Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии "Истиқлол" ва бохти "Хуҷанд" дар даври 12-уми лигаи олӣ


Дар даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 17-18-уми август доир гардид, ду бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва яктоаш бо ғалабаи меҳмонон хотима ёфт, як дидор мусовӣ шуд.

Бозии марказии даври дувоздаҳум миёни дастаҳои пешсаф - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, ки 17-уми август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо гардид, бидуни гол ба анҷом расид.

Дар бозии дигари рӯзи шанбе «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳарду голро Нозим Бобоҷонов ба самар расонид.

Ду бозии охирини даври дувоздаҳум рӯзи якшанбеи 18-уми август доир шуд. ССКА «Помир»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд – бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ба як голи бозигари меҳмонон Давронҷон Эргашев, футболбозони ССКА “Помир” Шервонӣ Мабатшоев ва Шодибек Ғаффоров бо ду гол посух доданд. Зимнан, ин ғалабаи дувуми пайиҳами низомиён бо раҳбарии мутахассиси украинӣ Сергей Житский мебошад.

«Хатлон»-и Бохтар дар меҳмонӣ «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои Аҳтам Ҳамроқулов ва Наимҷон Иброҳимзода ба «Хатлон» се имтиёз овард. Голи мизбононро Илҳомҷон Баротов зад.

Баъди натиҷагирии даври дувоздаҳум дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин “Истиқлол” пешсафи ягона аст. Қаҳрамони Тоҷикистон 32 имтиёз ба даст овардааст. “Истиқлол” ягона дастаест, ки бохт надорад.

“Хуҷанд” бо 20 имтиёз зинаи дувум ва “Кӯктош” бо 19 имтиёз зинаи севумро касб намудаанд. «Панҷшер» бо ҳашт имтиёз дар зинаи охирин –ҳаштум – қарор дорад.

Бозиҳои даври сездаҳуми лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 24-уми август баргузор мешаванд: «Истиқлол» – «Хатлон», «Истаравшан» – «Хуҷанд», «Панҷшер» – ССКА «Помир», «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ».

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 2:0

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 27 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 90+3 (2:0).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

17 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 800 тамошобин.

«Истиқлол» – «Кӯктош» – 0:0

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

17 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 850 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Давронҷон Эргашев, 28 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 70 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 88 (2:1).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)

18 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 1500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 26 (0:1). Наимҷон Иброҳимзода, 45+2 (0:2). Илҳомҷон Баротов, 69 (1:2).

Аз майдон хориҷ шуданд: Насим Расулов («Истаравшан»), 73, Равшан Азизов («Хатлон»), 73, Парвиз Охунов («Хатлон»), 90+2, Қаҳрамон Ҳомидов («Истаравшан»), 90+4.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

18 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 10 000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

12

10

2

0

33-7

32

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

12

6

2

4

22-12

20

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

12

5

4

3

15-12

19

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

12

4

4

4

16-16

16

5

«Хатлон» (Бохтар)

12

4

3

5

13-15

15

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

12

3

3

6

10-18

12

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

12

3

2

7

10-18

11

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

12

2

2

8

8-29

8

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 гол, Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳиддин Одилов («Кӯктош») – 6-голӣ, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол») – 5-голӣ.

Даври 13-ум

24 август (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Истиқлол» – «Хатлон»

«Истаравшан» – «Хуҷанд»

«Панҷшер» – ССКА «Помир»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

XS
SM
MD
LG