Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморе, ки худро табобат намекунад, ҷарима мешавад


Тоҷикистон ҷазои шахсонеро сахттар кард, ки мубталои бемории сироятӣ, аз ҷумла сил ва вируси норасоии масунияти бадан ҳастанд, вале аз муоина ва муолиҷа сарпечӣ мекунанд. Акнун онҳо аз 1100 то 1650 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Аз аввали моҳи август шакли дигаршудаи банди 119-и Кодекси ҷурмҳои маъмурӣ пас аз нашр шуданаш дар рӯзномаҳои давлатӣ бақо ёфт ва ҳукми қонунро гирифт.

Акнун ба беморон "барои саркашӣ кардан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикии вируси норасоии масунияти одам ва дигар бемориҳои сирояткунанда сарфи назар аз огоҳии мақомоти тиббӣ, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад".

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, ин тағйир пеши роҳи сироятшавии одамон ба бемориҳои гузарандаро мегирад. Аммо коршиносон мегӯянд, ҷарима бастани гирифторони бемориҳои сироятӣ, ки бе ин ҳам аксаран камбизоатанд ё дар ҷараёни табобат моликияти худро аз даст медиҳанд, ҳоли онҳоро бадтар ва амиқрафти мушкилро бештар мекунад. Ин дар ҳолест, ки шумораи гирифторони СПИД ва ҳамчунин беморони сил ё зардча дар кишвар рӯ ба афзоиш дорад.

Чаро гирифторони сил бемории худро пинҳон мекунанд?

Сафар Наимов, мудири иҷроияи Ассосиатсияи "Ҳамкорӣ барои боздошти сил дар Тоҷикистон" мегӯяд, як сабаби сарпечӣ кардани бархе аз гирифторони сил он низ аст, ки бо ошкор шудани беморияшон, онҳо метавонанд зери табъизи ҷомеа қарор гирифтан ва ё ангуштнамои одамон шаванд.

"Масалан духтароне, ки гирифтори сил ҳастанд, аксар ҳолат онро пинҳон мекунанд ва ба духтур муроҷиат накарда, ба худмуолиҷа машғул мешаванд ва ё ба табибони халқӣ рӯ меоранд ва бо гиёҳу усулҳои бефоидаи дигар худро табобат карданӣ мешаванд. Барои он, ки хавф доранд, мардум аз бемории онҳо огоҳ мешаванд ва дигар онҳо шавҳар карда наметавонанд. Духтурон аз таҷрибаи худ нақл карданд, ки шоҳиди ҳолате шуданд, ки шавҳар вақте аз касалии сил доштани завҷааш огоҳ шуд, ӯро талоқ дод. Агар дар оила ҳам фаҳманд, ки келин бемории сил аст, ӯ мавриди таънаву маломати дигар узви хонаводаи шавҳар қарор мегирад",-афзуд Сафар Наимов.

Наимов гуфт, сатҳи дониши мардум дар бораи бемории сил хеле паст аст, бисёриҳо фикр мекунанд, ки сил бемории ирсӣ аст ва аз модар ба кӯдак мегузарад. Аз ин рӯ, волидон сахт мекӯшанд, сил доштани духтари худро пинҳон доранд, чун дар ғайри сурат хостгорҳо аз чунин хонавода ҳазар мекунанд. Ин сабаб мешавад, ки беморон ба духтур муроҷиат накунанд.

Наимов мегӯяд, гирифторони бемориҳои сироятӣ, хосатан сил, бештар ба кумакҳои равонӣ ва дастгирии маънавӣ ниёз доранд, то чораҳои маҷбуркунӣ. "Аксарияти беморони сил бе ин ҳам аз қишрҳои камбизоати аҳолӣ ҳастанд, ҷарима бастани онҳо роҳи ҳал нест, беҳтар аст, корҳои тарғиботӣ ва машваратдиҳӣ бештар шавад",-гуфт Наимов.

"Шароит барои беморон фароҳам аст"

Аммо масъулони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон шароит барои табобати ройгони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил фароҳам шудааст ва шаҳрвандон уҳдадоранд бо истифода аз ин имконият саломатии худ ва атрофиёнро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд.

Шамсулло Олимзода, сардухтури Маркази бемориҳои сил дар вилояти Хатлон мегӯяд, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳоло озмоишгоҳҳои муосири Genex ба роҳ монда шудаанд, ки бо усули молекулярӣ фаъолият мекунад ва дар давоми ду соат муайян мекунанд, ки шахс гирифтори сил ҳаст ва ё не.

"Ҳоло корвонҳои саломатӣ ҳар сол ба шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои дурдаст сафар мекунад ва маърифати тиббии мардум хеле бештар шудааст. Ҳолатҳое ки беморони сил, духтарон касалии худо пинҳон кунанд, хеле кам шудааст",-гуфт Олимзода.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, воқеан мувофиқи қонун дар сурате, ки шахс ба бемории сироятшаванда гирифтор аст ва хавфаш ба ҷомеаи зиёд мебошаду ӯ аз табобат сарпечӣ мекунад, онҳо уҳдадоранд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ё суд муроҷит кунанд.

Аммо Олимзода афзуд, дар таҷрибаи се соли кори охири худ ӯ ба чунин ҳодиса дучор наомадаст, ки беморе аз табобат сарпечӣ кунад. Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз шумори беморони сил мегӯянд, табобати сил пурра ройгон нест ва гоҳо зӯри онҳо барои хариди дорувор барои даври пурраи табобат намерасад.

На ҳама шароити муолиҷаро доранд

Анвар, як ҳамсуҳбати мо, ки се сол боз бо сил дасту панҷа нарм мекунанд, мегӯяд, танҳо доруҳои зинаи аввалро ройгон дарёфт мекунад, аммо чандин доруи дигарро бояд худ бихарад ва на ҳама вақт, пул ва шароит дорад.

"Барои хӯроки як бемори сил 8 сомонӣ аз буҷаи давлат ҷудо мешавад. Ҳоло он ки асоси табобати бемории мо хӯроки серғизо аст. Худатон хулоса кунед, ки дар 8 сомонь дар як рӯз чи гуна хӯрок харидан мумкин. Барои ҳамин, бисёр вақт дар беморхона хоб намеравам, беҳтар аст дар хона табобат кунам, хӯроки беҳтар истеъмол намоям",-гуфт ӯ.

Навруз Ҷаъфаров, собиқадори соҳаи тиб мегӯяд, таъйини ҷарима барои шахсони гирифтори бемориҳои сироятӣ бештар огаҳӣ ва даъват ба масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа аст.

Ба гуфтаи Навруз Ҷаъфаров, ин як навъ ҳушдор ба шахси гирифтори бемории сироятӣ аст, чунки ӯ бояд дарк намояд, ки на танҳо саломатии худ, балки саломатии ҷомеаро ба хатар меандозад. "Худ қазоват кунед, ки агар шахси гирифтори сили фаъол, ки аз роҳи ҳавоӣ мегузарад, панҷ-шаш узви оила дошта бошад, метавонад, ҳамаи онҳоро сироят кунад”, -- афзуд Ҷаъфаров.

Бино бар омори охирин дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор гифритори ВМНО ва ҳудуди 10 ҳазор мубталои бемории сил сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG