Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмон Тошев: Моро бозии душвор муқобили мунтахаби Ҷопон интизор аст  


Усмон Тошев
Усмон Тошев

Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон аз пирӯзии дастааш дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар меҳмонӣ бар мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби 1:0 гуфтааст, аз ҳама муҳим барои мо он аст, ки се имтиёз ба даст овардем ва дар гурӯҳ мавқеамонро дар ҷойгоҳи аввал нигоҳ доштем.

– Бозӣ осон набуд. Мо медонистем, ки мунтахаби Муғулистон дастаи хеле хуб ва пурқувват аст. Ҳамакнун моро бозии душвор муқобили мунтахаби Ҷопон, ки яке аз дастаҳои зӯртарини футболи осиёӣ маҳсуб мешавад, интизор аст. Мо ба ин бозӣ ҳамаҷониба омодагӣ мегирем", - изҳор доштааст Усмон Тошев дар нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми бозӣ доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки бозии гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби Муғулистон ва Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 10-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батор, дар Варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон доир гардид.

Голи ягонаро ҳимоятгар Давронҷон Эргашев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 81-ум, ба самар расонид. Зимнан, ӯ беҳтарин бозигари ин дидор эълон шуд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон бозиро муқобили Муғулистон бо даҳ нафар анҷом дод. Дар дақиқаи 85-уми бозӣ ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, ки корти дувуми зард гирифт, аз майдон хориҷ шуд.

Дар бозии дигари даври дувуми гурӯҳи "F", ки шоми сешанбе дар шаҳри Янгон доир гардид, мунтахаби Ҷопон бар дастаи мизбон – Мянмар – бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ин аввалин бозии ҷопониҳо дар ин мусобиқот ба шумор меравад.

Дар бозии аввалини гурӯҳи "F" мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва мунтахаби Муғулистон бар мунтахаби Мянмар бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада буданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи "F" дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум озод аст. Футболбозони тоҷик дар даври чаҳорум 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо мунтахаби Ҷопон рақобат мекунанд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Мусобиқоти интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи "F". Даври 2-юм

Муғулистон – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Давронҷон Эргашев, 81.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 53), Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов (Манучеҳр Сафаров, 87).

Огоҳӣ гирифтанд: Наранболд, Ҳанкҳуаг, Тсенд-Аюш (Муғулистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Искандар Ҷалилов (Тоҷикистон), 85 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

Сардовар: Ҳанно Хаттоб (Сурия).

Нозири доварон: Муҳаммад Ҳамад Ал-Совайл (Арабистони Саудӣ).

Комиссари бозӣ: Субраманиан Маникам (Малайзия).

10-уми сентябр. Улан-Батор. Варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон. 3455 тамошогар.

Мянмар Ҷопон – 0:2

Голҳо: Шоя Накаҷима, 16 (0:1). Такуми Минамино, 26 (0:2).

Огоҳӣ гирифтанд: Нанда Кяв, Зав Е Тун (Мянмар).

Сардовар: Аҳмад Яъқуб Иброҳим (Урдун).

Нозири доварон: Ҳусейн Аскари Милаҷердӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Патит Супҳафонг (Тайланд).

10-уми сентябр. Янгон. Варзишгоҳи «Тҳувунна». 25 500 тамошогар.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи “F

Ҷ

Дастаҳои мунтахаб

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

2-0

6

2

Ҷопон

1

1

0

0

2-0

3

3

Муғулистон

2

1

0

1

1-1

3

4

Қирғизистон

1

0

0

1

0-1

0

5

Мянмар

2

0

0

2

0-3

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Ҷопон – Муғулистон

Қирғизистон – Мянмар

Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Ҷопон

Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Ҷопон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG