Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик дар Нурсултон барои роҳхатҳои олимпӣ талош мекунанд


Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии варзишӣ, ки рӯзҳои 14-22-юми сентябр дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон – баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ (UWW), қаҳрамонии ҷаҳон дар Нурсултон мусобиқоти квалификатсионӣ ё интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио маҳсуб мешавад.

Шаш нафар беҳтаринҳо дар ҳар як вазни олимпӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ба дарёфти роҳхатҳо барои ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 варзишгар – 6 нафар аз рӯи гуштии озод ва 5 нафар аз рӯи гуштии юнонӣ-румӣ – шомиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии варзишӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019:

Гуштии озод
Муҳаммад Икромов (57 кг)
Ҷамшед Шарифов (61кг)
Абдулқосим Файзиев (65 кг)
Баҳодур Қодиров (86 кг)
Искандари Рустам (97 кг)
Фарҳод Анақулов (125 кг)

Гуштии юнонӣ-румӣ
Ислом Мазитов (60 кг)
Мубинҷон Аҳмадов (67 кг)
Ҳабибҷон Зуҳуров (72 кг)
Муҳаммад Исмоилов (77 кг)
Тоҳир Охонов (87 кг)

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод, ки бо раҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов 3-юми сентябр ба шаҳри Нурсултон сафар кард, то оғози қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Қазоқистон ба машғулиятҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта мешавад.

Дастаи мунтахаби гуштии юнонӣ-румӣ бошад, дар ҳамин ҳол таҳти раҳбарии сармураббӣ Фаррух Беков ба қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Душанбе омодагӣ мегирад.

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии варзишӣ аз рӯи 30 вазн – 10 вазн оид ба гуштии озод, 10 вазн оид ба гуштии юнонӣ-румӣ ва 10 вазн оид ба гуштии занон – баргузор мешавад, ки дар ҳар се намуд шашвазнӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст.

Барномаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Нурсултон


14-уми сентябр (шанбе)
Гуштии юнонӣ-румӣ
Даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал - 55 кг, 63 кг, 72 кг, 82 кг

15-уми сентябр (якшанбе)
Гуштии юнонӣ-румӣ
Даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал – 67 кг, 87 кг, 97 кг
Финал – 55 кг, 63 кг, 72 кг, 82 кг

16-уми сентябр (душанбе)
Гуштии юнонӣ-румӣ
Даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал – 60 кг, 77 кг, 130 кг
Финал – 67 кг, 87 кг, 97 кг

17-уми сентябр (сешанбе)
Гуштии занон
Даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал – 50 кг, 53 кг, 55 кг, 72 кг

Гуштии юнонӣ-румӣ
Финал – 60 кг, 7 7 кг, 130 кг

18-уми сентябр (чоршанбе)
Гуштини занон
Даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал – 57 кг, 59 кг, 65 кг, 76 кг
Финал – 50 кг, 53 кг, 55 кг, 72 кг

19-уми сентябр (панҷшанбе)
Гуштини занон
Даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал – 62 кг, 68 кг
Финал – 57 кг, 59 кг, 65 кг, 76 кг

20-уми сентябр (ҷумъа)
Гуштии озод
Даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал – 70 кг, 74 кг, 92 кг, 125 кг

Гуштии занон
Финал – 57 кг, 65 кг

21-уми сентябр (шанбе)
Гуштии озод
Даврҳои муқаддамотӣ ва нимфинал - 61кг, 79 кг, 86 кг, 97 кг
Финал – 70 кг, 74 кг, 92 кг, 125 кг

22-юми сентябр (якшанбе)
Гуштии озод
Финал – 61кг, 79 кг, 86 кг, 97 кг

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG