Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: ИМА дар бораи таркиши мушаки Русия иттилои зиёд дорад


Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 12-уми август гуфт, ки озмоиши нокоми мушак дар Русия ба мутахассисони амрикоӣ имкон дод, иттилои зиёде дарёфт кунанд.

Трамп дар Твиттер навишт: "ИМА дар натиҷаи таркиши мушаки Русия иттилои зиёде пайдо кард. Мо технологияе амсоли он, вале такмилшудаашро дорем. Таркиши Skyfall-и Русия боис шуд, ки одамон на танҳо дар атрофу акнофи озмоишгоҳ, балке дар дуртар аз он нигарони ҳавои тоза бошанд".

Skyfall, ки НАТО аз мушаки болдори "Буревестник"-и Русия чунин ном мебарад, - ба эҳтимоли зиёд, муҳаррики ҳастаӣ дошта, қудрати интиқоли кулакҳои ҳастаиро доро мебошад.

Навиштани Трамп дар Твиттер нахустин вокуниши расмии ҷониби Амрико ба таркиши мушаки русӣ аст, ки рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар вилояти Архангели Русия рух дод. Расонаҳо менависанд, коршиносони амрикоӣ иттилои дақиқ надоранд, ки оё Русия чунин мушаке сохтааст ё на. Танҳо чизе ки дақиқ аст, озмоиши ноком аст. ИМА ҳанӯз дар солҳои 60-уми асри гузашта аз сохтани ин гуна силоҳ даст кашида, онро ғайри воқеӣ унвон карда буданд.

Алексей Лихачев, роҳбари корхонаи давлатии энержии атомии "Росатом" гуфт, талошҳо барои сохтани чунин силоҳ давом дода хоҳанд шуд. Лихачев дар ин бора дар маросими дафни 5 қурбонии таркиши мушак иттилоъ дод.

Таркиш рӯзи 8-уми август дар вилояти Архангели Русия рух дод.

XS
SM
MD
LG