Ба иттилои Нодир Сафаров, дабири кулли Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, дар қаҳрамонии ҷаҳон панҷ варзишгари тоҷик - Шаҳриёр Даминов (оид ба каноэ), Абдусаттор Ғафуров, Зоҳирҷон Набиев, Саидилҳомхон Назиров ва Нурмуҳаммади Тоҳир (ҳарчор оид ба байдарка) – иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов соли гузашта дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар мусобиқаи инфиродии қайиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо медали нуқра сарфароз гаштааст. Имсол бошад, ӯ дар Ҷоми бози ҷаҳонӣ дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон дар се масофа се медал гирифт. Аз он ҷумла, дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр соҳиби медали тилло гардид.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қайиқронӣ варзишгарон имкони ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токиоро доранд. Дар ҳар навъи рақобатҳо варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то панҷумро мегиранд, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2020 мушарраф мешаванд.
Тақвими иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар Маҷористон:
21-уми август (чоршанбе)
К1 – 500 метр:
Абдусаттор Ғафуров
К4 – 1000 метр:
Абдусаттор Ғафуров
Зоҳирҷон Набиев
Саидилҳомхон Назиров
Нурмуҳаммади Тоҳир
К1 – 200 метр:
Саидилҳомхон Назиров
22-юми август (панҷшанбе)
К1 – 1000 метр:
Абдусаттор Ғафуров
С1 – 500 метр:
Шаҳриёр Даминов
К2 – 500 метр:
Абдусаттор Ғафуров
Саидилҳомхон Назиров
К4 – 500 метр:
Абдусаттор Ғафуров
Зоҳирҷон Набиев
Саидилҳомхон Назиров
Нурмуҳаммади Тоҳир
23-юми август (ҷумъа)
К2 – 1000 метр:
Абдусаттор Ғафуров
Саидилҳомхон Назиров
С1 – 1000 метр:
Шаҳриёр Даминов
К2 – 200 метр:
Нурмуҳаммади Тоҳир
Зоҳирҷон Набиев
25-уми август (якшанбе)
С1 – 5000 метр:
Шаҳриёр Даминов
К1 – 5000 метр:
Абдусаттор Ғафуров
Театр 🎭 ва тамошобин!
Ман баркчиюм, корма медонам, микрофони озодай балоай корма гуфта метонм ба любой специалист мефахмонм. Охи чихе шумон кортона гап зада наметонен, ба фикрм бесаводен эээ шармандахо рузноматона тен бахотон 1 ё даже 0
Ин хизб хеч вакт халки ва демократи набуд. Ин хизби мансабдорону пулдорону лаббайгуёну лаганбардорон мебошад. Онхо танхо дар фикри некуахволии худ хастанд. Агар интихобот озоду демократи гузарад онхо як фоиз хам овоз намегиранд. Афсус дар Точикистон х,акикат нест. Танхо дуруг дуруг ва дуругхои бисёри тамомнашаванда.
Бисер зур меша агар счетои офшорошона блок кунан
Хамааш хак асту рост аст...гуфтахои модари Санчар апаи Дилором ростанд бе ягон фиребу дуруги махз.