Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудаҳои таркиши Кобул ба 80 нафар расид


Ду мақоми баландпояи Афғонистон рӯзи 21-уми август гуфтанд, ки шумораи қурбониёни таркиш дар ҷашни арӯсии Кобул афзоиш ёфта, ба 80 нафар расидааст.

Дар лаҳзаҳои баъди таркиш гуфта мешуд, ки 63 нафар, аз ҷумла кӯдакон қурбонии ҳамла шудаанд. Ҷашни арӯсӣ шоми 17-уми август дар як тарабхонаи Кобул барпо, вале ба фоҷеа табдил шуд.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, рӯзи 21-уми август гуфт, "17 нафар аз маҷрӯҳон дар бемористон даргузаштанд ва ҳанӯз 160 нафари дигар дар беморхона ваё хонаашон ба муолиҷа идома медиҳанд".

Як мақоми дигар дар Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки дар миёни ин 160 нафари маҷрӯҳ бисёриҳо дар ҳолати сангин буда, бархе ҳатто наметавонанд аз амалиёти ҷарроҳӣ гузаранд.

Ҳамлаи мудҳиш дар ҷашни арӯсиро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт.

Дар пайи ин ҳодиса домоду арӯс зинда монданд. Вале Мирвайс Муҳаммадӣ, домоди 26-сола, ки ҷашни арӯсиаш ба мотам табдил шуд, гуфт, тавони ширкат дар маросими хоксупории меҳмонҳояшро надорад. Ӯ дар сӯҳбат ба хабаргузории "Рейтерс" гуфт, "дидани марги аъзои хонавода ваё ҷароҳатҳои онҳо, ки дар тӯйи ман шудааст, хеле сангин ва таассуфовар аст".

Аз ин пеш Мирвайс ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки аз оилаи оддӣ аст ва дар ҷашни арӯсии ӯ ҳеҷ нафаре аз афроди дорову соҳибмансаб ваё мақомоти баланд ширкат накарданд ва ӯ дар ҳайрат аст, ки чаро маҳз меҳмонҳои ҷашни ӯ мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Ӯ гуфт, "агар шахси сарватманд мешуд, ҷашнашро дар макони беҳтар аз ин ва ҳам зери назорати амниятӣ ташкил мекард".

Мутобиқ ба расму оинҳои маҳаллӣ, ҷашни арӯсӣ дар ду толори аз ҳам ҷудои мардонаву занона ташкил шуд ва таркиш дар қисмати мардона рух дод.

Баъди ин ҳодиса бисёриҳо дар Афғонистон аз ширкат дар ҷашнҳои арӯсӣ худдорӣ мекунанд ва аз ҳукумат тақозо доранд, ки барои таъмини амнияти мардум ва ҷомеа талоши бештар ба харҷ диҳад.

СММ моҳи июл гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 дасти кам 3812 дар пайи ҳамлаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳам амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ ва хориҷӣ кушта ваё захмӣ шуданд.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, ки дар пайи таркиш дар арӯсии Кобул мақомоти Афғонистон аз бекор шудани 25 ҷашни арӯсӣ хабар доданд. Соҳибони маъракаҳо гуфтанд, ки аз такрори ҳамлаҳои эҳтимолии гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳарос доранд. Ин дар ҳолест, ки музокироти сулҳи ИМА ва Толибон ва ҳам масъалаи берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар ҳоли анҷом ёфтан аст.

Муҳаммад Нодир Қарғаӣ, раҳбари иттиҳодияи толорҳои арӯсии Афғонистон ба хабаргузории "Рейтерс" гуфт, "мо ба ҳукумат андоз месупорем ва ҳукумат бояд амнияти моро таъмин кунад. Мо ҳақ дорем, ки ҳимоят шавем".

Созмони мазкур тахминан 100 толори арӯсиро дар ихтиёр дорад, ки барои ташкили маъракаҳои шоди мардум хидмат мекунанд. Як соҳибкоре, ки дар бахши тиҷорати ғизо кор мекунад, гуфт, мардум аз ноамниҳо хеле хаста шудааст. Муҳаммад Ашраф мегӯяд, мардуми бечора гаравгони доду ситадҳои кишварҳои хориҷиву гурӯҳҳои ҷангӣ шудааст, ки "ҳар як талош мекунад худро зӯр нишон диҳад".

Рӯзи сешанбе президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки дар остонаи ниҳоӣ шудани созиш бо Толибон оид ба берунравии нерӯҳои хориҷӣ, нақши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон "масхараомез" ва монанд ба кори нерӯҳои пулис шудааст. Зимнан, қарор аст рӯзи чоршанбе дар Қатар фиристодаи ИМА барои Афғониcтон музокирот бо Толибонро аз сар бигирад. Қарор аст баъди ин ӯ ба Кобул ба хотири мулоқот бо раҳбарони Афғонистон сафар кунад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG