Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Қирғизистон бори 13-ум бо ҳам рақобат мекунанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 5-уми сентябр, аввалин бозиашро дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин бозии гурӯҳи “F” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев ба ҳайати даста 25 бозигарро даъват намуда буд: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Дар ҳамин ҳол 23 бозигар дар ихтиёри мунтахаби миллӣ қарор дорад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳимоятгар Сиёвуш Асроров ва ҳамлагар Шаҳром Самиев ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дохил нашуданд.

Дар ҳамин ҳол дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор легионер – ҳимоятгар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон) ва ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия) – тамрин мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили Қирғизистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Дилшод Додобоев («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (ҳарду аз «Кӯктош»), («Хатлон»), Илҳомҷон Баротов, («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Сармураббӣ - Усмон Тошев (Узбекистон).

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев, ки 23-юми сентябр 54-сола мешавад, тамринҳояшро шоми имрӯз, 4-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба анҷом мерасонад.

Нархи билети бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон 10 сомонӣ муқаррар шудааст. Инчунин хоҳишмандон метавонанд билетҳои минбари VIP-ро, ки нархаш 100 сомонӣ мебошад, харидорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон аз ин пеш бо ҳам дувоздаҳ бор рӯбарӯ шудаанд. Дар ҳафт бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд, се дидор бо пирӯзии футболбозони қирғиз хотима ёфта, ду бозӣ мусовӣ шудааст. Таносуби тӯбҳо 18-11 ба нафъимунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон:

Мусобиқоти байналмилалӣ

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:1

Голи Тоҷикистон: Тоҳирҷон Муъминов, 85.

8 июни соли 1993 Теҳрон, Эрон

Мусобиқоти байналмилалӣ

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Константин Ерофеев, 67.

15 апрели соли 1994, Тошканд, Узбекистон

Ҷоми Осиё-2000. Мусобиқоти интихобӣ

Тоҷикистон – Қирғизистон – 3:2

Голҳои Тоҷикистон: Тоҳирҷон Муъминов, 6, 11, аз пеналтӣ, Ораз Назаров, 57.

5 августи соли 1999, Душанбе, Тоҷикистон

Қаҳрамонии ҷаҳон-2006. Мусобиқоти интихобӣ

Қирғизистон – Тоҷикистон – 1:2

Голҳои Тоҷикистон: Пирмурод Бурҳонов, 31, 54.

18 феврали соли 2004, Бишкек, Қирғизистон

Қаҳрамонии ҷаҳон-2006. Мусобиқоти интихобӣ

Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Юсуф Рабиев, 19, Мансур Ҳакимов, 37.

13 октябри соли 2004, Душанбе, Тоҷикистон

Ҷоми даъвати AFC-2006. Қисми ниҳоӣ. Марҳилаи гурӯҳӣ

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:1

6 апрели соли 2006, Дакка, Бангладеш

Ҷоми даъвати AFC-2006. Қисми ниҳоӣ. Нимфинал

Тоҷикистон – Қирғизистон – 2:0

Голҳо: Юсуф Рабиев, 51, 90.

13 апрели соли 2006, Дакка, Бангладеш

Ҷоми даъвати AFC-2012. Мусобиқоти интихобӣ

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Руслан Сиддиқов, 88 – ба дарвозаи худ.

21 марти соли 2011, Мале, Молдив

Ҷоми даъвати AFC-2014. Мусобиқоти интихобӣ

Қирғизистон – Тоҷикистон – 1:0

21 марти соли 2013, Бишкек, Қирғизистон

Бозии дӯстона

Қирғизистон – Тоҷикистон – 1:4

Голҳои Тоҷикистон: Нуриддин Давронов, 6, Дилшод Восиев, 28, Фарҳод Тоҳиров, 32, Соҳиб Саванқулов, 40.

15 октябри соли 2013, Бишкек, Қирғизистон

Қаҳрамонии ҷаҳон-2018. Мусобиқоти интихобӣ. Даври дувум

Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:2

Голҳои Тоҷикистон: Манучеҳр Ҷалилов, 65, Аҳтам Назаров, 71, аз пеналтӣ.

8 октябри соли 2015, Бишкек, Қирғизистон

Қаҳрамонии ҷаҳон-2018. Мусобиқоти интихобӣ. Даври дувум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:1

Голҳои Тоҷикистон: Манучеҳр Ҷалилов, 65, Аҳтам Назаров, 71, аз пеналтӣ.

29 марти соли 2016, Душанбе, Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби Қирғизистон, ки шаби 3-юми сентябр ба Душанбе омад, шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе таҳти раҳбарии мутахассиси русиягӣ Александр Крестинин, ки 19-уми сентябр 41-сола мешавад, тамрин мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Қирғизистон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Валерий Кашуба, Павел Матяш, Кутман Қодирбеков (ҳарсе аз КФ «Дордой»);

Ҳимоятгарон: Тамирлан Козубаев («ПКНС», Малайзия), Мустафо Юсупов, Азамат Бойматов, Александр Мишенко, Айзар Акматов (ҳарчор ах КФ «Дордой»), Андрей Долженко (КФ «Илбирс»);

Нимҳимоятгарон: Аҳлидин Исроилов (бе бошгоҳ), Бахтиёр Дуйшобеков («Башундхара Кингз», Бангладеш), Эдгар Бернхардт («Кедах», Малайзия), Муролимҷон Ахмедов, Фарҳод Мӯсобеков, Жиргалбек уулу Кайрат, Бекжан Сагинбоев (ҳама аз КФ «Дордой»), Турсуналӣ Рустамов (КФ «Хуҷанд», Тоҷикистон), Одилҷон Абдураҳмонов (КФ «Олой»), Алимардон Шукуров («Болуспор», Туркия);

Ҳамлагарон: Абай Боколеев (КФ «Илбирс»), Виталий Люкс (КФ «Улм 1846», Олмон), Эрнист Батирканов (КФ «Дордой»), Мирлан Мурзаев (КФ «Доган Т.Б.», Кипри Шимолӣ).

Сармураббӣ - Александр Крестинин (Русия)

XS
SM
MD
LG