Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пардабардорӣ аз нишони Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар


Шаби 3-юми сентябр, соати 20.22 ба вақти Қатар ва соати 22.22 ба вақти Душанбе дар шаҳри Доҳа, тайи як маросими пуршукӯҳ нишони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол пардабардорӣ шуд, ки қарор аст соли 2022 дар Қатар баргузор шавад.

Саъдӣ Ворисов, пажуҳишгари расонаӣ дар сафорати Қатар дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳам соати 20 ва ҳам дақиқаи 22 рамзӣ буда, ба нишони Ҷоми ҷаҳонӣ ва соли баргузоршавии мусобиқот дар Қатар иртибот доранд.

Ҳазорҳо нафар маросими пардабардориро, инчунин дар биноҳои маъруфи 23 кишвари дигар, ки ҳамзамон дар экранҳои бузург намоиш дода мешуд, тамошо карданд.

Ин маросим ҳамзамон дар майдони “Лестер”, “Канэри Уорф”-и шаҳри Лондон, дар майдони “Сурх”-и шаҳри Маскав, майдони “Тайм Сквер”-и Ню Йорк, дар бурҷи шаҳри Кувайт, дар Лубнон, Порис ва дигар шаҳру кишварҳо низ намоиш дода шуд.

Нишони Ҷоми ҷаҳонӣ Қатар-2022 рақами 8-ро дар пасманзари ранги ҷигарӣ - ранги парчами Қатар бо зернависи англисӣ: “FIFA WORLD CUP QATAR 2022” дар худ дорад. Ранги сафеди рақами 8, ишора ба шоли кашмирие мекунад, ки бархе мусулмонҳо ва арабҳо дар фасли зимистон ба сар мекунанд - яъне фасли баргузории бозиҳои ҶҶ-2022. Дар ҳалқаи болоии рақами 8 хамидагие дида мешавад, ки ишора ба хами руймолҳои арабист.

Дар ҳалқаи болоии рақами 8 акси тӯб дида мешавад, ки болову поёнаш нуқта дорад. Ҳам нуқтаҳо ва ҳам кашиш дар ҳарфи “t”-и англисӣ дар номи Қатар ишора ба забони арабӣ доранд. Нақшҳои ҳалқаи поёнии рақами 8 баргирифта аз нақшу нигорҳои исломист.

Шакли нишон дар умум шакли Ҷоми ҷаҳонист, ки мутафовит аст ва инчунин ишора ба 8 майдони футбол дар Қатар дорад, ки барои мизбонии бозиҳои ояндаи Ҷоми ҷаҳонӣ омода мешаванд.

Муҳимтарин далолати рақами ҳашт, инчунин ба муҳаббати бепоёни байни мардуми гетӣ (infinity) аст, ки бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар эҷодаш саҳм доранд.

Ёдовар мешавем, ки Қатар моҳи декабри соли 2010 барои мизбонии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 баранда шуд.

XS
SM
MD
LG