Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Додгоҳи Қазоқистон як занро, ки аз Сурия баргашта буд, зиндонӣ кард

Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 22 август сокини маҳаллӣ Акмарал Алмагамбетоваро, ки аз Сурия ба ватан баргардонида шуда буд, бо ҷурми таблиғи терроризм ва ангехтани бадбинии миллӣ 5 сол зиндонӣ кард.

Алмагамбетоваи 32-сола дар доираи як амалиёти мақомоти махсуси Қазоқистон аз Сурия ба ватан баргардонида шуд ва ӯро ба ҷиноятҳое айбдор донистанд, ки соли 2014 анҷом додааст.

Ба гуфтаи муфаттишон, ин сокини Оқтеппа моҳи августи соли 2013 тариқи Қирғизистон ба Туркия парвоз карда, аз онҷо ба Сурия рафтааст. Фарзандонашро дар назди шавҳараш, ки аз ӯ ҷудо шуда буд, гузоштааст. Алмагамбетова чанд моҳ пас бо хонаводаи худ тамос гирифта, гуфтааст, дар маҳалли задухурдҳо қарор дорад. Ӯ гӯё он замон ба шавҳараш Мирболат Жаманкулов наворҳоеро фиристодааст, ки ақидаҳои гуруҳи террористии "Давлати исломӣ"-ро тарғиб мекунанд.

Алмагамбетова ҳамроҳи ду кӯдаки хурдсолаш, ки дар Сурия ба дунё омадаанд, ба Қазоқистон оварда шудааст. Ин кӯдакон ҳоло зери ҳимояти давлат қарор доранд.

Дар доираи амалиёти мақомоти Қазоқистон аз Ховари Миёна 516 шаҳрванди ин кишвар ба ватан оварда шуданд, ки 360 нафарашон кӯдаконанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Аз нишасти НАТО то ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико

Аз нишасти НАТО то ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Элизабет Стикни, сухангӯйи Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ натиҷаи нишасти раҳбарони НАТО дар Туркия ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаро хулоса кард.

Ӯ рӯзи 9-уми июл гуфт: "Ба қавли президент Доналд Трамп, нишасти НАТО бисёр муваффақ буд. Мо мехостем, ки кишварҳои узв харҷи дифоиашонро афзоиш бидиҳанд ва ҳамаи онҳо тааҳҳуд карданд, ки ҳазинаҳои дифоиашонро бештар мекунанд."

Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт, ки дар ин ҷаласа, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, дар робита бо ислоҳоти стратегии ояндаи НАТО иттифоқи назаре ба даст омад?

Элизабет Стикни: "Эътилофи НАТО бояд ба ҳар навъ таҳдид омода бошад. Муҳим аст, ки барои расидан ба ин ҳадаф мо бештар ҳамкорӣ кунем. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои узви НАТО ба ин ҳамкорӣ тааҳҳуд карданд."

Радиои Озодӣ: Ҳафтаи гузаша дар Вашингтон ҷаласаи муҳими вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ИМА - Сироҷиддин Муҳриддин ва Марко Рубио барпо шуд. Изҳороти расмиро мо дидем, вале чунин ба назар мерасад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан дар ин гуфтугӯҳо муҳимтарин бахш буд ва аз ҷумла, баъзе матолибе ҳам нашр шуд, ки тарафҳо дар заминаи истихроҷи сурма ба мувофиқате омаданд. То куҷо ин дуруст аст?

Элизабет Стикни: "Вақте дар бораи Тоҷикистону Амрико сӯҳбат мекунем, мо дар бораи фурсатҳои ҳамкорӣ гап мезанем. Ва ҳамон қисме, ки шумо гуфтед, ҳафтае пеш вазири корҳои хориҷӣ оқои Рубио бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Вашингтон дидор кард. Онҳо дар мавриди густариши фурсатҳо сӯҳбат карданд. Кишварҳои мо ба густариши ҳамкории тиҷҷорӣ, ҳамкории амниятӣ ва ҳамкории беҳдоштӣ алоқаманд ҳастанд. Ва ҳам мавзӯи маъданҳо матраҳ шудааст. Вале беҳтар аст, ки дар мавриди ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо сӯҳбат накунам."

Боздошти як сокини Узбекистон барои садама дар ИМА

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Амрико шаҳрванди 42-солаи Узбекистон Беҳзод Асроровро бо гумони содир кардани садама ё тасодуфи роҳ, ки боис ба марги як нафар шудааст, дастгир карданд.

Садама рӯзи панҷуми июл дар Оҳайо рӯй дода, дар ин ҳодиса Тобиас Форсайт, донишҷӯи 21-сола ва дарвозабони тими донишгоҳи Массачусетс, ҷон бохтааст.

Расонаҳои Амрико навиштанд, ки Беҳзод Асроров мошини борбар меронд.

Ӯро ҳамзамон ба сохтакорӣ гумонбар медонанд.

Ба иттилои мақомот, Беҳзод Асроров баъди ҳодиса дастгоҳи сабти ҳаракат дар роҳро дар ҷайбаш пинҳон кардааст.

Матбуот гуфт, "ӯ забони англисиро намедонад ва бо пизишкону ходимони полис ба воситаи Google Translate суҳбат намуд".

Полис ӯро дар маҳбаси Мэдисон ҷой намудааст.

Барканории сармеъмор пас аз канда шудани порае аз як бино дар Хуҷанд

Низом Мирзозода гуфт, қазияро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ таҳқиқ доранд
Низом Мирзозода гуфт, қазияро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ таҳқиқ доранд

Дар вокуниш ба канда шудани гӯшае аз як бинои баландошёнаи нимсохт дар Хуҷанд, сармеъмори ин шаҳр ва намояндаи Хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон аз мансаб ронда шудаанд.

Раиси Кумитаи сохтмон рӯзи 9-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин ниҳод дар ҳайати 10 тан як кумисюни вижа ташкил карда, барои санҷиш ба вилояти Суғд фиристод. Низом Мирзозода ҳамзамон гуфт, видеои канда шудани гӯшае аз як бино махсус сабт шудааст ва онро рақобат миёни ширкатҳои сохтмонӣ донист.

"Дар он ҷо як чизи дигар аст. Агар аҳамият дода бошед, ду шахс нишастаанд ва навор гирифта ва гуфта истодаанд, ки ҳоло ҳамон девор чаппа мешавад. Савол пайдо мешавад, ки онҳо аз куҷо медонанд, ки ҳамин девор чаппа мешавад?" -- гуфт раиси Кумитаи сохтмон.

Ҳарчанд Низом Мирзозода аз гуфтани ҷузъиёти рақобат, номи ширкатҳои сохтмонӣ ва ҳувияти соҳибони онҳо худдорӣ кард, аммо гуфт, ин ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам таҳқиқ доранд. То кунун назари ширкати сохтмонӣ ба ин ҳодиса ва гуфтаҳои раиси Кумитаи сохтмон маълум нест.

Навор дар Инстаграм:

Сифати сохтмонҳои нав, хусусан биноҳои маскунӣ дар солҳои охир яке аз баҳсҳои доғ дар миёни мардум дар Тоҷикистон аст.

Рӯзи 19-уми июн дар пайи шамоли сахт порае аз девори як бинои нимсохт дар шаҳри Хуҷанд канда шуд ва наворҳои он лаҳза дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси сифати биноҳои навро дубора доғ кард.

Радиои Озодӣ он замон маълум карда буд, ки ин бинои нимсохт дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, аз сӯйи ширкати “Каскад” бунёд мешавад. Намояндагони ин ширкат шарҳе надоданд.

Ба омори Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар шаш моҳи соли 2026 дар сохтмони беш аз ҳазору сад бино зиёда аз се ҳазору ҳафтсад камбудӣ ошкор гашта, навад нафарро дар умум 300 ҳазору 254 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Эрон: Дар ҳамлаҳои ду рӯзи ахири Амрико 14 тан кушта шудаанд

Вазорати тандурустии Эрон эълон кард, ки дар ҳамлаҳои ду рӯзи ахири Амрико ба ин кишвар, дастикам 14 нафар кушта ва 78 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳусейн Кирмонпур, раиси Маркази робитаҳои умумии Вазорати тандурустии Эрон 9 июл гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ то кунун панҷ вилояти Эронро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз миёни захмиён 47 нафар ҳамчунон дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд ва дигар маҷрӯҳон пас аз дарёфти хадамоти тиббӣ, рухсат шудаанд.

Ин мақоми вазорати тандурустии Эрон мушаххас накардааст, ки омори талафоти эълоншуда шомили нерӯҳои низомӣ мешавад ё танҳо марбут ба ғайринизомиён аст.

Пеш аз ин артиши Эрон аз кушта шудани ҳашт низомӣ ва Сипоҳи посдорон аз кушта шудани яке аз нерӯҳои худ дар ҳамлаҳои шаби нахусти Амрико, хабар дода буданд.

НАТО дар соли 2026 ба Украина $82 млрд кӯмаки низомӣ мекунад

Сарони НАТО дар саммити Анқара.
Сарони НАТО дар саммити Анқара.

Раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО бо нашри эъломияи муштарак дар поёни нишасти дурӯзаи худ, рӯзи 8 июл ӯҳдадор шуданд, ки дар соли 2026, ҳафтод миллиард евро (ҳудуди 82 миллион доллар) таҷҳизоти низомӣ, кӯмаки амниятӣ ва омӯзиши низомӣ дар ихтиёри Украина қарор диҳанд ва бар идомаи ҳимоят аз Киев таъкид карданд.

Ҳамзамон бо баргузории нишасти НАТО дар Анқара, Русия субҳи 8 июл ҳамлаҳои наверо алайҳи Украина анҷом дод, ки дар натиҷа дастикам ҳафт нафар кушта шуданд. Украина низ ба ин ҳамлаҳо посухи мутақобил дод.

Тибқи гузоришҳо, Русия ҳафтаи гузашта тақрибан ҳар рӯз бо истифода аз паҳподҳо ва мушакҳои баллистикӣ, минтақаҳои гуногуни Украинаро ҳадаф қарор додааст, ки бар асари он беш аз 50 тан кушта шудаанд.

Маҳдудият дар равуои мошинҳо дар марзи Қазоқистон. Ҳадаф чист?  

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қазоқистон бо ҳадафи пешгирӣ аз берун бурда шудани маводи сӯхт, дар убуру мурури нақлиёт аз кишварҳои ҳамсояаш маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Дар ин бора муовини нахуствазири Қазоқистон Кайирхон Туткишбоев рӯзи 7-уми июл дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, бар асоси муқаррароти нав, мошинҳои сабукраву борбар, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, дар шабонарӯз танҳо як бор ҳақ доранд аз сарҳад гузаранд. “Аз ин роҳ метавон тавозунро дар истифодаи маводи сӯхт таъмин кард,” – афзуд Туткишбоев.

Муовини сарвазири Қазоқистон гуфт, чунин қарор ба ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар марбут аст. Илова ба ин, Вазорати энержии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои миллӣ як захирагоҳи маводи сӯхтро тартиб дода, тавозуни истифодаи онро дар бозори дохилӣ назорат мекунад.

Вай афзуд, вақтҳои охир ба ҳисоби онҳо “истифодаи маводи сӯхт дар минтақаҳои сарҳадии Қазоқистони Ғарбӣ, Оқтеппа ва Павлодар якбора боло рафтааст”.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Қазоқистон дар сарҳад бо Русия навбатпоиҳои калон мушоҳида мешавад.

Дар Русия аз охири моҳи июн як бӯҳрони маводи сӯзишворӣ мушоҳида мешавад. Далелаш ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои истеҳсоли нафти Русия дар посух ба ҳуҷумуҳои пурқурбонии Маскав ба мавзееъҳои аҳолинишини Украина мебошад.

Рӯзи 6-уми июл корхонаи коркарди нафти Омск, ки дар 2500-километрии сарҳади Украина ҷойгир аст, мавриди ҳамлаи паҳподҳои украинӣ қарор гирифт. Баъди ин, корхонаи Омск, ки соле 21 миллион тонна нафт истеҳсол мекард, корашро боздошт.

Дар Узбекистон алифборо ислоҳ мекунанд

Дар Узбекистон мехоҳанд алифбои забони узбекиро, ки бар пояи хати лотинӣ асос ёфтааст, ислоҳ кунанд.

Муаллифон пешниҳод кардаанд, ки дар алифбои забони узбекӣ на 26, балки 28 ҳарф ва як апостроф ё аломати монанд ба вергул ворид шавад. Онро дар болои сатр мегузоранд.

Вакилони Узбекистон рӯзи 7-уми июл тарҳи нави қонунро ба Сенат фиристодаанд. Бино ба пешниҳоди онҳо, навишти чунин ҳарфу садоҳо ислоҳ мешаванд:

Gʻ → Ğ – ҳарфи "Ғ"

Oʻ → Ö – ҳарфи "Ӯ"

Sh → Ş – ҳарфи "Ш"

Ch → Ç – ҳарфи "Ч"

Инчунин, пешниҳод шудааст, ки навишти ҳатмии пасванди "ng", ки хоси бисёр калимаҳои узбекӣ мебошад, аз алифбо берун карда шавад. Дар иваз, ин садо бо ишораи дигаре ифода хоҳад ёфт.

Иқдоми порлумони Узбекистон бе пурсиши афкори умум ҷараён гирифт.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ навишт, вокуниши мақомоту сохторҳои дахлдори Узбекистон ба тарҳи қонуни ислоҳи алифбо маълум нест.

Ҷумҳурии Узбекистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор кард, тадриҷан аз алифбои кириллӣ даст кашида, ба алифбои лотинӣ гузарад.

Давоми се даҳсола дар ин кишвар ҳарду навъи алифбо роиҷ буд, вале насли навро дар мактабҳо бар асоси алифбои лотинӣ таълим медоданд. Он замон қарори президент Ислом Каримовро барои даст кашидан аз алифбои кириллӣ талоши фосилагирӣ аз нуфузи Русия ва Кремлин номиданд.

Аз он замон то кунун танқидҳое ҳам дар бораи интихоби шакли навишти бархе ҳарфу садоҳо вуҷуд дошт.

“Шахсан қабул кунед.” Масъулияти нави додрасҳо дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додрасҳоро дар Тоҷикистон вазифадор кардаанд, ки пеш аз баррасии шикоятҳо, ба арзи корафтодагон гӯш диҳанд.

Ин дигаргунӣ ба қонун “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар нимаи моҳи июн ба иҷро даромад.

Тибқи он, раиси Додгоҳи олӣ, додгоҳҳои ҳарбӣ ва додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шудаанд, ки корафтодагонро “шахсан қабул кунанд”.

Дар матни пешинаи қонун чунин банд вуҷуд надошт.

Бар асоси Констиутсия, додгоҳ дар Тоҷикистон гунаҳкор ё бегуноҳ будани шахсони гумонбар дар ҷиноятро бояд маълум кунад ва дар баҳсҳои шаҳрвандӣ ҳақро ба ҳақдор бирасонад.

Сокинони зиёде шикоят мекунанд, ки барои додхоҳӣ ба додгоҳ мераванд ва моҳҳо ё ҳатто солҳо интизор мемонанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, додгоҳҳои Тоҷикистонро яке аз ниҳодҳои фасодзадаи кишвар унвон кардааст.

Дар се соли охир ҳудуди 20 тан аз додрасҳои тоҷик бо ҷурми ришваситонӣ боздошт ё аз мансаб барканор шудаанд.

Дар гузориши Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал дар соли 2025 Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз нигоҳи мубориза бо фасод дар ҷойи 166, танҳо як зина болотар аз Туркманистон ҷой гирифтааст.

Корхонаи коркарди нафт дар Омск фаъолияташро боздоштааст

Омск, Русия, 6-уми июли 2026
Омск, Русия, 6-уми июли 2026

Корхонаи коркарди нафти Омск дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина дар рӯзи 6-уми июл кори худро боздоштааст.

Дар ин бора хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 7-уми июл бо такя ба ду манбаъ гузориш дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар ин ҳамла дастгоҳи коркарди аввалияи нафт оташ гирифта, зарар дидааст.

Ширкати "Газпромнефт", молики ин корхонаи коркарди нафт дар Русия, мавзуъро шарҳ надод.

Корхонаи коркарди нафти Омск дар масофаи беш аз 2500 километр аз сарҳади Украина ҷойгир аст.

Мақомоти Русия ҳамла ба корхонаро тасдиқ карда, хабар доданд, ки дар ин ҳодиса касе ҷон набохт.

Тавоноии корхонаи коркарди нафти Омск тақрибан 21 миллион тонна сӯзишворӣ дар як сол аст.

Низомиёни украинӣ пештар низ ба чанде аз корхонаҳои бузурги коркарди нафт дар Русия зарба задаанд.

Дар натиҷа, дар бисёре аз минтақаҳои Русия камбуди сӯзишворӣ пеш омадааст.

Навор дар Инстаграм:

Додситонӣ қочоқи 476 сангпуштро аз Душанбе ба Маскав таҳқиқ дорад

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон ба таҳқиқи қочоқи даҳҳо сангпушти нодир аз Фурудгоҳи Душанбе ба Фурудгоҳи Домодедовои Маскав шуруъ кардааст.

Хадамоти гумруки Русия рӯзи 3-юми июл аз кӯшиши интиқоли 476 сангпушти нодир аз Тоҷикистон ба Русия хабар дод. Ин ниҳод гуфт, як шаҳрванди Русия бо гумони қочоқи ин сангпуштҳо боздошт шудааст.

Зайнулло Шарифзода, раиси Фурудгоҳи Душанбе, 8-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз расонаӣ шудани ин хабар Додситонии нақлиёти Тоҷикистон таҳқиқи қазияро шуруъ кардааст.

Ба гуфтаи Шарифзода, тибқи маълумоти пешакӣ ин сангпуштҳо рӯзи 27-уми марти имсол аз тариқи хати бағоч аз Фурудгоҳи Душанбе гузаронда шудаанд.

Раиси Фурудгоҳи Душанбе афзуд, масъули таҳқиқи бағочҳо кормандони идораи гумрук ҳастанд. Мавқеи идораи гумруки Тоҷикистон ба ин масъала аниқ нест.

Зайнулло Шарифзода афзуд, пас аз анҷоми санҷиши додситонии нақлиёт ҷузъиёти қазияро ба расонаҳо шарҳ медиҳанд.

Раиси Фурудгоҳи Душанбе мушаххасан нагуфт, ки агар ин сангпуштҳо 27-уми март ба Маскав бурда шудаанд, пас, чаро хабари он аввали моҳи июл расонаӣ шуд.

Ин аввалин мавриди қочоқ аз Фурудгоҳи Душанбе нест. Дар гузашта ҳам чанд ҳолати ғайриқонунӣ баровардан ё овардани мол аз тариқи Фурудгоҳи Душанбе расонаӣ шудааст. Аз ҷумла соли 2023 ду корманди Фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми мусоидат дар қочоқи тило ба Ҳиндустон дастгир шуданд.

Чоршанбе Чоршанбиевро дар зиндони Хуҷанд ҷазо додаанд

Чоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев

Чоршанбе Чоршанбиев, размикори бозиҳои якҳарбаи омехта (ММА)-ро дар зиндони шаҳри Хуҷанд барои 15 рӯз дар утоқи танбеҳ (ШИЗО) ҷойгир кардаанд.

Масъулони зиндон ба зангҳои мо посух надоданд.

Ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ 7-уми июл гуфтанд, ки "ӯ даҳ рӯз пеш гуё барои нақзи тартибу низоми маҳбас ҷазо гирифтааст."

Вебсайти "Pamir Inside", ки бештар ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозтоб медиҳад, бо такя ба як манбаъ дар дохили маҳбаси Хуҷанд навишт, Чоршанбиев "ҳангоми сафороии зиндониён гуё гап зада, тартибро халалдор намудааст."

Маъмурони зиндонҳо дар Тоҷикистон бештар намояндагони мухолифон ва фаъолонро дар боздоштгоҳу маҳбасҳо танбеҳ медиҳанд.

Солҳои охир ба ҳуҷраи танбеҳ рафтани вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, фаъоли сиёсӣ Маҳмурод Одинаев, рӯзноманигор Абусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигарон расонаӣ шуда буд.

Чоршанбе Чоршанбиев соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ронда шуда, дар Душанбе бо айбномаи "даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ" 8,5 сол зиндонӣ гардид. Дертар, соли 2024, ҳукми ӯ чаҳор соли дигар дароз гардид.

Далели асосии мақомот як навори суханронии Чоршанбиев дар бораи воқеаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон аст. Дар он ҳодиса се кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Мақомот Чоршанбиевро ба он гунаҳкор кардаанд, ки размикор мардумро ба муқобили ҳукумат даъват кардааст. Елизавета Колтунова, устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгород он замон гуфта буд, ки "дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои даъват ба зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад."

Тоқаев метавонад дар интихоботи оянда номзад шавад

Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Додгоҳи Қонуни асосии Қазоқистон гуфт, раисҷумҳури ҳозираи он кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев, метавонад дар интихоботи ояндаи президентӣ номзадияшро пешбарӣ кунад.

Ин посух ба муроҷиати раҳбари Қазоқистон буд. Суол ин буд: оё шахсоне, ки мувофиқи Конститутсия ё Қонуни асосии соли 1995 дар вазифаҳои давлатӣ кор кардаанд, ҳақ доранд, аз рӯйи Конситутсияи нав ба ҳамин вазифаҳо таъйин шаванд?

Додгоҳи конститусионии Қазоқистон ба чунин хулоса омадааст, ки маҳдудиятҳо дар Сарқонуни нав танҳо ба интихоб ё таъйинот аз рӯи қоидаҳои нав рабт дорад.

Ин ба он маъност, ки муҳлати президентии Тоқаев, ки бояд ноябри соли 2029 ба анҷом расад, ҳамчун мӯҳлати аввали президентии ӯ ба ҳисоб гирифта намешавад. Дар ин сурат, ӯ метавонад дар интихобот номзадияшро пешбарӣ карда, то соли 2036 дар сари қудрат бимонад. Он вақт Тоқаев 83-сола хоҳад буд.

Қаблан гуфта мешуд, ки мӯҳлати кунунии президентии Тоқаев аввалину охирин мебошад. Соли 2022, баъди ҳодисаҳои моҳи январи пурхушунат, ба Конститутсияи Қазоқистон тағйирот ворид карда, гуфтанд, ки президент метавонад як дафъа ба муддати 7 сол бе ҳаққи интихоби дубора интихоб шавад. Ноябри ҳамон сол Тоқаев дар интихоботи пеш аз мӯҳлат баранда гардид.

Конститутсияи нави Қазоқистонро моҳи марти соли 2026 қабул карданд ва он 1-уми июл ба иҷро даромад. Матни Конститутсияи нав ҳам бо пешниҳоду ташаббуси худи Тоқаев нав шудааст.

Мунтақидон мегӯянд, ислоҳоти конститутсионӣ қудрату нуфузи президенти Қазоқистонро қавитар мегардонад. Салоҳиятҳои Тоқаев васеъ шуд, аз ҷумла ӯ дар таъиноти кадрӣ дасти дарозтаре дорад: бархе мақомҳои муҳимро ӯ акнун метавонад бе назардошти мавқеи Сенат таъйин намояд, чун худи Сенат ҳам ихтисор карда шуд.

Як зан дар Андиҷон панҷгоник таваллуд кардааст

Таваллудхонаи Андиҷон
Таваллудхонаи Андиҷон

Як зан дар шаҳри Андиҷони Узбекистон панҷгоник – се духтар ва ду писар – ба дунё овардааст.

Ҳар кадоме аз онҳо каме беш аз як кило вазн дошта, зери назорат ва нигоҳубини вижа ҳастанд.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, модари панҷгоник рӯзи 6-уми июл бистарӣ карда шуд.

"Пас аз чанд соат табибон буриши қайсарӣ гузарониданд ва панҷ навзодро гирифтанд," – афзуд манбаъ.

Таваллуди панҷгоник ҳодисаи нодир дониста мешавад.

Ба ҳисобҳои байнулимилалӣ, ба ҳар як 50 миллион бордорӣ як маврид таваллуди панҷгоник рост меояд.

Панҷгоники аввалин дар Тоҷикистон – се духтару ду писар – моҳи декабри соли 2020 дар зоишгоҳе дар Душанбе ба дунё омаданд.

Ҳалокати 21 кас дар корхонаҳои Тоҷикистон дар шаш моҳ

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон 21 нафар ба ҳалокат расида, 19 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Масъулини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ рӯзи 7-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, дар байни фавтидаҳо ду шаҳрванди Чин ва як кас аз Эрон, дар байни захмиён бошад, як шаҳрванди Русия ва як нафар аз Чин ҳастанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар пайи ин ҳаводиси нохуш ва барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо, 2 корхона, 33 мансабдор ва 13 шахси масъул, дар умум, ба маблағи 153 ҳазору 960 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ба иттилои Хадамот, сабаби асоси ин ҳодисаҳо, "бемасъулиятии муҳандисиву техникии кормандони корхонаҳо дар ҷойи садамаҳо, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноат, ҳамчунин, норасоии мутахассисони соҳибихтисоси соҳа", будааст.

Мақомот мегӯянд, чунин ҳодисаҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат зиёд будааст.

Марги коргарон, аз ҷумла хориҷиён дар ҷои кор, дар гузашта ҳам борҳо расонаӣ шуда буд. Ҷабрдидаҳо борҳо аз чашмпӯшии мақомот ба қонуншикании масъулони корхонаҳо, шикоят кардаанд.

Мақомот: аломатгузории марз бо Қирғизистон ба поён расид

Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар вилояти Суғд.
Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар вилояти Суғд.

Мақомот дар Суғд мегӯянд, корҳои таъйину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра анҷом ёфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими анҷоми корҳои муайянсозӣ, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва масъулони Нерӯҳои марзбонӣ ва намояндагони Вазорати мудофиа, иштирок кардаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину аломатгузорӣ кунанд ва танҳо моҳи марти соли гузашта Созишнома дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби роҳбарони ҳарду давлат имзо гардид.

Ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор накарданд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, ки қисмате аз роҳ ва чанд маҳалли аҳолинишинро бо ҳам иваз карданд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Дар нуқтаҳои баҳсӣ борҳо ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллӣ аз ҳарду тараф шуда буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG