Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гибралтар нафткаши эрониро пас аз 45 рӯз раҳо кард


Тибқи гузориши расонаҳои муътабари ҷаҳонӣ, киштии нафткаши эронӣ бо номи "Grace 1", ки 46 рӯз қабл аз сӯи мақомоти минтақаи худмухтори Ҷабал Ат-Ториқ ё Гибралтар мутаваққиф шуда буд, ба самти обҳои байналмилалӣ ҳаракат кардааст.

Қаблан мақомоти Амрико аз Гибралтар хоста буданд, ки ин киштии нафткашро раҳо накунад.

Тибқи иттилои хабаргузории "Рейтерз", ин киштии нафткаши эронӣ, ки ба Adrian Darya номашро тағйир додааст, нимашаби 19-уми август дар Баҳри Миёназамин ба ҳаракат оғоз кардааст. Ба гуфтаи манбаъҳо, ин киштӣ дар масири обҳои байнамилалӣ байни Марокаш ва як нимҷазира, ки дарбаргирандаи Испания, Португалия ва Ҷабал Ат-Ториқ аст, дар ҳоли ҳаракат будааст.

Ҳамид Баъидинажод, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бритониё рӯзи 18-уми август дар "Твиттер"-и худ навишта буд, "дар ин лаҳза таъйид мекунем, ки саранҷом 45 рӯз пас аз таваққуф дар обҳои Ҷабал Ат-Ториқ, киштии нафткаши Эрон ҳаракати худ ба тарафи обҳои байналмилалиро оғоз кард".

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин киштии нафткаш ба кадом тараф ҳаракат мекунад. Дар паёми твиттерии сафири Эрон дар Бритониё низ ишорае ба ин, ки киштии нафткаш ба кадом сӯ дар ҳоли ҳаракат аст, нашудааст. Тибқи бархе гузоришҳо, ин киштӣ дар ҳоли ҳаракат ба сӯи обҳои Юнон аст.

Пештар Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфта буд, ки "Ҷумҳурии исломии ба ҳар муштарии қадимӣ ва наве, ки бихоҳад, нафти худро мефурӯшад. Ин кор қонунӣ аст ва ба ҳеҷ кишвари севум рабте надорад".

Киштии нафткаши "Grace 1" рӯзи 4-уми июл аз сӯи ҳукумати худмухтори Ҷабал Ат-Ториқ ва нерӯҳои артиши Бритониё боздошт шуд. Лондон гуфта буд, киштии нафткаши эронӣ хилофи таҳримҳои Аврупо дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Сурия буд. Мақомҳои Эрон ин гуфтаи мақомоти бритониёиро радд карданд ва гуфтанд, лозим намедонанд дар мавриди ин, ки киштӣ ба куҷо ҳаракат дошт, шарҳе пешниҳод кунанд.

Манъи ҳаракати киштии нафткаши Эрон дар Гибралтар дар ҳоле сурат гирифт, ки танишҳо миёни Теҳрон ва Вашингтон дар Халиҷи Форс рӯ ба афзоиш буд. Сипоҳи посдорони Эрон низ як киштии бритониёиро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз мутаваққиф кард. Дар ниҳоят ҳафтаи пеш додгоҳе дар Ҷабал Ат-Ториқ ҳукми озодии киштии нафткаши эрониро дод.

Бо ин вуҷуд Амрико хостори он буд, ки киштии нафткаши эронӣ озод нашавад. Рӯзи шанбе хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода буд, ки санадҳое, ки додгоҳе ба наздикӣ дар Амрико нашр кард, нишон медиҳад, киштии нафткаши "Grace 1" "бар хилофи таҳримҳо дар ҳоли интиқоли нафт ба Сурия буд".

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, санадҳои пешниҳодшуда дар додгоҳи Амрико бар асоси таҷҳизоти электронии дохилӣ киштӣ ва ҳамчунин паёмҳои радубадалшудаи дар Вотсапп ва телефонҳои мобилии ҳайати киштӣ ва низ изҳороти худи киштибонҳо танзим шудааст.

Чанд соат баъд ҳукумати маҳаллии Ҷабал Ат-Ториқ эълон кард, "қодир нест" дархости Амрико барои нигаҳ доштани киштии бузурги нафткаши эрониро бароварда кунад. Ин киштӣ ҳомили дастикам 130 миллион доллар нафти хом аст.

XS
SM
MD
LG