Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки рӯзҳои 24-28-уми август дар шаҳри Нурсултон баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Дар мусобиқаи имсола барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки бори дувоздаҳум доир мегардад, дастаҳои мунтахаби наврасони Арманистон, Қирғизистон, Литва, Тоҷикистон ва ду дастаи мунтахаби нарасони Қазоқистон дар ду гурӯҳ ширкат меварзанд. Ҳамаи бозиҳо дар майдони манежи бинои «Хонаи Футбол» баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «В» ҳамроҳи дастаҳои Арманистон (U-17) ва Қазоқистон (U-16) рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17), Қирғизистон (U-16) ва Литва (U-17) дохиланд.

Мусобиқа рӯзи шанбеи 24-уми август бо бозӣ миёни дастаҳои наврасони Арманистон (U-17) ва Қазоқистон (U-16) шуруъ мешавад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар даври аввали мусобиқа озод аст, дар даври дувум рӯзи якшанбеи 25-уми август бо мунтахаби Арманистон (U-17) рақобат хоҳад кард.

Бар асоси дастури мусобиқот барои Ҷоми президенти Қазоқистон-2019, дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра рақобат мекунанд. Баъдан дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, дар финал бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро соҳиб мегарданд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Дастаҳои дар гурӯҳҳо зинаҳои охиринро ишғолнамуда бошанд, барои ҷойҳои 5-6-ум мубориза мебаранд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон барои дастаи мо як давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 22-юми сентябр дар Урдун доир мегардад. Рақибони мо дар гурӯҳи “А” дастаҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт мебошанд.»

Ҷоми президенти Қазоқистон-2019 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби наврасон

Даври 1-ум

24 август (шанбе)

Арманистон (U-17) – Қазоқистон (U-16)

Қазоқистон (U-17) – Қирғизистон (U-16)

Даври 2-юм

25 август (якшанбе)

Тоҷикистон (U-16) – Арманистон (U-17)

Қирғизистон (U-16) – Литва (U-17)

Даври 3-юм

26 август (душанбе)

Қазоқистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16)

Литва (U-17) – Қазоқистон (U-17)

28 август (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

Финал

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов порсол дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои Ҷоми президенти Қазоқистон бо медалҳои биринҷӣ ва се ҳазор доллар мукофотонида шуда буд.

Футболбозони навраси тоҷик дар бозӣ барои ҷойи сеюм, ки 28-уми августи соли гузашта дар урдугоҳи дастаҳои мунтахаби Қазоқистон - Талгар – доир шуд, бар мунтахаби Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.

Мусобиқаи порсола барои Ҷоми президенти Қазоқистон бо ширкати шаш даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Б» бар тими Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада, аз тими Академияи “Краснодар”-и Русия бо ҳисоби 0:4 мағлуб гашт.

Бар асоси дастури мусобиқот барои ҷоизаи аслӣ – Ҷоми президенти Қазоқистон - дастаи Академияи “Краснодар” (U-17) ва ғолиби гурӯҳи “А” – мунтахаби Озарбойҷон (U-17) дар бозии ниҳоӣ мубориза бурданд. Дар ҷараёни бозӣ ба футболбозон задани гол муяссар нашуд. Бозии ҳалкунанда аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 3:0 ба нафъи футболбозони навраси Академияи “Краснодар” хотима ёфт.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG