Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли мулоқоти Рӯҳонӣ ва Трамп дар ҳафтаҳои оянда


Раиси ҷумҳури Фаронса мегӯяд, ки шароит барои мулоқоти Доналд Трамп ва Ҳасани Рӯҳонӣ омода шудааст ва умедвор аст, ки дидори раҳбарони Эрон ва Амрико дар ҳафтаҳои оянда сурат бигирад.

Эммануэл Макрон, ки рӯзи 26-уми август дар ҳошияи нишасти сарони Гурӯҳи 7 зимни нишасти хабарии муштарак бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоиаш таъкид кард, ки Эрон ҳаргиз набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Оқои Макрон хабар дод, ки бо раиси ҷумҳури Эрон телефонӣ гуфтугӯ кард ва ба ӯ гуфт, ки агар бо Трамп мулоқот кунад, як дидори таърихӣ хоҳад буд ва "метавонем ба як тавофуқ бирасем".

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳам зимни ин, ки эълом кард, "Эрон набояд мушакҳои дурпарвоз ва силоҳи ҳастаӣ дошта бошад ва давраи созиши атомӣ тӯлонитар бошад", дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки "агар шароит муносиб бошад, омода аст бо раиси ҷумҳури Эрон мулоқот кунад". Вай изҳор дошт, "мулоқот бо раиси ҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ зарфи чанд ҳафтаи оянда ба назар воқеъгароёна меояд".

Вай бори дигар таъкид кард, ки Амрико хоҳони тағйири режими Эрон нест ва гуфт, эҳсоси неке дар бораи Эрон дорад ва ин кишваре аст, ки тавоноии зиёд дорад. Оқои Трамп дар посух ба пурсиш дар бораи эҳтимоли додани ғаромат ба Эрон бинобар таҳримҳои Вашингтон гуфт, ки қарор нест бинобар ин таҳримҳо, ғаромате ба Эрон пардохт шавад. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, "мо пуле намедиҳем, қарор нест пуле бидиҳем".

Мақомҳои эронӣ давоми 24 соати гузашта изҳороте баён карданд, ки эҳтимол меравад нишонае аз созиш миёни Теҳрон ва тарафҳои аврупоӣ ва эҳтимолан Амрико бар сари созиши ҳастаӣ ва идомаи ӯҳдадориҳои Эрон бошад. Албатта ба ин шарт, ки Ҷумҳурии исломӣ аз манфиатҳои иқтисодии ин созиш баҳраманд шавад.

Як рӯз пас аз он, ки Ҳисомиддин Ошно, мушовири раиси ҷумҳури Эрон дар Твиттер навишт, ки "муҳосираи Эрон хоҳад шикаст", президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар изҳороти бесобиқае дар фазои сиёсии Эрон, гуфт, "агар бидонам ба ҷаласае биравам ва бо касе мулоқот кунам, ки мушкилоти мардум ҳал хоҳад шуд ва кишвари ман обод мешавад, дареғ нахоҳам кард, асл манфиати миллӣ аст".

Раиси ҷумҳури Эрон тавзеҳи бештаре дар ин бора надод, вале суханони ӯ метавонад ишорае ба мулоқоти эҳтимолӣ миёни мақомҳои эронӣ ва амрикоӣ дар нишасти ояндаи Маҷмаи умумии СММ дар моҳи сентябр бошад. Бо изҳороти Макрон ва Трамп дар рӯзи душанбеи 26-уми август, ин эҳтимол бештар шудааст.

Раиси ҷумҳури Амрико дар як соли гузашта борҳо барои музокира бо мақомҳои Теҳрон эъломи омодагӣ карда ва гуфтааст, ки ба дунболи тағйири режими Ҷумҳурии исломӣ нест ва Эрон метавонад ҳатто бо ҳамин ҳукумати феълӣ, ба кишваре "бузург", табдил шавад.

Муносибатҳо миёни Эрон ва Амрико давоми чиҳил соли гузашта душманона будааст ва дар ду соли гузашта бисёр танишолуд шудааст. То ҷое, ки Амрико дар моҳи майи соли гузашта аз созиш бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Теҳрон хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Эронро бозгардонд. Афзоиши танишҳо бавижа дар Халиҷи Форс нигарониҳо аз рух додани даргирии нохоста байни Теҳрон ва Вашингтонро афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG