Дар чанд ҷумла
Мирзиёев ба муҳоҷирон иҷозат дод, қарзҳояшонро бо рубл баргардонанд
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо имзои як фармон ба муҳоҷирони кишвараш иҷозат дод, ки сар аз соли 2020 сӯмҳои қарз гирифтаи худро аз бонкҳои ватанӣ бо рубли русӣ пардохт кунанд.
Дар ин бора Вазорати адлияи узбекистон 22 август хабар дод.
Ҳамчунин аз соли 2020 ба муҳоҷирони кории Узбекистон, ки шароити зисти хуб надоранд, дар биноҳои баландошёна 3 462 хона қарз дода мешавад.
Аҳолии Узбекистон 33 миллион нафар буда, 19 миллиони онҳо қобилияти корӣ доранд. Аз ин миён 5,6 миллионашон дар Русия кор мекунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти як мард ба иттиҳоми фурӯши ду хирсбачаи малламӯй
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як ҷинояти ғайриоддӣ дар вилояти Суғд хабар додааст ва дар бораи талоши фурӯши ғайриқонунии ду хирсбачаи малламӯи тиёншонӣ.
Вазорат имрӯз дар як баёнияи расмӣ гуфт, кормандони милиса як сокини 28-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро дастгир карда ва ба зидди ӯ бо гумони шикори ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Номи ин ҷавони 28-соларо набурдаанд, вале гуфтаанд, ки ӯ охири моҳи марти имсол дар минтақаи "Қизилтайгӣ" воқеъ дар ҷангалзори Кӯҳсовлисои ноҳияи Шаҳристон ду хирсабачаро гирифта ва бо ҳадафи фурӯш дар хонааш нигаҳ доштааст.
Хирси малламӯй аз ҷонварҳои нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар Китоби сурхи кишвар ворид шудааст.
Дар баёния омадааст, ки шикорчиро ҳангоми фурӯши хирсбачаҳо дастгир кардаанд. Маълум нест, муштариёни ин ҷонварони зебо кӣ будаанд ва оё нисбат ба онҳо низ чорае андешида мешавад, ё на.
Ба қавли вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гумонбар ба ҷиноят бо ин кори худ ба давлат 85 ҳазор сомонӣ зиён расонидааст ва акнун бояд барои ин кораш посух бигӯяд.
Бар асоси Кодекси ҷиноӣ дар Тоҷикистон барои шикори ғайриқонунӣ ҷаримаи бузург ва зиндони шартӣ пешбинӣ шудааст
Ҷасади Шаҳбоз пас аз 10 рӯз аз марзи Узбекистон пайдо шуд
Ҷасади Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, як сарбози Вазорати мудофеаи Тоҷикистон, ки 10 рӯз пеш худро ба дарёи Кофарниҳон партофта буд, аз марзи Узбекистон пайдо шудааст.
Яке аз наздикони ин хонавода рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади Шаҳбоз имрӯз дар марзи Регар бо вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсоя пайдо шуд.
Ба гуфта ӯ, тобути Шаҳбозро падараш тавассути қаламрави Узбекистон ба Тоҷикистон овард. Ҷасадро имрӯз дар шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, ба хок супурдаанд.
Ин сарбози 23-сола рӯзи 27-уми апрел худро ба дарё партофт. Қурбонгул Ашурова, модари Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода рӯзи 29-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш пеш аз оне, ки худро ба об афканад, ба ӯ занг зада буд. Ӯ ба модараш гуфтааст, агар хатое карда бошад, узр мехоҳад.
Ҳанӯз сабабҳои марги ӯ маълум нест. Як манбаи огоҳ аз тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, ду фарзия; бадрафторӣ дар қисми ҳарбӣ ва мушкили хонаводагӣ ҳамчун сабабҳои эҳтимолии даст ба худкушӣ задани сарбоз таҳқиқ мешаванд.
Ба гуфтаи наздиконаш, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар канори Душанбе хизмат мекард ва барои даҳ рӯз рухсатӣ гирифта, ба хонаашон дар ноҳияи Файзобод рафта буд.
Ин сарбоз 28-уми апрел мебоист ба маҳалли хидматаш бармегашт, аммо як рӯз пеш бо баҳонаи ороиши мӯйи сар аз хона баромада ба шаҳри Ваҳдат омад ва худро ба рӯдхона партофт.
Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода соле пеш издивоҷ карда, як тифли панҷмоҳа дорад.
Маргумири сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон моҳи апрел доғ шуд. Дар як моҳи ахир ҳадди ақал марги се сарбоз расонаӣ шуд.
Ба дунболи ин, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ, хост, масъалаи тартибу низом дар воҳидҳои низомиро бисёр ҷиддӣ бигиранд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 4-уми май гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамчунин "рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ" баррасӣ шудааст.
Ҷузъиёти дигареро аз нишаст нагуфтаанд, вале зоҳиран марги пурсарусадои се сарбоз дар моҳи апрел сабаби матраҳ шудани масъалаи бадрафторӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон шудааст.
Наздикони бархе аз ин сарбозон аз шароити нохуб дар қисмҳои ҳарбӣ ва озори сарбозон шикоят карданд. Мақомот мегӯянд, вазъ дар қиёс ба солҳои пеш беҳтар шудааст, аммо хабарҳои ахир ин иддаоро зери суол мебаранд.
Чин хостори бозкушоии ҳарчи зудтари тангаи Ҳурмуз шуд
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва ҳамтои чиниааш Ванг И, рӯзи чоршанбе, 6 май дар Пекин мулоқот карданд.
Дар баёнияе, ки Вазорати корҳои хориҷии Чин аз музокироти ин ду дипломати баландпоя нашр кард, гуфта шудааст, вазири корҳои хориҷии Чин хостори поёни танишҳо дар Ховари Миёна ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз "дар зудтари вақт" аз сӯи Эрон ва Амрико шуд.
Дар баёния аз ҷумла омадааст, "Чин ба ин бовар аст, ки даргириҳо бояд бе таъхир ва ба сурати комил қатъ ёбад. Оғози дигарбораи таниш ғайри қобили қабул аст ва идомаи музокирот ҳамчунон зарурӣ мебошад".
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки Чин аз "ҳаққи машруъ"-и Эрон барои "истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ", дифоъ мекунад.
Шаби гузашта Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар вокуниш ба сафари Аббос Ароқчӣ ибрози умедворӣ карда буд, ки Пекин мустақиман ба Теҳрон бигӯяд, ки иқдомоти Эрон дар тангаи Ҳурмуз боиси дар инзивои ҷаҳонӣ қарор гирифтани ин кишвар мешавад.
Вазири корҳои хориҷии Амрико ҳамчунин ҳушдор дод, агар ширкатҳо ё ниҳодҳои чинӣ таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро нодида бигиранд, мумкин аст бо таҳримҳо рӯбарӯ шаванд.
Беш аз 20 кушта дар ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Украина
Дар пайи ҳамлаи Русия ба шаҳри Запорожеи Украина 12 нафар ҳалок шудаанд. Волии вилоят ҳамчунин аз захмӣ шудани 40 каси дигар хабар дод. Ин ҳамла сешанбеи 5-уми май анҷом шудааст.
Иван Федоров, волии Запороже дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, Русия бо бомбҳои ҳавоӣ ба ин минтақа ҳамла кардааст.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар дод, ки равоншиносон ба 40 нафар, аз ҷумла 6 кӯдак кумак мерасонанд. Ин ниҳод ҳамчунин аз идомаи амалиёти наҷот хабар додааст.
Рӯзи 5-уми май неруҳои Русия ҳамчунин ба шаҳри Краматорск ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа дастикам 6 кас кушта шудааст. Волии вилояти Донетск аз захмӣ шудани панҷ каси дигар хабар додааст.
Ҳамчунин дар ҳамлаи неруҳои Русия ба шаҳри Днепр 4 кас кушта ва 16 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба ин тартиб, дар шабонарӯзи ахир дар пайи ҳамлаҳои артиши Русия зиёда аз 20 шаҳрванди одӣ дар Украина кушта шудаанд.
Тоҷикистон мехоҳад, атташеҳои муҳоҷират таъйин кунад
Мақомоти Тоҷикистон таъйини атташе ё шахси масъул оид ба масъалаҳои муҳоҷиратро дар сафоратхона ва консулгариҳои кишвар баррасӣ доранд.
Ин нукта дар стратегия ё барномаи роҳбурдии ҳукумат барои танзими муҳоҷират омадааст.
Бар асоси ин санад, атташе оид ба масъалаи муҳоҷират дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар давлатҳое таъйин мешавад, ки муҳоҷирони тоҷикистонӣ зиёд ҳастанд.
Мақомоти тоҷик пешбинӣ кардаанд, ки бо таъйини шахси масъули вобаста ба масъалаи муҳоҷирон дар сафоратхонаҳои кишвар, "механизми ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳким бахшида мешавад".
Атташе ё шахси масъул дар сафоратхонаҳои кишвар кай ба кор оғоз мекунад, маълум нест. Мақомот бояд то ду соли оянда ин мавзӯъро омӯхта, ба ҳукумат гузориш диҳанд.
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия борҳо аз камтар фаъол будани Сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои кишвар дар ҳимоят аз муҳоҷирон, шикоят кардаанд.
Муҳоҷирон мегӯянд, дар ҳолатҳои зарурӣ сафорат ба доди онҳо намерасад ва аз ҳуқуқҳои онҳо ҳимоят намекунад.
Назаре, ки мақомоти Тоҷикистон рад карда гуфтаанд, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони дармонда ёрӣ мерасонад.
Ҳабси як сокини Исфара барои "ирсоли пул" ба "Гурӯҳи 24"
Додгоҳи Исфара як сокини ин шаҳрро барои фиристодани ҳазор рубл ба "Гуруҳи 24", ба панҷ сол зиндон маҳкум кардааст. Нусхаи ҳукм аввали моҳи май дар сомонаи додгоҳ нашр шудааст.
Дар қарор омадааст, ин марди 49-сола соли 2021 ҳангоми дар Русия буданаш наворҳои "Гуруҳи 24"-ро тамошо карда, барояшон ҳазор рубл равон кардааст.
Вокуниши ин мард ва наздиконаш ба ҳукм маълум нест. Додгоҳ мегӯяд, ин мард ба гуноҳаш иқрор шудааст ва панҷ сол зиндонро дар маҳбаси низомаш пурзӯр адо мекунад.
Созмони "Гурӯҳи 24", ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст, бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон "ифротгаро" ва "мамнуъ" аст.
То ин дам даҳҳо нафарро ба гуноҳи пайравӣ аз он дар Тоҷикистону Русия дастгир ва бархеро ба муддати дароз зиндонӣ кардаанд. Намояндагони созмон фаъолияти худро дурусту сиёсӣ меноманд.
Дар ҳафтаҳои ахир ин ягона мавриди маҳкум шудани сокинон барои фиристодани маблағ ба мухолифон нест.
Охири моҳи апрел Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ҳам як нафарро бо иттиҳоми фиристодани 17 ҳазор рубл ба Муҳаммадиқболи Садриддин, аз мухолифони тундлаҳни ҳукумат, ба 13 сол зиндон маҳкум кард.
Консерти Юлдуз Усмонова дар Ню-Йорк бекор шуд
Консерти Юлдуз Усмонова, ҳунарманди шинохтаи Узекистон, ки бояд рӯзи 9-уми май дар Ню-Йорки Амрико баргузор мешуд, бо даъвои ҷомеаи яҳудиёни бухороӣ бекор шудааст.
Ин ҳунарманд бояд дар театри “Oceana”-и минтақаи Бруклини Ню-Йорк, ки сокинонаш аксаран аз кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳастанд, ҳунарнамоӣ мекард.
Ҷомеаи яҳудиёни бухороии Бруклин Юлдуз Усмоноваро “яҳудиситез” номида гуфтаанд, ки ӯ соли 2021 аз мардуми Фаластин пуштибонӣ карда буд.
Дар чанд рӯзи гузашта ҷомеаи яҳудиён дар Ню-Йорк бо талаби бекор кардани консерт ва ба Амрико роҳ надодани овозхони маъруфи Узбекистон изҳороти зиёде нашр карданд.
Дар ҷавоб Юлдуз Усмонова як муроҷиати видеоиеро дар саҳифааш дар Instagram нашр кард ва гуфт, “узрхоҳӣ намекунад”, “ӯ зидди хушунат аст” ва “Фаластин бояд озод бошад”.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки консерт як вақти дигар барпо мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон аз риояи "тартибу низом" дар артиш гуфт
Дар пайи ҳалокати се сарбози тоҷик дар як моҳи гузашта, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ, хостааст, масъалаи тартибу низом дар воҳидҳои низомиро бисёр ҷиддӣ бигиранд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 4-уми май гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, дар баробари масъалаи рафъи оқибатҳои фалокатҳои табиӣ, ҳамчунин “рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ” баррасӣ шудааст.
Ҷузъиёти дигареро аз нишаст нагуфтаанд, вале зоҳиран марги пурсарусадои се сарбоз дар моҳи апрел сабаби матраҳ шудани масъалаи бадрафторӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон шудааст.
Исрофил Азимзодаи 25-сола аз Рӯдакӣ, Ғолибҷон Иброҳимов - сарбози 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола дар зарфи ду ҳафтаи охири моҳи апрел ҳалок шуданд. Мақомот гуфтанд, сабаби марги онҳоро таҳқиқ мекунанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро яке аз сабабҳои қасди ҷони худ кардани сарбозон ва ё ҳалок шудани онҳо медонанд.
Ронандаи як мошин дар Олмон даҳҳо роҳгузарро зер кардааст
Дар шаҳри Лейпсиги Олмон ронандаи як мошини "Волсваген" ба анбӯҳи роҳгузарон ҳамла ва даҳҳо нафарро пахш кардааст.
Пулиси Олмон гуфтааст, ки дар ҳодисаи рӯзи 4-уми май ду нафар кушта ва беш аз 20 нафар захмӣ шудаанд. Аҳволи ду тан аз захмишудаҳоро вазнин гуфтаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Олмон, ҳамлагар аз ҷойи ҳодиса фирор кард, вале пулис ӯро боздошт кард.
Расонаҳои олмонӣ навиштаанд, ки ҳангоми боздошт ҳолати рӯҳии гумонбар дар ҷиноят мисли одами солим ба назар намерасид.
Мақомоти Олмон гуфтаанд, ки боздоштшуда 33 сол дорад ва шаҳрванди Олмон аст.
Расонаҳо: Ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯи афғон аз вилояти Суғд
Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, мақомоти тоҷик даҳҳо паноҳҷӯи афғонро аз ноҳияи Ҷаббор Расулов берун кардаанд.
Шабакаи "Афғонистон интернешнл" 4-уми май бо нашри навори ихроҷи муҳоҷирон гуфт, ҳудуди 250 муҳоҷири афғонистониро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд ва онҳо ба хатари ихроҷ ба Афғонистон рубарӯ ҳастанд.
Ба қавли манбаъ, ин муҳоҷирон корти паноҳандагии Созмони Милали Муттаҳидро доштанд.
Муҳоҷирони афғонистонӣ дар наворе мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон симкортҳои онҳоро гирифтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагии Созмони Милал то кунун вазъиятро шарҳ надодаанд.
Шикоят аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо иттиҳоми куштор хабар дод.
Ба иттилои расмӣ, ин ҷавони 22-сола ба он муттаҳам мешавад, ки як зани 29-соларо дар шаҳри Хуҷанд ба қатл расондааст.
Назари пайвандони ҷавон ба ин иттиҳоми маълум нест.
Ва низ маълум нест, ки ихроҷи паноҳандагони афғон дар вилояти Суғд ба ин ҳодиса рабт дорад ё не?
Соли гузашта мақомоти тоҷик чанд дафъа паноҳандагони афғонистониро аз қаламрави кишвар ихроҷ карда буданд.
Мақомот дар шарҳи ин тасмими худ аз ҷумла, гуфта буданд, ки муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бархе аз онҳо "ғайриқонунӣ" вориди кишвар шудааанд ва шуморе аз онҳо "низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд".
Дар гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки паноҳҷӯёни афғонистониро ихроҷ накунанд, зеро эҳтимол дорад дар кишварашон бо озору азият рӯбарӯ шаванд.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 9 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ ба сар мебаранд, ки аксарашон дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд.
Мусофирони фурудгоҳи Дубай 66 дарсад кам шудааст
Дафтари расонаҳои Дубай рӯзи 4 май эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Имороти Муттаҳидаи Араб дар ҷараёни даргириҳо дар Ховари Миёна, шумори мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай дар моҳи март 66 дарсад коҳиш ёфта, ба 2,5 миллион нафар расидааст.
Ба гуфтаи мақомҳо, ин коҳиш натиҷаи халалдор шудани парвозҳо дар ҳарими ҳавоии минтақа ва маҳдуд шудани барномаи парвозҳо будааст.
Фурудгоҳи байналмилалии Дубай, ки аз сериздиҳомтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон аст, дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Теҳрон, чандин бор ҳадафи ҳамлаҳои паҳбодӣ ва мушакӣ қарор гирифт.
Дар се моҳи нахусти соли 2026 низ равуои мусофирон аз ин фурудгоҳ 21 дарсад коҳиш ёфтааст.
Рӯзи 28 феврали имсол Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Эрон дар муқобил ба Исроил ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аз ҷумла, Имороти Муттаҳидаи Араб, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико мебошанд, ҳамлаҳои паҳбодӣ ва мушакӣ анҷом дод.
Шӯрои амнияти Тоҷикистон паёмадҳои офати табииро баррасӣ кард
Шӯрои амнияти Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии оқибатҳои офати табииро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти президент навишт, дар ҷаласаи шӯро, ки 4-уми май баргузор гардид, "масоили вобаста ба бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ, рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ" ва сохтани иншоот дар сарҳад баррасӣ шудааст.
Дар бораи қарори ин шӯро дар бораи ин масъаларо тафсилот дода нашудааст.
Дар хабари расмӣ танҳо омадааст, президент Эмомалӣ Раҳмон "гузориши роҳбарони масъулро доир ба масоили ҳалталаб шунида", барои ҳалли он дастур додааст.
Тоҷикистон рӯзҳои 1-4 май шоҳиди боронҳои зиёд ва омадани сел буд.
Дар пайи ин офати табиӣ ҳадди ақал 4 нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд.
Мақомот аз зарар дидани садҳо хона дар минтақаҳои кишвар хабар доданд.
"11 зарби корд". Ҷасади фаъоли собиқи ҲНИТ-ро дар Исфара ёфтанд
Пас аз ҳафт рӯзи нопадид шудан ҷасади Маннон Содиқов ё Домулло Абдуманнони 60-сола, соҳибкор ва собиқ фаъоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар Исфара пайдо шудааст.
Ҷасади ӯро рӯзи 4-уми май дар зодгоҳаш, деҳаи Сурхи Исфара, ба хок супурданд.
Мақомот расман сабаби марги сокини Исфараро шарҳ надодаанд, вале наздиконаш мегӯянд, "дар бадани ӯ 11 осори корд дида мешуд."
Абдусалом, яке аз пайвандони ӯ рӯзи 4 уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду нафар рӯзи 27-уми апрел бо ваъдаи он ки писарашро аз зиндон озод мекунанд, ӯро бо худ бурда буданд. Ба гуфтаи ӯ, он рӯз Абдуманнон ҳамроҳаш 100 ҳазор доллар доштааст.
ҲНИТ дар паёми таслият ба хонаводаи Маннон Содиқов рӯзи 4-уми май дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, ки ӯ “аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткорон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст”.
Наздикони ӯ мегӯянд, Абдусалом Содиқов, писари Маннон Содиқов бо ҷурми интиқоли пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, як тан аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар боздошт ва соли 2024 ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд.
Наздикони Маннон Содиқов мегӯянд, он ду нафаре, ки ӯро бо худ бурданд, ба ӯ гуфтаанд, ки “бо сад ҳазор доллар писарашро аз маҳбас озод мекунанд ва ӯ ҳам ба ин пешниҳод розӣ шудааст.”
Ӯ ба пофишории наздикон, ки ба ин пешниҳод розӣ нашавад, гӯш надодааст.
Ба гуфтаи наздикон, ҳанӯз ҳеч хабаре аз боздошти қотил ё қотилонро ба онҳо нарасондаанд.
ҲНИТ дар паёми таслияташ гуфтааст, ки пас аз баста шудани ҳизб дар Тоҷикистон дар соли 2015 ин фаъоли ҳизб таъқибу боздошт ва як сол зиндонӣ шуда буд.
ҲНИТ соли 2015 дар Тоҷикистон гурӯҳи ифротӣ ва террористӣ эътироф шуд. Даҳҳо узви фаъоли он боздошту зиндонӣ ва гурӯҳи дигаре аз Тоҷикистон фирор карданд.
Маҳдудият дар равуои мошинҳои калон дар роҳҳои Тоҷикистон
Мошинҳои калон ва гаронвазни боркаш дар Тоҷикистон акнун бештар шабона ҳаракат хоҳанд кард.
Аз 1 май ҳаракати онҳо дар ҳоли беш аз 25 дараҷа гарм шудани ҳаво аз соати 10-и саҳар то ҳашти шом манъ мешавад.
Мақомот гуфтаанд, ин маҳдудият аз 1 май то 31-уми август давом хоҳад кард.
Мошинҳои гаронвазн ба он боркашҳое гуфта мешавад, ки вазни онҳо аз 6 тонна зиёд бошад.
Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт ба ронандагон ҳушдор додааст, ки дар сурати вайрон кардани ин қоида ҷарима хоҳанд шуд.
Барои риоя накардани ин маҳдудият аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3900-5460 сомонӣ) ҷарима таъйин шудааст.
Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин тасмим, пешгирӣ аз вайроншавии роҳҳо зери бори вазнин дар ҳавои гарм аст.
Маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои кишвар ҳамасола дар фасли гармо амалӣ мегардад.
Ронандаҳо гоҳе шикоят кардаанд, ки ин қарор баъзан сабаби ҳолатҳои коррупсионӣ гаштааст.
Дар Турсунзода аз раъду барқ 1 кас ҳалок шуд ва 2 тан осеб диданд
Як сокини шаҳри Турсунзода аз зарбаи раъду барқ ҷон бохта, ду каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса баъд аз зуҳри 3-юми май дар деҳаи Кадучӣ рух додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, соати 19:10 ҷасади шахси баҳалокатрасида ва ҷароҳатбардоштагон ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода интиқол дода шуданд".
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шахси фавтида як ҷавони 17-сола будааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, захмиёни раъду барқ яке 18 ва дуввумӣ 27-сола мебошанд ва феълан зери назорати пизишкон қарор доранд. Аҳволи онҳо хуб гуфта мешавад.
Ин ҷавонон дар сӯҳбат ба пизишкон гуфтаанд, барои чидани чукрӣ ба кӯҳ рафта буданд, ки онҳоро раъду барқ зад.
Дар гузашта ҳам ҳалок шудани сокинон аз раъду барқ сабт шудааст. Тоҷикистон аз рӯзи 1-уми май ба ин тараф шоҳиди боронҳои зиёд ва омадани сел аст.
Рӯзи 2-юми май се сокини шаҳри Кӯлоб баъди омадани сел ба ҳалокат расида, се каси дигар захмӣ шудаанд.