Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон. Беҳрӯз ва Сомон барои медали биринҷӣ талош доранд


Беҳрӯз Хоҷазода
Беҳрӯз Хоҷазода

​Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков, паҳлавонони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио – ҷараён дорад, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳонӣ 839 варзишгар (509 мард ва 330 зан) аз 147 кишвари панҷ қораи дунё ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳашт варзишгар шомил аст: - 66 кг – Хайёмиддин Ҷабборов, - 73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, - 73 кг – Сомон Маҳмадбеков, - 81 кг – Акмал Муродов, - 90 кг – Комроншоҳи Устопириён, - 100 кг – Саидҷалол Саидов, + 100 кг – Шакармамад Мирмамадов, + 100 кг – Темур Раҳимов.

Аз байни паҳлавонони тоҷик нахустин шуда Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни зери 66 кило ба рақобатҳо пардохт. Ӯ дар рӯзи дувуми мусобиқот – 26-уми август - дар даври аввал аз Алберто Гаитеро Мартин аз Испания шикаст хӯрд.

Дар ин вазн аз ҳама бештар – 92 гуштигир – ширкат дошт. Дар финал Ҷоширо Маруяма (Ҷопон), ки бар Лимҳван Ким (Кореяи Ҷанубӣ) ғолиб омад, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Ҳифумӣ Абе (Ҷопон) ва Денис Виеру (Молдова) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар рӯзи севуми мусобиқот имрӯз, 27-уми август, ду варзишгари дигари тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - дар вазни зери 73 кило вориди рақобатҳо шуданд. Дар ин вазн 90 варзишгар иштирок кард.

Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар даври аввал озод буд, баъди чаҳор пирӯзӣ бар Тсогтбаатар Тсенд-Очир (Муғулистон), Магдиел Эстрада (Куба), Акил Гҷакова (Косово) ва Чина Сайинҷиригала (Чин) дар даври баъдӣ аз Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) мағлуб гашт.

Беҳрӯз муборизаро дар даври тасаллобахш идома медиҳад. Рақибаш Тоҳар Бутбул (Исроил) мебошад. Дар мавриди пирӯзӣ ӯ барои медали биринҷӣ бо як нафари дигар талош хоҳад кард.

Coмон Маҳмадбеков
Coмон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков, ки дар чаҳор даври рақобатҳо бар Магнер Мендес (Кап Верде), Томми Макиас (Шветсия), Виктор Стерпу (Молдова) ва Клаудио Нунес Дос Сантос (Люксембург) дастболо гардид, дар даври панҷум аз Денис Лартсев (Русия) ноком шуд. Сомон ҳам ба даври тасаллобахш роҳ пайдо кард. Рақибаш Билол Силоғлу (Туркия) мебошад. Агар Сомон ғолиб ояд, онгоҳ барои медали биринҷӣ бо як гуштигири дигар мубориза хоҳад бурд.

Дар вазни зери 73 кило чаҳор нафар ба нимфинал баромаданд. Дар даври ниманиҳоӣ Рустам Оруҷев бо Ҳидоят Ҳайдаров (ҳарду аз Озарбойҷон), Шоҳеи Оно (Ҷопон) бо Денис Лартсев (Русия) рақобат мекунанд.

Боз панҷ варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио дар рақобатҳо аз рӯи чаҳор вазн ширкат меварзад. Акмал Муродов 28-уми август дар вазни зери 81 кило дар даври дувум бо Кедрик Калонга (Конго) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Комроншоҳи Устопириён низ 29-уми август дар вазни зери 90 кило ба рақобатҳо аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Макс Стиварт (Британияи Кабир) мебошад.

Саидҷалол Саидов 30-юми август дар вазни зери 100 кило дар даври аввал бо Ҳусейн Шоҳ (Покистон) рақобат менамояд.

Рӯзи 31-уми август дар вазни беш аз 100 кило ду паҳлавони тоҷик – Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов – бо рақибонашон қувваозмоӣ хоҳанд кард. Темур, ки даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Шин Матсумура (Филиппин)/Александр Вахавяк (Беларус) рӯбарӯ мешавад. Рақиби Шакармамад дар даври аввал Владислав Тсиарпитски (Беларус) мебошад.

Гуштигирон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио барои 14 маҷмуи медалҳо (7 маҷмуъ миёни мардон ва 7 маҷмуъ миёни занон), инчунин, барои як маҷмуи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта то рӯзи 1-уми сентябр мубориза мебаранд. Ҳаррӯз ғолибон аз рӯи як дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва як дараҷаи вазнҳо миёни занон маълум хоҳанд шуд.

Ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор доллар (20800 доллар - варзишгар ва 5200 доллар - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор доллар (12000 доллар - варзишгар ва 3000 доллар - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор доллар (6400 доллар - варзишгар ва 1600 доллар - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор доллар (72000 доллар - варзишгарон ва 18000 доллар - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор доллар (48000 доллар - варзишгарон ва 12000 доллар - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор доллар (20000 доллар - варзишгарон ва 5000 доллар - мураббиён) супурда мешавад.

Ғолибон ва ҷоизадорони ду рӯзи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2019 дар Токио:

Мардон

60 кг
1. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
2. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбекистон)
3, НАГАЯМА Рюҷи (Ҷопон)
3. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)

66 кг
1. МАРУЯМА Ҷоширо (Ҷопон)
2. КИМ Лимҳван (Кореяи Ҷанубӣ)
3. АБЕ Ҳифуми (Ҷопон)
3. ВИЕРУ Денис (Молдова)

Занон

48 кг
1. БЕЛОДИД Даря (Украина)
2. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
3. КРАСНИЧИ Дистрия (Косово)
3. МУНҲБАТ Урантсесг (Муғулистон)

52 кг
1. АБЕ Юта (Ҷопон)
2. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. КЕЛМЕНДИ Майлинда (Косово)
3. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки моҳи сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - доир шуд, аз нӯҳ паҳлавони тоҷик ягон нафар натавонист медал ба даст биёрад. Аз миёни онҳо ду нафар – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон то ҳоло медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG