Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис: Рӯймолу риш ба кори дурбинҳои чеҳрашинос "халал" мерасонанд


Раёсати пулиси шаҳри Тошканд 27 август бо нашри як изҳорот иҷборан тарошидани риши садҳо мардеро шарҳ дод, ки рӯзҳои 23 ва 24 августи соли равон дар бозори "Малика"-и ноҳияи Шайхонтоҳур боздошт шуда буданд.

Дар изҳороти пулиси Тошканд, ки зери унвони "Риши касе иҷборан тарошида нашудааст ва низ нахоҳад шуд", омадааст, "дар пойтахти Узбекистон имрӯзҳо амалиёти нақшавии "Минтақаи амн" идома дорад ва дар ҷараёни он ба ҷойҳои таҷаммуи одамон, аз ҷумла хиёбони Сайлигоҳ, боғу гулгашт, фурӯшгоҳ ва бозорҳо диққати махсус дода мешавад".

"Дар иншоотҳои алоҳида барои назорат дурбинҳои ҳушманди чеҳрашинос насб шудаанд. Дар пойгоҳи иттилоот маълумоти шиносномаҳои биометрӣ шомил аст, ки дар он сокинон бе айнак, рӯймол ва риш акс гирифта шудаанд",-афзудааст Раёсати пулиси Тошканд.

Раёсат дар шарҳи боздоштҳои бозори "Малика" гуфтааст, дар бозори мазкур дар доираи як парвандаи марбут ба ҳолатҳои дуздии телефонҳо амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён дошт. ​"Мутаассифона ин гуна ҳолатҳо ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Бархе аз сокинон новобаста аз шакли зоҳирияшон барои суҳбат даъват шуданд. Ҳарчанд бояд иқрор кард, ки шумори афроди ришдор дар бозор хеле зиёд аст",-омадааст дар изҳорот.

Бинобар ин, ба сокинон тавсия дода шудааст, ки симои худро дар шакле нигаҳ доранд, ки дар шиносномаҳо омадааст. Ба гуфтаи пулиси шаҳри Тошканд, боздоштҳои 23 ва 24 август ангезаҳои мазҳабӣ надоштанд.

Ёдрас мешавем, бархе аз соҳибкорони бозори "Малика" қаблан гуфта буданд, ки кормандони пулис дар ҷараёни як амалиёт садҳо марди ришдорро боздошт карда ба шуъба бурданд ва танҳо пас аз тарошидани ришашон онҳоро озод карданд.

XS
SM
MD
LG