Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон дувум шуд


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки 28-уми август дар шаҳри Нурсултон ба поён расид, мақоми дувумро касб намуд ва барандаи медалҳои нуқра гардид.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии ниҳоӣ аз мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки барои бори дувоздаҳум доир гардид, бар ҳамсолонашон аз Арманистон ва Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғолиб омада, дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намуда буданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои ҷойи дувум ба ҷуз аз медалҳои нуқра бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 000 доллари ИМА сарфароз гашт. Дастаи ғолиб – мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) - бо медалҳои тилло ва 7 000 доллари ИМА мукофотонида шуд. Ба мунтахаби наврасони Литва (U-17), ки ҷойи севумро гирифт, медалҳои биринҷӣ ва 3 000 доллари ИМА тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ аз рӯи натиҷагирии мусобиқа бо ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгари Ҷоми президенти Қазоқистон сарфароз гашт.

Ҷоми президенти Қазоқистон-2019

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Арманистон (U-17) – Қирғизистон (U-16) – 2:1

Бозӣ барои ҷойи севум

Қазоқистон (U-16) – Литва (U-17) – 2:3

Финал

Қазоқистон (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 3:0

Шарҳҳоро бинед (2)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG