Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии самбои Осиё дар Деҳлӣ


Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон, бузургсолон ва самбои размӣ, ки рӯзҳои 13-15-уми сентябр дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуд, 11 медал (3 тилло, 1 нуқра, 7 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё варзишгарон аз 21 кишвар ширкат доштанд. Вай гуфт, "ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар шомил буд, ки 11 медал, аз он ҷумла се нишони тилло ба даст оварданд".

Мирзоҷамил Рамазонов дар сабқати мардон миёни бузургсолон дар вазни зери 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ ба Арнур Куатай аз Қазоқистон дастболо шуд.

Дар сабқати ҷавонон Шердил Алмосов дар вазни зери 74 кило ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Ӯ барои медали тилло дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҷамшедбек Бобохоновро аз Узбекистон шикаст дод.

Инчунин Саидиброз Икромов дар вазни зери 90 кило миёни ҷавонон, ки дар финал Шамил Шамшитовро аз Қирғизистон мағлуб кард, барандаи медали тилло гардид.

Ягона медали нуқраро Фирӯз Муъминов дар вазни зери 68 кило миёни ҷавонон соҳиб шуд. Ӯ дар финал аз Абулай Тугелбоев аз Қазоқистон мағлуб гашт.

Дар сабқати наврасон Муҳаммадҷон Зиёев (-48 кг), Комилҷон Ҳайдаралӣ (-56 кг) ва Субҳон Мирзомуродзода (-70 кг), дар рақобатҳо миёни бузургсолон Талабшо Мунавваров (-52 кг), Ҳамроз Раҷабов (-82 кг) ва Одилҷон Сафаров (+100кг), инчунин дар сабқати самбои размӣ Худоёр Раҷабзода (-68 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба самбо, ки моҳи майи соли гузашта дар пойтахти Муғулистон - Улан-Батор -баргузор шуд, Разавӣ Навбаҳоров танҳо варзишгаре буд Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Ӯ дар сабқати наврасон дар вазни зери 70 кило медали нуқра ба даст овард.

Варзишгарони тоҷик соли 2017 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд – 28 медал (5 тилло, 7 нуқра ва 16 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Мусобиқаи аз ҳама муҳиму бузурги имсола – қаҳрамонии самбои ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 8-10-уми ноябр дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG