Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Русия


Баҳодур Усмонов
Баҳодур Усмонов

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон, ки 8-уми сентябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия шуруъ шуд ва то 21-уми сентябр идома меёбад, чаҳор муштзан аз Тоҷикистон ширкат доранд.

Чунонки сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) хабар додааст, дар мусобиқоти 20-уми қаҳрамонии ҷаҳон дар Екатеринбург 365 варзишгар аз 78 кишвар аз рӯи 8 дараҷаи вазнҳо – зери 52, 57, 63, 69, 75, 81, 91 кило ва беш аз 91 кило – рақобат мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ин мусобиқоти ҷаҳонӣ роҳро ба Олимпиадаи Токио-2020 намекушояд, зеро ки ба иллати муноқиша байни Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Федератсияи байналмилалии бокс муштзанҳоро лозим меояд, ба илова дар мусобиқоти квалификатсионӣ ё интихобӣ ширкат варзанд.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Екатеринбург чаҳор варзишгар – Бахтовар Сагизов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг) ва Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-75 кг) – намояндагӣ мекунанд.

Аз миёни муштзанҳои тоҷик аввалин шуда Мирзомуҳаммад Бахтиёр ба рақобат пардохт. Вале ӯ дар рӯзи аввали мусобиқот аз Ҷавиа Мартинез аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шикаст хӯрд.

Узви дигари мунтахаби Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев имрӯз, 10-уми сентябр, дар даври аввал бо Лиридон Нуҳа аз Шведсия қувваозмоӣ мекунад.

Бахтовар Сагизов 11-уми сентябр дар даври аввал бо Муҳаммад Ҳамоут аз Марокаш вориди рақобат мешавад. Баҳодур Усмонов 12-уми сентябр рақобати худро шуруъ менамояд. Рақибаш дар даври аввал Александр Железняк аз Украина мебошад.

Коршиносон аз муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов натиҷаҳои назаррасро интизоранд. Ин муштзани 21-сола дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи апрели имсол дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гардид, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ҳамчунин ӯ соли равон дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкеки Қирғизистон ва Отирави Қазоқистон медалҳои тилло ва дар Ҷоми президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Мақсади аслии ин муштзани ҷавони тоҷик дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токиои Ҷопон мебошад.

XS
SM
MD
LG