Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати шона ба шонаи Тоҷикистон ва Эрон дар қаҳрамонии CAFA


Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии дувумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мунтахаби ҷавонони Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Бозии даври севуми мусобиқот миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон шаби 12-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Ислом Зоиров (дақиқаи 8-ум), Шаҳром Самиев (36) ва Абдулмуъмин Забиров (68, пеналтӣ) заданд. Як голи мунтахаби Афғонистон ба Рашид Азизӣ (90+4) марбут аст.

Дар бозии дигари даври севум мунтахаби ҷавонони Эрон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Голҳоро Ориё Барзигар (дақиқаи 7-ум), Муҳаммад Заварӣ (13), Ҳусейн Бижанӣ (82) ва Саидризо Мусавиён (90) ба самар расониданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се рӯзи бозиҳо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон, ки шашимтиёзӣ гирифтаанд, дар ҷадвали мусобиқот мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Мунтахаби Афғонистон бо ду имтиёз ҷойи севумро касб намудааст. Дастаҳои Узбекистону Туркманистон бо якимтиёзӣ дар зинаҳои чоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Дар даври чоруми мусобиқот, ки имрӯз, 13-уми август, доир мегардад, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе нахуст Эрон бо Афғонистон ва баъдан Узбекистон бо Тоҷикистон бозӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи панҷ кишвар - Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – ширкат доранд.

Дар доираи ин мусобиқот боз чор бозӣ доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқот аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Тими ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мебошад, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-19)

Даври 1-ум

9 август (ҷумъа)

Афғонистон – Туркманистон – 2:2

Голҳо: Фаршед Воҷдӣ, 10 (1:0). Руслан Приев, 17 (1:1). Тариқ Муҳаммадӣ, 27 (2:1). Бегенчмурат Муродов, 89 (2:2).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 0:2

Голҳо: Муҳаммад Ҳусейн Заварӣ, 50 (0:1). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 75 (0:2).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 120 тамошобин.

Даври 2-юм

Туркманистон – Тоҷикистон – 1:5

Голҳо: Раҳмон Муратбердиев, 16 (1:0). Ҳамадонӣ Камолов, 34 (1:1). Шаҳром Самиев, 75 (1:2). Рустам Соиров, 88 (1:3). Рустам Соиров, 90+2 (1:4). Шаҳром Самиев, 90+5 (1:5).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 тамошобин.

Афғонистон – Узбекистон – 2:2

Голҳо: Беҳзод Шамсиев, 11 (0:1). Тоҳир Рафаэлов, 45 (0:2). Фаршед Воҷдӣ, 59 (1:2). Тариқ Муҳаммадӣ, 86 (2:2).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Даври 3-юм

Эрон – Туркманистон – 4:0

Голҳо: Барзигар, 7 (1:0), Заварӣ, 13 (2:0), Бижанӣ, 82 (3:0), Мусавиён, 90 (4:0).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Тоҷикистон – Афғонистон – 3:1

Голҳо: Ислом Зоиров, 8 (1:0), Шаҳром Самиев, 36 (2:0), Абдулмуъмин Забиров, 68 - аз пеналтӣ (3:0), Рашид Азизӣ, 90+4 (3:1).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1200 тамошобин

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

8-2

6

2

Эрон

2

2

0

0

6-0

6

3

Афғонистон

3

0

2

1

5-7

2

4

Узбекистон

2

0

1

1

2-4

1

5

Туркманистон

3

0

1

2

3-11

1

Даври 4-ум

13 август (сешанбе)

17:00 – Эрон – Афғонистон

20:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

15 август (панҷшанбе)

17:00 – Туркманистон – Узбекистон

20:00 – Тоҷикистон – Эрон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG