Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cадама дар роҳи қатори Қазоқистон. Сокинон: Пули нав созед


Шаби 15-уми сентябр дар истгоҳи Шамалгани вилояти Алмаато як қатор ба мусофирбар бархӯрд. Дар садама як кас ҷон бохта, се тани дигар бистарӣ шуданд. Шаби 16-уми сентябр даҳҳо сокини Шамалган роҳи оҳанро баста, талаби сохтани пулро карданд.

Ба иттилои расмӣ, ронандаи автобус сарфи назар аз чароғаки сурх, рӯи роҳи оҳан баромада, дар натиҷа қатор бо суръати баланд ба мусофир бархӯрдааст.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, дар чорроҳаи роҳи мошингард ва роҳи оҳан мошини зиёде ҷамъ шудааст. Ба гуфтаи бархе аз шоҳидон, ронандаи мусофирбар ба далели банд будани роҳ натавонист ба пеш ҳаракат ва роҳи қаторро холӣ кунад.

Дар дохили автобус 67 мусофир ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои аввал, дар натиҷа як нафар -- ронандаи 40-солаи автобус ба ҳалокат расида, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

"Се мусофири захмии автобус - як зан ва ду кӯдак ба беморхона интиқол ёфтанд", - хабар додааст Департаменти пулиси Алмато. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё идораи воситаи нақлиёт" тафтишот оғоз шудааст.

"Ронандаи автобус ба бонги қатор нигоҳ накарда, ҳаракат кардааст", - изҳор дошт намояндаи Вазорати саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон.

Саҳифаи расмии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар Твиттер хабар дод, ки дар дохили автобус 67 кас қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG