Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тарроҳ"-и ошӯб дар зиндони Хуҷанд ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. ВИДЕО


Амиралӣ Давлатов ба гуноҳи терроризм ба зиндон маҳкум шуда буд.
Амиралӣ Давлатов ба гуноҳи терроризм ба зиндон маҳкум шуда буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Амиралӣ Давлатовро, ки яке аз тарроҳони ошӯб дар зиндони Хуҷанд ном бурда мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Аммо ӯ дар дидор бо ҳамсараш гуфтааст, ки ин ҳукм ноодилона аст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми Давлатов ва 32 нафар аз гумонбарони дигари ошӯб охири моҳи июл содир шуд. Баъзеҳо ба муддати тӯлонии зиндон, бақия ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардидаанд. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифтааст ва ҳукмҳо расман эълон нашудаанд.

Рӯзи 13-уми август дар Додгоҳи олии Тоҷикистон аз шарҳи ҳукм худдорӣ карданд.

Давлатов гуфтааст, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест

Оқиламоҳ Давлатова, ҳамсари Амиралӣ Давлатов, рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ рӯз пеш бо шавҳараш вохӯрда, тафсилоти ҳукми додгоҳро аз ӯ шунидааст. Давлатов ба ҳамсараш гуфтааст, "аз ҳукм розӣ нест ва аз рӯи он шикоят мекунад."

"Шаби ошӯб ману се фарзандам дар утоқи мулоқот дар зиндони Хуҷанд бо ҳамсарам будем. Воқеан, дар бораи ҳодиса чизе намедонист. Агар медонист, моро ба мулоқот даъват мекард ва мехост барояш либоси зимистона барем?" -- суол гузошт Оқиламоҳ Давлатова.

Таҳқиқи парвандаи Амиралӣ Давлатов ва 32 нафари дигари муттаҳам ба ошӯб дар зиндони Хуҷанд бо иштироки чанд сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва зери назари Додситонии кулли Тоҷикистон ҷараён гирифтааст. Парвандаи онҳоро баҳори имсол барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода буданд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Модарони маҳбусони зиндони Хуҷанд ба ҳукми фарзандонашон розӣ нестанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Қаблан яке аз манобеи огоҳ аз парванда гуфта буд, ки "Амиралӣ Давлатов яке аз ташкилкунандагони ошӯб дар зиндони Хуҷанд аст ва барои ин кор чаҳор моҳ омодагӣ дидааст".

Номи Давлатов барои матбуот ошност. Вай шаш сол пеш ҳамроҳ бо Алимурод Маханов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо иттиҳоми "омодагӣ ба тарконидани бинои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон" дастгир ва ба муддати 19 сол зиндонӣ шуда буд.

Вакилон чизе намегӯянд, модарон шикоят доранд

Дар бораи ҳукми муттаҳамони дигари ошӯб дар зиндони Хуҷанд иттилои зиёд дар даст нест. Ҳимоятгарони онҳо аз суҳбат дар бораи парванда худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, бар асоси санаде, ки имзо кардаанд, ҳақ надоранд, ҷузъиёти додгоҳ ва парвандаро ошкор кунанд.

Яке аз иштирокдорони мурофиа бе зикри номаш рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар маҷмуъ, се нафар ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Боқимондаҳо аз 19 то 24 сол ҳукми зиндон гирифтанд."

Дар ҳамин ҳол, Рафоат Бобоева, сокини шаҳри Истаравшан, хабар дод, ки писараш Умедҷон Рофиеви сисола бо айбномаи ширкат дар ошӯб ҳукми абад гирифтааст. Мақомот ӯро ҳамчунин ба қатли кормандони маҳбас гунаҳкор кардаанд. Ин ҷавон соли 2016 бо иттиҳоми талоши пайвастан ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба 19 соли ҳабс маҳкум шуда буд.

Рафоат Бобоева иддао дорад, ки писараш бар асари шиканҷа "ба гуноҳи нокарда" эътироф кардааст.

"Нусхаи ҳукмро надодаанд"

Ба пайвандони маҳкумшудаҳо нусхаи ҳукмро надодаанд. Пайвандон он чизеро медонанд, ки аз забони худи маҳбусон ҳангоми вохӯрӣ шунидаанд.

Мақсуда Содиқова, модари Фарҳод Содиқов, сокини шаҳри Исфара мегӯяд, ба ҳукми қаблии писараш се сол изофа кардаанд. Писари ӯ пештар бо иттиҳоми ғоратгарии дастҷамъона 16 сол зиндонӣ гашта буд. "Писарам чизе нагуфт, вале вақти вохӯрӣ дидам, ки биниаш шикастааст. Биниии шикаста маълум аст. Пурсидам қоил нашуд, лекин бинӣ аз худаш набуд. Шаби ҳодиса дар хонаи вохӯрӣ буд. Дар ошӯб иштирок надошт", -- гуфт Содиқова.

Мӯъҷиза Шоҳмуродова, сокини дигари Исфара мегӯяд, бар изофаи ҳукми қаблӣ ба писараш 9 соли дигар додаанд. Сафрониддин Шоҳмуродов, писари ин зан ду сол пеш дар Русия боздошт шуд. Ӯро барои қасди сафар ба Сурия ва пайвастан ба ДИИШ айбдор ва дар Тоҷикистон ба 14 соли зиндон маҳкум карданд. Барои ширкат дар ошӯб ҳукми ӯ ба 23 сол расид.

Пайвандони муттаҳамон дар ошӯби Хуҷанд ба бегуноҳии онҳо таъкид доранд ва мегӯянд, наздиконашон зери шиканҷа эътирофи ҷурм кардаанд.

Мақомот ин иддаоро шарҳ надоданд, вале қаблан як мақоми тафтишотӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин маҳбусон чанд моҳ пеш барои ошӯб дар зиндон омодагӣ дидаанд. Ба гуфтаи ӯ, "ин маҳбусон зери ақидаҳои ифротӣ кори худро як навъ ҷиҳод мешумурданд".

Ошӯби пурқурбонӣ

Аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд нӯҳ моҳ гузашт. То ҳанӯз ҷузъиёти ошӯби шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018-ро расман шарҳ надодаанд, ҳарчанд борҳо мақомот гуфтанд, он аз ҷониби онҳое ташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд.

Дар ин ҳодиса ба ҳисоби расмӣ, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ки ошӯбгарон мехостанд, аз зиндон фирор кунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ва баъзе зиндониён гуфтаанд, ки бадрафтории посбонҳои зиндон бо маҳбусон ва шароити бади зиндон яке аз сабабҳои аслии ошӯб будааст. Пештар намояндагиҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомот тақозо карданд, ки ҳодиса ҳамаҷониба баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG