Украина мегӯяд, "Вайлдберрис" бо фурӯши амволи лозим барои низомиёни Русия дар ҷанг ба зидди Украина ёрӣ мекунад. Маскав ин иттиҳомотро рад кардааст.
Русия дар посух ба ин ҳамлаҳо ба як анбори фурӯшгоҳи онлайни украинии "Rozetka" дар вилояти Киев зарба зад. Дар ин ҳодиса дар рӯзи 2-юми август касе осеб надидааст. Дар ҳамлаи пешина ба ҳамин анбор, ба гуфтаи додситонии вилояти Киев, як нафар кушта ва дастикам шаш тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Мақомоти Русия гуфтанд, ки бар асари ҳамлаи паҳподии Украина дар ҷойи шино ва истироҳати мардум дар соҳили Баҳри Сиёҳ ҳафт нафар, аз ҷумла се кӯдак, кушта шуданд.
Ба гуфтаи Сергей Аксенов, раҳбари дастнишондаи Русия дар нимҷазираи Қрим, ки Маскав онро дар соли 2014 ба қаламраваш ҳамроҳ кард, дар ҳамлаҳои шабонаи Украина ба инҷо чаҳор нафар ҷон бохтаанд.
Вазорати дифои Русия рӯзи 3-юми август эълон кард, ки системаи дифои ҳавоӣ 131 паҳподи украиниро дар шаби гузашта дар чанд минтақа сарнагун ва нобуд кардааст.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Роберт Бровдӣ, фармондеҳи воҳидҳои паҳподии Украина, онҳо дар муддати чаҳор рӯз ба чаҳор полоишгоҳи нафти Русия ва як терминали баҳрӣ зарба зада, осеби зиёде ба онҳо расонданд ва аз ҷумла 12 бушкаи азими маводи сӯхтро нобуд карданд.
Владимир Зеленский рӯзи 2-юми август дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки танҳо дар як ҳафтаи гузашта Русия бо 1900 паҳпод, наздики 1600 бомби ҳидоятпазир ва 144 мушаки гуногун ба Украина зарба задааст.
Видео дар инҷост:
Покистон аз Ароқчӣ хост, ки ба Исломобод сафар кунад
Расонаҳои Эрон шомгоҳи 3 август хабар доданд, ки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Покистон дар бораи таҳаввулоти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ телефонӣ гуфтугӯ карданд ва аз Аббос Ароқчӣ барои сафар "дар аввалин фурсати мумкин" ба Исломобод даъват шуд.
Бар пояи ин гузориш, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар ин тамос дар баробари баррасии охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва раванди таҳаввулоти дипломатии ҷорӣ, бар идомаи ҳамкориҳои наздик бо ҳадафи барқарории доимии сулҳ ва субот дар минтақа таъкид карданд.
Ин гузориш меафзояд, ки Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷии Покистон дар ин тамос ба таври расмӣ аз Аббос Ароқчӣ барои сафар ба Исломобод дар "аввалин фурсати мумкин" даъват кард.
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳоли ҳозир дар Ироқ қарор дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби ин даъват чист.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки қаблан гуфта буд, "ҳамлаи бузург" ба Эронро барои додани фурсати дубора ба дипломатия, бекор кардааст, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфта буд, ки музокироти Теҳрон ва Вашингтон барои даст ёфтан ба созиш қарор аст рӯзи душанбе оғоз шавад. Теҳрон анҷоми музокирот дар рӯзи душанберо рад кардааст.
Як зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд
Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, як зодаи Тоҷикистонро барои тарғиби ақидаҳои исломи ифротӣ ва боло гузоштани миллати тоҷик аз миллатҳои дигар аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кардаанд.
Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Калаш дар Чувашистон хабар додааст, ки зодаи 61-солаи Тоҷикистон ба ифротгароӣ ва ҳамчунин тарғиби зидди сохти конститутсионии Русия муттаҳам дониста шуд. Ӯ аз соли 2011 дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекардааст.
Хадамоти Федеролии Амнияти Русия (ФСБ) видеои боздошти зодаи Тоҷикистонро нашр кард. Дар он дидан мумкин аст, ки маъмурони амниятии Русия ӯро завлона дар даст ба идораи муҳоҷират бурда, дар онҷо бо имзои санаде шиносномаашро гирифтаанд.
Дар баёния омадааст, "марди тоҷик дар байни мардум исломи ифротиро тарғиб мекард ва тоҷиконро бартар аз миллатҳои дигар меномид, ки ҷиноят ва таҳдид ба амнияти Русия аст".
Маълум нест, ин мард дар куҷо чунин гуфтааст ва назари ӯро ҳам дар хабар наовардаанд.
Як таҳқиқи кӯтоҳи Радиои Озодӣ дар вебсайтҳои расмии мақомоти интизомии Чувашистон нишон дод, ки танҳо дар соли 2024 се зодаи дигари Тоҷикистонро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва якеро барои дуздӣ аз ин ҷумҳурии Русия ихроҷ кардаанд.
То 280 миллиард рубл. Зарари расида ба анборҳои Wildberries
Дар пайи зарбаҳои Украина ба анборҳои ширкати Wildberries дар Русия, соҳибони мол то 280 миллиард рубл зарар дидаанд. Ин ҳисоби ибтидоӣ аст ва метавонад бештар шавад.
Оморро маҷаллаи Forbes бо такя ба иттилои Сергей Семко, мутахассиси маркази таҳқиқотии Data Insight нашр кард.
Семко мегӯяд, то 2-юми август наздик ба 1,1 миллион метри мураббаъ анборҳои Wildberries зарар дидаанд, ки 22 дарсади имконоти лоҷистикӣ ё икмолотии ин ширкатро ташкил медиҳанд. Барои барқарор кардани ин маконҳо қариб 80 миллиард рубл лозим будааст.
Ширкати Wildberries дар бораи зарари расида аз ҳамлаҳои Украина расман чизе нагуфтааст. Теъдоди соҳибкорони зарардида ҳам маълум нест.
Ба гуфтаи яке аз мудирони Wildberries Денис Ветренников, сухан дар бораи зарар дидани садҳо ҳазор соҳибкор меравад. Дар миёнашон намояндагони Осиёи Марказӣ ҳам ҳастанд.
Соҳибони мол аз он шикоят доранд, ки дар анборҳои ин ширкат ба миллионҳо рубл маҳсулоташон нобуд шуд, аммо ширкат аз пардохти ҷуброн саркашӣ кард.
Киев бар ин назар аст, ки Wildberries дар таҷовузи Русия ба хоки Украина ва идомаи ҷанг дар он кишвар саҳм дошта, тавассути ин ширкати азим амволи ҷангӣ нигаҳдорӣ ва интиқол меёбанд.
Кремл ин айбномаро намепазирад.
Эълони кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ
Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз даври нави қабули муҳоҷирон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.
Сабтиноми муҳоҷирон барои ширкат дар имтиҳони кор дар Корея рӯзи 10-уми август баргузор мешавад. Ҳаққи сабтином 330 сомонӣ будааст.
Мақомот мегӯянд, барои ширкат дар имтиҳонҳои “EPS topik”, довталаб бояд аз 18 то 39-сола бошад, забони кореягиро донад, доғӣ судӣ надошта бошад ва қаблан аз Корея ихроҷ ё депорт нашуда бошад.
Дар хабари расмӣ омадааст, ки муҳоҷирон барои кор дар “бахши истеҳсолот” дар Корея ҷалб карда мешаванд. Дар бораи шарту шароит ва музди кор тафсилот дода нашудааст.
Дар пайи зиёд шудани фишор ва рейду санҷишҳои пулис дар Русия, муҳоҷирони тоҷик талош доранд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ барои кор раванд.
Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар як таҳлили худ гуфтааст, соли 2024 дар Кореяи Ҷанубӣ 6 ҳазору 339 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси визаҳои кӯтоҳу дарозмуддат қарор доштанд. Беш аз сӣ дарсади онҳо занон будаанд.
Ҳар сол ҳазорҳо сокини Тоҷиикстон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба хориҷа мераванд. Ҳарчанд мақомот пули фиристодаи онҳоро намегӯянд, созмонҳои байнулмилалии молие ба мисли Бонки ҷаҳонӣ эътироф мекунанд, ки пули муҳоҷирон асоси рӯзгузаронии хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст.
Навор дар Инстаграм:
Созиши нави Тоҷикистону Узбекистон дар бораи корхонаи муштарак
Ҳукумати Тоҷикистон созиши навро бо Узбекистон дар бораи таъсиси корхонаи муштарак ба порлумон фиристодааст. Вакилон бояд онро баррасӣ кунанд. Радиои Озодӣ 3-юми август бо санад шинос шуд.
Тибқи ин ҳуҷҷат, "Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон" мақоми "созмони байнулмилалӣ"-ро хоҳад дошт. Бар асоси созиши ибтидоӣ, ки соли 2021 миёни Душанбе ва Тошканд имзо шуда буд, ин ширкат бояд ба таври Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд кор мекард.
Тоҷикистон пазируфтааст, ки аз ширкати муштарак бо Узбекистон андоз аз арзиши иловашуда ё НДС намегирад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин кафолат додаанд, ки молу мулки ин ширкатро мусодира ё миллӣ намекунанд.
Ба "Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон" ҳамчунин ҳақ дода шудааст, ки бе гирифтани иҷозатномаҳои иловагӣ, дар муомилоти худ аз пулҳои хориҷӣ истифода барад.
Тибқи маълумот аз манбаъҳои боз, 75 дарсад саҳмияҳои ин ширкат ба Бунёди таҷдид ва рушди Узбекистон ва 25 дарсади дигар ба ширкати "Тоҷинвест" тааллуқ дорад. Ҳадафи ширкат пуштибонӣ аз тиҷорати хурду миёна ва рушди иқтисодӣ эълон шудааст.
Душанбеву Тошканд соли 2016 ва пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбекистон, равобити тиҷоратии худро густариш дода, низоми раводидро аз байн бурданд.
Моҳи марти имсол мақомоти Тоҷикистону Узбекистон эълон карданд, ки мехоҳанд дар чор соли оянда додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд. Додугирифти ҳозираи ду тараф ҳудуди як миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳарду кишвар барои поймоли ҳуқуқи инсон ҳамвора танқид мешаванд.
Ҳалокати 6 кас дар як садамаи нақлиётӣ дар Ваҳдат
Дар пайи як сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат шаш нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса субҳи шанбеи 1-уми август дар роҳи Норак-Ваҳдат рух дода, Радиои Озодӣ нав ҷузъиёти онро ба даст овард.
Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, чор нафар аз ҳалокшудагон аз як оила буданд ва ду каси дигар ҳам хешованди онҳо мебошанд.
Ин манбаъ гуфт, ҳодиса дар минтақаи Зардолуи шаҳри Ваҳдат рух додааст. Ҳалокшудагон сокинони ҷамоати Карим Исмоил будаанд.
Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Тибқи иттилои дарёфтӣ, ду мошин бо ҳам бархӯрдаанд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз хешовандони ҳалокшудагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хонавода барои хабаргирии беморе ба ноҳияи Ёвон рафта буданд ва аз тариқи шаҳри Норак ба Ваҳдат бармегаштанд.
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, дар миёни ҳалокшудагон кӯдакон низ ҳастанд.
Вазорати корҳои дохилӣ то лаҳзаи нашри ин хабар ҳодисаро расман шарҳ надодааст.
Навор дар Инстаграм:
Ҳамарӯза дар роҳҳои Тоҷикистон садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳад, ки боиси ҳалокат ва маҷрӯҳ шудани сокинон мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ 287 кас ҷон бохта, 508 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
То $20 ҳазор. Шарти нави Амрико ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва 49 кишвари дигар
Иёлоти Муттаҳида дарёфти виза ё раводиди саёҳатӣ ва тиҷоратиро барои шаҳрвандони панҷоҳ кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, сахттар кард. Акнун аз ҳар довталаби сафар то бист ҳазор доллар гаравпулӣ талаб хоҳад шуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико гуфт, қоидаи нав аз 3-юми август ба таври доимӣ ба иҷро медарояд.
Қирғизистон ва Туркманистон, ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, низ ба рӯйхат шомиланд. Бештари кишварҳои боқимонда аз Африқо ҳастанд. Мақомоти Амрико шаҳрвандони ин давлатҳоро касоне номидаанд, ки муҳлати қонунии буданро дар Иёлоти Муттаҳида риоя намекунанд.
"Кормандони консулгарӣ ҳамчун шарти додани раводиди ғайримуҳоҷиратӣ (B-1, B-2), вобаста ба салоҳдиди худ, метавонанд то 20 ҳазор доллар гаравпулӣ талаб кунанд," – гуфта шудааст дар эъломияи Департаменти давлатӣ.
Мақомоти Амрико гуфтаанд, ин миқдор пул замонат барои риояи шартҳои истодан ва сари вақт тарк кардани ин кишвар аст. Дар сурати риояи қоидаҳо ва тасдиқи расмии баромадан аз Амрико, гаравпулӣ баргардонида мешавад.
Иёлоти Муттаҳида моҳи августи соли 2025 барномаи озмоишӣ ё санҷишии гаравпулиро барои талабгорони раводид ба ин кишвар роҳандозӣ карда буд. Барнома барои 12 моҳ пешбинӣ шуда, ба раводидҳои сайёҳӣ (B-2) ва тиҷоратӣ (B-1) дахл дошт. Ин барнома ба консулгариҳо иҷозат медод, ки вобаста ба салоҳдиди худ аз 5 ҳазор то 10 ҳазор ё 15 ҳазор доллар гаравпулӣ талаб кунанд.
Дар ибтидо барнома танҳо ба шаҳрвандони Малавӣ ва Замбия татбиқ мешуд, аммо аз аввали соли 2026 рӯйхати кишварҳо калонтар гашт.
Нашрияи "The New York Times" рӯзи 28-уми июл гузориш дод, ки маъмурони Хадамоти муҳоҷирати Амрико ба боздошти хориҷиёне сар кардаанд, ки муҳлати раводид ё визаи онҳо ба поён расидааст. Дар миёни онҳо ҳамсарони шаҳрвандони Амрико низ будаанд.
Дар Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфтаанд, "маъмурияти кунунӣ тамоми корро мекунад, то шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар кишвари мо ҳастанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки кишварро ихтиёрӣ тарк мекунанд, дигар бо ҳавопаймоҳо сафар карда натавонанд."
Бино ба ҳисобҳои тахминӣ, аз соли 2021 то 2025 аз 12 то 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Амрико рафтаанд. Бисёре аз онҳо тавассути барномаҳои муҳоҷиратӣ ё баъд аз дархости паноҳандагӣ дар сарҳади ҷанубии Иёлоти Муттаҳида вориди ин кишвар шуданд. Соли 2025 наздик ба се ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон барандаи лотерея ё бахтозмоии "Green Сard"-и Амрико шуда буданд. Аксар муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар дар бахши боркашонӣ, фурӯшгоҳ ва сохтмону хадамоти дигар кор мекунанд.
Гуфтугӯ