Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии Тоҷикистону Қирғизистон. Тошев: Як вазифа дорем – пирӯз шудан. ВИДЕО


Бозии Тоҷикистону Қирғизистон. Тошев: Як вазифа дорем – пирӯз шудан
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Бозии Тоҷикистону Қирғизистон. Тошев: Як вазифа дорем – пирӯз шудан

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии аввалинашро дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 рӯзи 5-уми сентябр муқобили мунтахаби Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин бозии гурӯҳи “F” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ, ки рӯзи 4-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, гуфт, “мо ин бозиҳоро дер боз интизор будем, чигуна ки тавонистем омодагӣ дидем. Дар бозии фардоина мо як вазифа дорем – пирӯз шудан ва дилпурона ба пеш қадам задан. Бинобар ин, кӯшиш мекунем, ки мухлисонро хурсанд намоем. Фикр мекунам, ки даста ба бозӣ комилан омода аст.”

Ба иттилои Усмон Тошев, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар дохил аст, ки чаҳор нафарашон легионер мебошанд. Ҳимоятгар Хуршед Бекназаров ва ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов аз Индонезия, нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев аз Булғористон ва Амирбек Ҷӯрабоев аз Узбекистон даъват шудаанд.

Дастаи мунтахаби Қирғизистон таҳти раҳбарии мутахассиси русиягӣ Александр Крестинин муқобили мунтахаби Тоҷикистон ба майдон меояд. Ӯ дар ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, "пеш аз ҳама ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи гарму ҷӯшон ва шароитҳои хуб изҳори сипос менамоям. Мо ба бозӣ тибқи нақша омодагӣ дидем. Бозигарони мо руҳияи болида доранд. Бозиҳои мо хоҳ дар Душанбе ва хоҳ дар Бишкек ҳамеша шавқовару ҷаззоб сурат мегиранд. Умедворам, ки фардо низ бозии ҷолиб хоҳад шуд.”

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон аз ин пеш бо ҳам дувоздаҳ бор рӯбарӯ шудаанд. Дар ҳафт бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд, се дидор бо пирӯзии футболбозони қирғиз хотима ёфта, ду бозӣ мусовӣ шудааст.

Нархи билети бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон 10 сомонӣ муқаррар шудааст. Инчунин хоҳишмандон метавонанд билетҳои минбари VIP-ро, ки нархаш 100 сомонӣ аст, харидорӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG