Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни ҷанҷолиро ислоҳ мекунанд. Вакилони пешин ба кор бармегарданд?


Коршиносон мегӯянд, пешаи адвокатӣ дар Тоҷикистон чанд соли охир даргири печидагиҳои ҷиддӣ шудааст. Фишор ба вакилон, муҳокима ва ҳабси дарозмуддати бархе аз онҳо, дигаргуниҳои сохторӣ, камбуди пешаварон ва падидаҳои дигар зарурати ислоҳоти наверо дар ин соҳа ногузир кардаанд.

Боварнакарданӣ, аммо ҳақиқат ин аст, ки ба иллати камии вакилони дифоъ даҳҳо парвандаи ҷиноӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистон бе ширкати адвокат баррасӣ мешаванд, ҳол он ки ҳузури ҳимоятгари хусусӣ ё давлатӣ муҳокима бар асоси қонун ҳатмист.

Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мегӯяд, агар қонуни кори вакилони дифоъ тағйир наёбад, мушкили дастрасӣ ба адвокат боқӣ хоҳад монд. Ҳукумат низ инро дарк кардааст ва аввали соли равон ба таҳияи қонуни нав дастур додааст. Ҳоло дар Тоҷикистони беш аз 9 миллион нафарӣ танҳо 850 адвокат ҳақ доранд, ба корафтодагон хидмат расонанд. Яъне барои ҳар як вакил 11 ҳазор нафар рост меояд.

Барои тағйири қонун Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ба ҳукумат ва порлумон 17 пешниҳод омода кардааст. Аз ҷумла, аз ихтиёри Вазорати адлия баровардани иҷоза ё парвонаи кори адвокатҳо, коҳиши андоз аз даромади онҳо, аз байн бардоштани мақоми соҳибкор барои адвокатҳо ва танҳо ба додситонӣ додани ҳаққи назорати кори онҳо чанде аз пешниҳодҳоянд, ки бояд ба тағйири вазъ кумак кунанд.

Соли 2014 мақомоти Тоҷикистон қонун дар бораи “Адвокатура” тағйир доданд, ки ба гуфтаи мунтақидон, мушкилот ва маҳдудияти кори вакилони дифоъро бештар кард. Ҳаққи назорати кори онҳо ба дасти Вазорати адлия дода шуд ва дар нахустин санҷиши тахассусӣ беш аз се ҳазор вакили дифоъ, бар асоси маҳдудиятҳои қонуни нав аз шуғли худ маҳрум шуданд. Аз ҷумла вакилоне, ки ошкоро сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекарданд ва дар парвандаҳои пурсарусадо вакили фарди муттаҳам ба ҷиноят буданд.

Қонуни пур аз ихтилоф?

Саидбек Нуриддинов дар бораи қонуни феълӣ гуфт: “Дар моддаи як гуфта шудааст, ки адвокатура ташкилоти мустақил ва ғайритиҷоратӣ аст, дар моддаи 13 мегӯяд, ки комиссияи тахассусии ин ниҳод дар назди вазорати адлия бошад. Бандҳои ин қонун ба ҳамдигар ихтилоф доранд. Хуб аст, ки ҳукумат дар фикри тағйири ин қонун аст. Ин қонун кори адвокатҳоро мушкил кардааст.”

Бар асоси қарори ҳукумат то охири сол бояд тарҳи нави қонун омода шавад. Тағйир ва ислоҳи қонун яке аз тавсияҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон аст, ки имсол ҳукуматро барои бархӯрд бо адвокатҳо сахт танқид кард.

Саидбек Нуриддинов мегӯяд, қонуни феълӣ пас аз қабул даҳҳо адвокатро бо баҳонаҳои мухталиф аз ҳаққи кор маҳрум кард. Ҳоло дар навоҳии дурдасти Тоҷикистон корманди милиса бо гумони даст доштан дар ҷиноят сокинеро боздошт мекунанд, кормандони додситонӣ айб эълон мекунанд, муттаҳамро дар додгоҳ муҳокима ва зиндонӣ мекунанд, вале як вакили дифоъ пайдо намешавад, ки аз ҳаққи муттаҳам ба ҷиноят ҳимоя кунад.

Насрулло Шарифов, ягона адвокате ҳаст, ки пас аз 4 сол ба расонидани кӯмаки ҳуқуқи ба сокинони ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ оғоз кардааст. Дар ин ноҳия, ки 22 ҳазор аҳолӣ дорад, дар додгоҳ рӯзе то се парванда баррасӣ мешавад. Аммо Шарифов, ки дар фосилаи якрӯза роҳ аз Масчоҳи Кӯҳӣ, дар Масчоҳи нав зиндагӣ мекунад, имкони ҳамеша сафар кардан ба ин ноҳияро надорад.

“Баҳси замин мешавад, гоҳ даъват мекунанд. Роҳ хеле дароз аст, роҳкиро гарон. Сокинон ҳам бо ин қадар сарф на ҳамеша дар баҳсҳои додгоҳиашон аз кӯмаки адвокат истифода мекунанд” - гуфт ӯ.

Масчоҳи Кӯҳӣ ягона ноҳияе нест, ки вакили дифоъ надорад. Дар навоҳии Тоҷикободу Тавилдара, дар аксар навоҳии вилояти Бадахшон, дар ноҳияи Шӯрообод, Балҷувон, Кӯлоб вакили дифоъ кор намекунад. Додрасҳои тоҷик низ мегӯянд, воқеан баъзе мурофиаҳои додгоҳӣ бидуни ҳузури адвокат, ки як шарти таъмини адолат аст, анҷом меёбад.

Иноят Ғуломзода, раиси додгоҳи ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ мегӯяд, бархе сокинон барои наздикони худ, ки парвандаашон дар додгоҳ муҳокима мешавад, аз ноҳияи Айнӣ, Хуҷанд ва шаҳри Душанбе вакили дифоъ меоранд, вале бисёре аз мурофиаҳо бидуни ҳузури адвокатҳо анҷом меёбад. Бисёриҳо, бинобар гарон будани дархости адвокат аз дигар минтақа аз кори онҳо даст мекашанд.

“Бисёр мехоҳем, ки дар ноҳияи мо ҳимоятгар бошад. Ҳозир бинои суди ноҳия нав сохта мешавад. Ҳатто омодаем, ки барои ҳимоятгарон утоқи корӣ диҳем. Ният дорем, ки тариқи маткуб ба Вазорати адлия дархост кунем, ки барои кори адвокатҳо дар ноҳияи мо мусоидат кунанд” - гуфт ӯ.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон мурофиаҳои додгоҳӣ набояд бидуни ҳузури вакили дифоъ баргузор шавад. Давлат низ ӯҳдадор аст, ки муттаҳам ба ҷиноятро бо адвокати ройгон таъмин кунад. Қонун танҳо дар сурате ҳузур надоштани адвокатро дар парванда сарфи назар кардааст, ки муттаҳам дар ҷиноят аз он даст кашад.

Аз адвокат зери фишор даст мекашанд

Ориф Султонов, адвокати коллегияи “Кафолат” мегӯяд, ин банди қонун аз ҷониби муфаттишон сӯистифода мешавад. Чун дар аксар навоҳӣ адвокат нест, онҳо бо зӯр, ба гумонбар фишор меоранд, то аз вакили дифоъ даст кашад. Ӯ гуфт: “Дар таҷрибаи кории мо чунин ҳолатҳо зиёд аст. Наздикони гумонбар аз мо дархости кӯмак мекунанд. Вақте барои ҳимоя меравем, муфаттиш забонхати гумонбарро нишон медиҳад, ки аз ҳимоя даст кашидааст. Вақти сӯҳбат, гумонбар мегӯяд, ки таҳти фишор зери забонхат имзо гузоштааст”.

Дар чор соли ахир барои кори адвокатӣ довталабон дар вазорати адлия имтиҳон месупоранд. Танҳо пас аз тасдиқи комиссияи вижаи вазорат довталаб ҳаққи кор пайдо мекунад.

Дар ҳоле, ки созмонҳои байналмилалӣ ба мустақилияти адвокатҳо таъкид мекунанд ва ҳукумат ҳам супориши тағйири қонуни адвокатураро додааст, дар Вазорати адлия ба берун шудани ин комиссия аз вазоратро кори дуруст намедонад.

Ботуралӣ Акрамов, як масъули вазорат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, таъсиси комиссияи тахассусӣ дар вазорати адлия баръакс сифати кори адвокатҳоро беҳтар кардааст. Ӯ гуфт, ки онҳо ба ҷуз имтиҳон кори адвокатҳоро назорат намекунанд ва онҳо мустақил ҳастанд.

Ӯ сабаби коҳиши шумораи адвокатҳоро чунин шарҳ дод: “Пештар аксари онҳое ба ҳайси адвокат кор мекарданд, ки пас аз ҷинояте аз кор дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ маҳрум шуда буданд. Дар қонун инро манъ карданд, яъне қонун ҳуқуқи прокурору адвокатро як кард. Прокурор дигар наметавонад адвокатро гӯяд, ки ту ҳам ҷиноят содир карда будӣ. Вақте одам доғи судӣ дошта бошад, прокурор кор карда наметавонад, пас бояд адвокат ҳам кор накунад.”

Ин масъули вазорати адлия мегӯяд, аз тарафи дигар таваҷӯҳи ҷавонон ба кори адвокатӣ кам аст. Коршиносон мегӯянд, бисёре аз ҳуқуқдонҳо танҳо пас аз он ба кори адвокатӣ даст мезананд, ки дар вазорати умури дохилӣ, додгоҳ ва додситонӣ кор пайдо намекунанд. Дар чор сол ҳамагӣ 200 нафар дар Тоҷикистон ба кори адвокатӣ пардохтааст.

Далели таваҷҷӯҳи кам ба кори адвокатӣ ин аст, ки ҳарфи адвокат дар мурофиаи додгоҳӣ таъсиргузор нест ва ҳарфи ниҳоиро додситон ва додрас мезананд. Онҳоро як навъ "тарафдори ҷинояткор" мешуморанд. Корафтодагон мегӯянд, адвокатҳо танҳо дар парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ ба ҷабрдидаҳо кӯмак расонида метавонанд, дар парвандаҳои ба истилоҳ “вазнин” дасти кӯтоҳ доранд.

XS
SM
MD
LG