Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳашт паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Токио


Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 25-уми август то 1-уми сентябр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио – баргузор мешавад, ҳашт варзишгари тоҷик дар рақобатҳо миёни мардон ширкат меварзад.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳонӣ иштироки беш аз 850 варзишгар аз 149 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳашт варзишгар шомил аст, ки дар рақобатҳо миёни мардон дар шаш вазн иштирок мекунад: - 66 кг – Хайёмиддин Ҷабборов, - 73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, - 73 кг – Сомон Маҳмадбеков, - 81 кг – Акмал Муродов, - 90 кг – Комроншоҳи Устопириён, - 100 кг – Саидҷалол Саидов, + 100 кг – Шакармамад Мирмамадов, + 100 кг – Темур Раҳимов.

Гуштигирон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 маҷмуъ миёни мардон ва 7 маҷмуъ миёни занон), инчунин, барои як маҷмуи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд. Ҳаррӯз ғолибон аз рӯи як дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва як дараҷаи вазнҳо миёни занон маълум хоҳанд шуд.

Рӯзи якшанбеи 25-уми август гуштигирони вазни сабуктарин – 48 кило миёни занон ва 60 кило байни мардон – қувваозмоӣ мекунанд. 26-уми август занон дар вазни 52 кило ва мардон дар вазни 66 кило, 27-уми август занон дар вазни 57 кило ва мардон дар вазни 73 кило, 28-уми август занон дар вазни 63 кило ва мардон дар вазни 81 кило, 29-уми август занон дар вазни 70 кило ва мардон дар вазни 90 кило, 30-юми август занон дар вазни зери 78 кило ва мардон дар вазни зери 100 кило, 31-уми август мардон дар вазни беш аз 100 кило ва занон дар вазни беш аз 78 кило вориди рақобатҳо мешаванд. Дар рӯзи охирини мусобиқот – 1-уми сентябр – рақобатҳои дастаӣ барпо мегардад.

Ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор доллар (20800 доллар - варзишгар ва 5200 доллар - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор доллар (12000 доллар - варзишгар ва 3000 доллар - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор доллар (6400 доллар - варзишгар ва 1600 доллар - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор доллар (72000 доллар - варзишгарон ва 18000 доллар - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор доллар (48000 доллар - варзишгарон ва 12000 доллар - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор доллар (20000 доллар - варзишгарон ва 5000 доллар - мураббиён) супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки моҳи сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - доир шуд, аз нӯҳ паҳлавони тоҷик ягон нафар натавонист медал ба даст биёрад. Аз миёни онҳо ду нафар – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG