Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти ду муштзани тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, аз чаҳор варзишгари тоҷик як нафар ба даври дувум роҳ пайдо кард, вале ду нафари дигар дар даври аввал шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Чунонки сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) хабар додааст, дар мусобиқоти 20-уми қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Екатеринбург 365 варзишгар аз 78 кишвар аз рӯи 8 дараҷаи вазнҳо – зери 52, 57, 63, 69, 75, 81, 91 кило ва беш аз 91 кило – рақобат мекунанд.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Екатеринбург чаҳор варзишгар – Бахтовар Сагизов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг) ва Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-75 кг) – намояндагӣ мекунанд.

Аз миёни муштзанҳои тоҷик аввалин шуда Мирзомуҳаммад Бахтиёр рӯзи 9-уми сентябр дар вазни зери 75 кило ба рақобат пардохт. Вале ӯ дар даври аввал аз Ҳавйер Мартинес аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев рӯзи 10-уми сентябр дар даври аввал дар вазни зери 81 кило бар Лиридон Нуҳа аз Шведсия бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Ӯ дар даври баъдӣ 15-уми сентябр бо Абдулраҳмон Салоҳ Орабӣ аз Миср рақобат хоҳад кард.

Боз як муштзани тоҷик Бахтовар Сагизов 11-уми сентябр дар даври аввал дар вазни зери 57 кило аз рақибаш Муҳаммад Ҳамут аз Марокаш бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов имрӯз, 12-уми сентябр, дар вазни зери 63 кило вориди рақобат мешавад. Рақибаш дар даври аввал Александр Железняк аз Украина мебошад.

Зимнан, Баҳодури 21-сола дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи апрели имсол дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гардид, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ҳамчунин ӯ соли равон дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкеки Қирғизистон ва Отирави Қазоқистон медалҳои тилло ва дар Ҷоми президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Мақсади аслии зӯртарин муштзанҳои ҷаҳон дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токиои Ҷопон мебошад. Вале мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Екатеринбург роҳро ба Олимпиадаи Токио-2020 намекушояд, зеро ки ба иллати муноқиша миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муштзанҳоро лозим меояд боз дар як мусобиқаи квалификатсионӣ ё интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳои олимпӣ мубориза баранд.

XS
SM
MD
LG