Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соро компания" ба чорякфинали қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё роҳ наёфт


Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2019 оид ба футзал дар гурӯҳи “С” мақоми севумро соҳиб шуд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

“Соро компания” дар ду бозӣ аз «Вамос»-и Индонезия бо ҳисоби 4:6 ва «Бонки Бейрут»-и Лубнон бо ҳисоби 2:7 мағлуб шуда, дар даври охирин бар «Донишгоҳи Виктория»-и Мянмар бо ҳисоби 6:5 ғолиб омад. Қаҳрамони Тоҷикистон бо се имтиёз дар гурӯҳи «С» дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.

Ба ин тартиб, «Бонки Бейрут», ки бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд ва «Вамос», ки бо 6 имтиёз дувум шуд, ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё роҳ пайдо карданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2019 оид ба футзал

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

«Вамос» (Индонезия) – «Соро Компания» (Тоҷикистон) – 6:4

Голҳои «Соро компания»: Файзалӣ Сардоров (2), Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммадҷон Шарипов.

«Бонки Бейрут» (Лубнон) – «Донишгоҳи Виктория» (Мянмар) – 4:2

Даври 2-юм

«Соро компания» (Тоҷикистон) – «Бонки Бейрут» (Лубнон) – 2:7

Голҳои «Соро компания»: Файзалӣ Сардоров (2).

«Донишгоҳи Виктория» (Мянмар) – «Вамос» (Индонезия) – 0:3

Даври 3-юм

«Соро компания» (Тоҷикистон) – «Донишгоҳи Виктория» (Мянмар) – 6:5

Голҳои «Соро компания»: Некрӯз Алимаҳмадов (2), Умедҷон Қузиев, Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Фирӯз Сангов.

«Бонки Бейрут» (Лубнон) – «Вамос» (Индонезия) – 4:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «С»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Бонки Бейрут» (Лубнон)

3

3

0

0

15-4

9

2

«Вамос» (Индонезия)

3

2

0

1

9-8

6

3

«Соро компания» (Тоҷикистон)

3

1

0

2

12-18

3

4

«Донишгоҳи Виктория» (Мянмар)

3

0

0

3

7-13

0

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG