Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали Ҷоми президенти Қазоқистон баромад


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16), ки дар бозии дувумаш дар Ҷоми президенти Қазоқистон-2019 бар мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб намуд ва ба финал баромад.

Бозии мунтахаби наврасони Қазоқистон ва Тоҷикистон 26-уми август дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Голҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Саидалиев ба самар расониданд.

Рақиби мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар бозии ниҳоии Ҷоми президенти Қазоқистон-2019 дар бозии ҳалкунандаи гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) ва Литва (U-17) маълум шуд. Мизбони мусобиқот – мунтахаби Қазоқистон (U-17), ки дар ин бозӣ бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард, ба финали мусобиқа роҳ пайдо намуд.

Ба ин тартиб, бозии ниҳоии Ҷоми президенти Қазоқистон миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ва Қазоқистон (U-17) рӯзи чоршанбеи 28-уми август дар шаҳри Нурсултон баргузор мешавад.

Ҷоми президенти Қазоқистон-2019

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Арманистон (U-17) – Қазоқистон (U-16) – 2:2

Даври 2-юм

Тоҷикистон (U-16) – Арманистон (U-17) – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Суннатулло Азизов, Муҷовид Шовайсуддинов.

Даври 3-юм

Қазоқистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 1:2

Голҳои Тоҷикистон: Раҳматшо Раҳматзода, Муҳаммадворис Саидалиев.

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон (U-16)

2

2

0

0

4-2

6

2

Қазоқистон (U-16)

2

0

1

1

3-4

1

3

Арманистон (U-17)

2

0

1

1

3-4

1

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Қазоқистон (U-17) – Қирғизистон (U-16) – 8:0

Даври 2-юм

Қирғизистон (U-16) – Литва (U-17) – 0:4

Даври 3-юм

Литва (U-17) – Қазоқистон (U-17) – 2:3

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қазоқистон (U-17)

2

2

0

0

11-2

6

2

Литва (U-17)

2

1

0

1

6-3

3

3

Қирғизистон (U-16)

2

0

0

2

0-12

0

XS
SM
MD
LG