Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: Бурди се даста дар бозиҳои аввали чорякниҳоӣ


Дар бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол, ки рӯзи чоршанбеи 21-уми август баргузор шуданд, дар ду бозӣ меҳмонон ва дар як дидор мизбонон ғолиб омаданд, инчунин як бозӣ мусовӣ шуд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашт. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар меҳмонӣ «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 2:0 мағлуб сохт. «Ҳулбук»-и Восеъ дар майдони худ бар «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Бозии ССКА «Помир»-и Душанбе бо дастаи меҳмон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.

Бозиҳои ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 27-уми август баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019

1/4 финал. Бозиҳои аввал

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 0:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 59 (0:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 88 (0:2).

21 август. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 500 тамошогар.

«Эсхата» – «Истиқлол» – 1:2

Голҳо: Иброҳим Раҳматов, 5 – ба дарвозаи худ (0:1). Шаҳром Самиев, 47 (0:2). Иброҳим Эшонхонов, 74 (1:2).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

21 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1500 тамошогар.

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 63 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 90+4 – аз пеналтӣ (1:1).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

21 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошогар.

«Ҳулбук» – «Дӯстӣ» – 2:1

Голҳо: Диловар Таваралиев, 21 (1:0). Хушвахт Миров, 32 (1:1). Довуд Розиқов, 90 (2:1).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

21 август. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошогар.

XS
SM
MD
LG