Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории як мақомдори рус барои аксҳои урёнаш дар Playboy


Анна Ануфриева дар ҳукумати Тюмен кор мекард
Анна Ануфриева дар ҳукумати Тюмен кор мекард

Анна Ануфриеваи 27-сола, корманди ҳукумати Тюмени Русия, ба орзуи деринааш расид, вале мақомашро аз даст дод. Вай бо тани урён акс гирифт ва ин тасвирҳоро ба озмуни "Духтари сол – Playboy 2019" фиристод.

Рӯзи дигараш аксҳои ин мақомдори ҷавон дар интернет пахш шуд ва мутахассиси харидҳои давлатӣ дар вилояти Тюмен маҷбур шуд, аз мақом канор равад. Ануфриева, ки донишгоҳи мудирияти давлатиро хатм карда, собиқаи панҷсолаи кор дар ниҳодҳои давлатиро дошт, ду моҳ баъди барканорӣ барои худ кор пайдо карда наметавонад.

Дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо “Сибирь.Реалии”, ки вебсайти марбут ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аст, Ануфриева рӯзи 28-уми август гуфт, кор дар сохторҳои давлатӣ барои ӯ як ифтихор буд. Вале айни замон афзуд, дар хурдӣ орзуи журналист, нависанда ва модел шуданро дошт.

Анна Ануфриева мегӯяд, қарори аксгирӣ бо тани урён замоне ба сараш омад, ки “дар ҳолати бади равонӣ буд” ва дар Маскав барои худ даври фотосессия фармоиш дода, аз Тюмен ба пойтахти кишвар рафт. “Ман аз бадани худ розӣ ҳастам ва бисёр мехостам, ки акси онро бигирам. Дурудароз аксбардори муносибро ҷустуҷӯ мекардам. Дархост кардам, ки як чизе бештар аз як инсони зебо дуруст кунад”, -- афзуд ӯ

Вай барои се соати аксгирӣ 5 ҳазор рубл пул додааст. Рӯзи 12-уми май аксҳоро дастрас карда, рӯзи дигараш яке аз онҳоро дар Инстаграм гузошт. Дар ҳамон ҷо таблиғи ширкат дар фотосессияи “Духтари сол – Playboy 2019”-ро пайдо карда, ба он ҷо аксҳои худро фиристод.

Ӯ мегӯяд, аксҳояшро зуд нашр карданд ва бо ҳамон суръат ҳам дар ҷойи кораш дар ин бора огоҳ шуданд. Дар натиҷа, раиси шӯъба Ануфриеваро даъват карда гуфт, ки ин аксҳояш ғайриахлоқӣ мебошанд.

Анна Ануфриева
Анна Ануфриева

Соли ҷорӣ моҷарое бо барканории омӯзгоре дар Барнаул низ баҳси зиёд эҷод кард. Як муаллима дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси худро бо домани кӯтоҳ ва либоси шиноварӣ нашр карда, барои чунин рафтори, ба қавли мақомот, хилоф бо меъёрҳои ахлоқии як корманди давлатӣ, аз кор ронда шуд.

Ануфриева мегӯяд, аксҳояшро дар соатҳои берун аз кор гирифта нашр кардааст ва бо ин кораш ба ҳеҷ сурат “коре накардааст, ки ба давлат зиён оварад”.

Анна Ануфриева мегӯяд, машғулияти аксгирӣ кори хусусии ӯ буд ва ҳеҷ рабте ба кор ва ё вазифаҳои давлатиаш надошт. Ӯ мегӯяд, ҳар кас ҳақ дорад дар вақти холии худ мувофиқи табъи дилаш коре бикунад ва ин чиз набояд ҳамчун хилофкорӣ арзёбӣ шавад.

Ҳоло, ба қавли Анна Ануфриева, ӯро ба ҳеҷ як сохтори давлатӣ ба кор намегиранд ва дар як корхона рӯирост ба ӯ гуфтанд, ки рафтораш барои як коргари давлатӣ муносиб нест.

Ҳоло ин зани ҷавон мегӯяд, ки мехоҳад як намоишгоҳи аксҳои коргарони давлатиро дар ҳолати урён ва бидуни намоиши чеҳраҳояшон ташкил кунад. Мегӯяд, аз ин роҳ мехоҳад ба мақомдорон нишон диҳад, ки аксҳои урён ҳеҷ бадие надоранд ва коргарони давлат ҳам инсонанд ва орзуҳои заминӣ доранд.

XS
SM
MD
LG