Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Афғонистон бозиро муқобили Бангладеш дар Душанбе мегузаронад


Дастаи мунтахаби миллии футболи Афғонистон нахустин бозиашро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 муқобили мунтахаби Бангладеш 10-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе анҷом медиҳад.

Федератсияи футболи Афғонистон Тоҷикистонро мизбони бозиҳои дастаи мунтахаби миллӣ ҷиҳати баргузории бозиҳои марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 интихоб намудааст.

Мунтахаби Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул бозиҳои хонагиашро барои бори дувум аст, ки дар хоки Тоҷикистон баргузор хоҳад кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистон мизбонии рақобатҳои дастаи мунтахаби Афғонистонро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 пазируфтааст.

Мунтахаби Афғонистон бар асоси қуръакашии марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи сентябри соли равон доир мегардад, дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Бангладеш, Умон, Ҳиндустон ва Қатар рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки 7-уми июни имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳисобро Умрон Ҳайдарӣ, бозигари мунтахаби Афғонистон, боз кард. Голи ҷавобиро Шаҳром Самиев дар дақиқаҳои охири бозӣ ба самар расонид.

Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошеви 53-солаи узбекистонӣ ва тими миллии Афғонистон бо сарварии сармураббӣ Анӯш Дастгири 29-сола, ки дар Ҳолланд ба сар мебарад, ба майдон омада буданд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG