Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳару бародаре дар Кӯлоб аз ғизои олуда ҳалок шуданд


Бемористони вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб.

Ду узви як хонавода дар Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохта ва ду тани дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Табибон мегӯянд, ки ин афрод аз истеъмоли хӯрок заҳролуд шудаанд. Нишонаҳои заҳролудшавӣ дар ин чаҳор сокини деҳаи Пистамазори ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб баъд аз зӯҳри 7-уми август мушоҳида шудааст.

Холмаҳмад Бозоров, яке аз наздикони ин хонавода рӯзи душанбеи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи ҳафтуми август писари амакаш Раҳмоналии 16-сола гирифтори дарде шуд ва бар асари он фавтид ва рӯзи дигар ӯро ба хок супурданд. Ба гуфтаи вай, худ ҳамон рӯз Таманнои 19-сола - хоҳари Раҳмоналӣ ҳам бо ҳамон нишонаҳо худро беҳузур ҳис кард ва замоне, ки ӯро ба бемористон интиқол доданд, маълум шуд, ки ӯ низ заҳролуд шудааст.

"Рӯзи ҳафтуми август Раҳмоналӣ мегӯяд, ки шикамам дард мекунад ва бо ҳамин дард мефавтад. Ҳама аз пайи ҷаноза, Таманно -- хоҳари Раҳмоналиро ба хонаи як амаки дигарам бурданд. Ва баъди чанд вақт оварданд, ки рангу рӯяш дигар аст ва гуфтанд, ки тарсидааст. Дуо хонданд, ки нашуд ва ба бемористон оварданд, онҷо маълум мешавад, ки заҳролуд шудааст",-гуфт мусоҳиби мо. Ба гуфтаи ӯ, Таманно рӯзи шанбеи 10-уми август дар бемористон ҷон дод ва як рӯз баъд ӯро ба хок супурданд.

Холмаҳмад Бозоров дар идома гуфт, ки янгааш Сафармоҳ ва писари хурдии амакаш Эмомалии 13-соларо низ бо ҳамин дард ба бемористони Ҷерқалъаи ҷамоати Даҳана ва баъдан ба бемористони вилоятӣ дар Кӯлоб интиқол дода шуданд. Ба гуфтаи Холмаҳмад Бозоров, дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии писар ва янгааш вазнин арзёбӣ мешавад.

"Худам барои ташхис ба Душанбе омадам ва ҳоло ҳама истироҳат аст гуфта, ҷавоби ташхисро барои фардо гузоштанд. Ҳатто як яхдон намеёбанд, ки ҳамон ташхисро дар яхдон монанд ва худам гирифта, дар хонаи худамон дар яхдон гузоштам",-гуфт мусоҳиби мо.

Дар бемористони вилоятӣ дар Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки натиҷаҳои ташхис фардо муайян хоҳад шуд ва маълум хоҳанд кард, ки ин афрод чӣ гуна заҳролуд шудаанд. Ба гуфтаи сартабиби ин бемористон Давлаталӣ Атоев, ин модар ва се фарзандаш дақиқан аз хӯрок заҳролуд шудаанд, аммо ҳоло маълум нест аз кадом хӯрок ва чигуна.

Ба гуфтаи табибони бемористони вилоятӣ дар Кӯлоб, ҳоло Сафармоҳ ва писараш Эмомалӣ зери назари табибон қарор доранд. Манбаъ мегӯяд, барои наҷоти ин ду узви оила табибон аз Душанбе ба Кӯлоб омадаанд. Дар ин бемористон ҳамзамон гуфтанд, ки ҳоло вазъи саломатии писару модар рӯ ба беҳбуд аст.

Аммо оилаи Бозоровҳо мегӯянд, ки то духтари хонадон дар бемористон ҷон надод, табибон ба вазъи онҳо таваҷҷӯҳ накарданд.

Ин бори аввал нест, ки хонаводаҳо аз заҳролудшавӣ дар Кӯлоб мевафтанд ва ин боиси норозигӣ аз фаъолияти бахши беҳдоштӣ мешавад. Соли 2016 низ се узви оилаи Одинаеваҳо аз заҳролудшавӣ фавтиданд. Ин хонавода аз он шикоят карда буд, ки табибон саривақт ба ҳоли афроди афроди бемори ин хонавода расидагӣ накарданд.

Аммо баъдан Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки хонаводаи Одинаевҳо аз ботулизм фавтидаанд. Вале хонаводаи Одинаевҳо гуфта буд, ки набудани ташхисгоҳи муассир дар Кӯлоб ва таъхир дар ташхис, сабаби марги баъзе заҳролудшудаҳо шуд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG